Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» Русия Туркияро ба «ҳимояти ошкорои террористон» айбдор кард

Русия Туркияро ба «ҳимояти ошкорои террористон» айбдор кард

7-03-2016, 12:03
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Русия Туркияро ба «ҳимояти ошкорои террористон» айбдор кард
Туркия ҳимояи ошкорои террористон дар Сурияро идома медиҳад, гуфт раҳбари Маркази русиягии оштидиҳии ҷонибҳои даргир дар Сурия генерал-лейтенант Сергей Кураленко.

Ба гуфтаи вай, тақрибан ба таври шабонарӯзӣ аз марзи Туркия ба самти минтақаҳои таҳти назорати гурӯҳҳои террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» ва "Аҳрор Аш-Шамъ" мошинҳои боркаши ҳомили мавод ва силоҳ убур мекунанд.

Мухолифони суриягӣ бар ин назаранд, ки амалкарди нерӯҳои содиқ ба президент Башор Асад ба оташбас таҳдид мекунад, зеро онҳо ҳамла ба мавзеъҳои ошӯбгаронро идома медиҳанд.

Фаронса дар бораи ҳолатҳои ҳамла ба ҷангиёни гурӯҳҳои мухолифи суриягӣ хабар медиҳад. Ин ҳамлаҳо шартҳои барои оташбас муайянкардани Русия ва ИМА-ро вайрон мекунанд.

Пештар котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуфта буд, ки ҳамаи ҳолатҳои поймол шудани шартҳои оташбаси Сурия назорат мешавад ва ҳоло асосе нест, ки оташбас ноком шумурда шавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: