Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: Имрӯз ҳарорат дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ба 36 дараҷа мерасад Июнь 7, 2022 08:10

ОБУ ҲАВО: Имрӯз ҳарорат дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ба 36 дараҷа мерасад Июнь 7, 2022 08:10

7-06-2022, 14:19
Хабарро хонданд: 86 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: Имрӯз ҳарорат дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ба 36 дараҷа мерасад Июнь 7, 2022 08:10
ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 июн дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Ҳарорат рӯзона дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ба 34-36 дараҷа мерасад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+4 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: