Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЭҲТИЁТ ШАВЕД, «ЧИЛЛА»-И ТОБИСТОН! Дар Тоҷикистон ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво то ба 45 дараҷа мерасад Июнь 29, 2022 13:05

ЭҲТИЁТ ШАВЕД, «ЧИЛЛА»-И ТОБИСТОН! Дар Тоҷикистон ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво то ба 45 дараҷа мерасад Июнь 29, 2022 13:05

30-06-2022, 06:48
Хабарро хонданд: 169 нафар
Назарҳо: 0
ЭҲТИЁТ ШАВЕД, «ЧИЛЛА»-И ТОБИСТОН! Дар Тоҷикистон ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво то ба 45 дараҷа мерасад Июнь 29, 2022 13:05
Ҳавои гарм бо ҳарорати максималӣ дар Тоҷикистон то 3 июл боқӣ монда, дар водиҳо то 40-43 дараҷа, дар ҷануб то 44-46 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва дар ғарби ВМКБ то 33-38 дараҷа гарм мешавад. Дар робита ба баланд шудани ҳарорати ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш болоравии сатҳи об дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳаво дар Тоҷикистон тайи як ҳафтаи охир бисёр гарм аст. Сокинон мегӯянд, ки чунин гармиро дар оғози тобистон кайҳо боз надида буданд. Табибон ба мардум тавсия медиҳанд, ки бе зарурат аз хона набароянд.

Ба ибораи дигар, «чилла»-и тобистон ё «саратон» фаро расид. Ин давраи чилрӯза аз 25 июн то 5 август, аз рӯи анъанаи халқӣ, давраи гармои бебоди тобистон мебошад.

Дар фасли тобистон дар биёбонҳои гарм массаҳои ҳавои тропикӣ бо ҳарорати баланд ва намии паст ба вучуд меоянд, ки ҳавои камабр, хушк ва гармии миёнаи тобистонро муайян мекунад. Одатан, ҳарорати баландтарин ба давраи «чилла» рост меояд. Ҳамин тавр, имсол ибтидои «чилла» ба мавҷи аввали гармои имсола рост омад.


Дар ин рӯзҳои охири моҳи июн ҳавои гарм аз манотиқи Эрон тавассути Туркманистон ва Узбекистон ба қаламрави Тоҷикистон меояд. Дар робита ба ин ҳарорати максималии ҳаво то 40-45° ва аз ин ҳам баландтар, ҳарорати хок ба +60 — +70°С (!) мерасад.

Ҳавои гармтарин дар ҷануби Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҳукмфармост.

Ҳавои гарм барои онҳое, ки ҳанӯз омода нестанд ё ба ҳарорати баланди тобистон мутобиқ шуда наметавонанд, пеш аз ҳама, барои кӯдакон (хусусан барои кӯдакони то чорсола) ва одамони синну соле, ки қобилияти мутобиқшавии бадан, аз ҷумла терморегулятсияашон паст мебошад, бори гарон аст.

Сокинони Тоҷикистон аз қадимулайём дорои фарҳанги рафтор дар гармои шадид мебошанд.

Хабарнигорони АМИТ «Ховар» қоидаҳои оддии рафтор дар рӯзҳои гармро, ки аз коршиносон гирифтаанд, пешкаши хонандагон мегардонанд:

— кӯшиш кунед, ки дар зери нури бевоситаи офтоб кам гардед. Сарпӯш пӯшед ва метавонед аз чатр низ истифода баред;

— агар дар заминҳои наздиҳавлигӣ кор кардани бошед, пас онро то соати 11-и рӯз анҷом диҳед ва ҳатман танаффус кӯтоҳ низ кунед.

— ба қадри кофӣ моеъ бинӯшед, аммо на нӯшокиҳои сард аз яхдон, балки оби гарм ё аз ҳама беҳтараш чойи сабз;

— Бештар меваю сабзавот истеъмол кунед. Аз хӯрокҳои бисёр тунд ва равғанӣ худдорӣ намоед. Дар дӯконҳое, к ибо дастгоҳҳои сардкунӣ муҷаҳҳаз нашудаанд, маҳсулот харидорӣ накунед, зеро маълум нест, ки онҳо чӣ қадар дар офтоб буданд;

— дар рӯзҳои гарм либосҳоро аз матоъҳои табиӣ ва сабук интихоб кунед, беҳтараш бо ранги равшан. Вақте ҳарорати ҳаво аз +28 °C боло меравад, беҳтар аст, ки бе эҳтиёҷот берун набароед. Хусусан, вақте тобиши офтоб беҳад баланд аст — аз соати 11 то 17;

— дар авҷи гармӣ худро бо фаъолияти ҷисмонӣ азият надиҳед. Тавре мутахассис шарҳ дод, дар вақти гармӣ рагҳои дар пӯст ҷойгиршуда васеъ мешаванд, набз ва нафаскашӣ тез мегарданд. Аксар вақт фишори хун паст мешавад. Аммо механизми асосии танзими ҳарорати бадан ҷудокунии арақ аст, ки бо гармии аз ҳад баланд зиёд мешавад. Масалан, дар ҳарорати ҳаво то +30 °C ва болотар аз он, арақкунӣ 4-5 маротиба зиёд мегардад. Дар рӯзи гарм, талафоти намӣ бо бори миёнаи ҷисмонӣ дар ҳаво аз 2 то 6 литрро ташкил медиҳад. Ва ин аллакай боиси камобӣ дар бадан мегардад;

— дар рӯзхои гарми тобистон одамон бо оббозӣ мераванд. Аммо ҳатто дар ин ҷо низ нозукиҳо мавҷуданд. Илова ба қоидаҳои маъмулан қабулшудаи рафтор дар об, фаромӯш набояд кард, ки оббозӣ дар субҳ ё шом беҳтар аст. Ғайр аз он, ҳарорати об набояд аз +17 …+19 °С паст бошад (дар ҳарорати сардтар будан хатарнок аст);

— дар чунин ҳаво ҳеҷ чиз ҷойи души контрастиро гирфита наметавонад. Агар шумо онро дар давоми рӯз карда натавонед, субҳу шом аз чунин роҳат худро маҳрум насозед;

— дар дохили бинои дорои кондитсионер зери мавҷи мустақими ҳавои хунук нанишинед ва кондитсионерро дар ҳарорати на кам аз 18 дараҷа монед;

— Шахсони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо дар мавриди истеъмоли доруҳо бояд ба табиб муроҷиат намоянд.

АМИТ "Ховар"
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: