Мақола: Қаблан дар маводҳо, ки дар васфи озодиву ваҳдату сулҳ таҳия шуданд арз доштем, ки аввалин ва маҳбубтарин дастовард барои миллати тоҷик ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ мебошад ва ин муқаддасот дар сатри аввали арзишҳои умумимиллӣ ҷойгоҳи аъло касб кардааст. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт.» Дар ҳақиқат истиқлолият ва озодӣ барои миллат ва рушди ҳамаҷонибаи он, худшиносӣ ва худогоҳӣ мусоидат намудааст. Имрӯзҳо мо дида истодаем, ки дар таърихи идораҳои давлатҳои дунё кам нестанд миллат ва халқиятҳое, ки барои ба даст овардани озодии давлатӣ кӯшиш намуда истодаанд, вале ин барояшон муяссар нагаштааст. Мисоле метавон аз каталонҳо, курдҳо, оғузҳо ва дигар миллатҳоро овард.
Марҳилаи баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ каме душвортар барои миллати тоҷик арзи ҳастӣ кард, зеро дар ин миён ҷанги шаҳрвандӣ таҳмил шуд. Ҷанги шаҳрвандӣ мардумро пароканда карда ба ягдигар душман сохт ва махсусан хатари нестшавии давлати тоҷикон пеш омада буд, ки борҳо Пешвои миллат дар ин маврид суханронӣ намудаанд: «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард.» Ба ҳамин хотир ваҳдати миллиро метавон дастоварди кишварсоз номид.
Ростӣ тоҷикистониёнро ваҳдати миллӣ ба ҳам овард, сарҷамъу муттаҳид кард ва мардум бо умеди ояндаи дурахшон, бо истифодаи иродаи қавии якдигар қадамҳои устувор гузоштаанд. Ин аст азми азими халқи бузургвори мо!
Рисолати муттаҳидӣ низ дар таърихи инсоният ҳамчун падидаи рушд барои расидан ба ҳадафҳои созандаву нек мусоидат намудааст. Зеро парокандагӣ ҳамешагӣ низоъро тавлид кардааст ва дар кишваре, ки махсусан ба арзишҳои ҳамдиливу муттаҳидӣ эҳтиром надоранд он ҷо ҷангу ғурбат ҳамешагист. Арасту низ андешаи худро бобати масъалаи ҷудоихоҳӣ баён намудааст: “Ҷудогона, мо заифтар ба назар мерасем ва дар бештари вақт моро бо ин аҳвол шикаст медиҳанд, аммо агар инсоният муттаҳид бошад ба як воҳиди ягона табдил ёфта, тавоно мегардад.”
Аз забони шоир Сафар Аюбзода оварданиям, ки чунин ишора дорад:
Меҳр гар дорему сулҳу дўстӣ,
Мурғи хушбахтӣ шавад ҳамболи мо.
Ба ҳамин хотир ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ, сулҳу субот ва амният барои мо муқаддас бояд бошад. Зеро мо бе ин арзишҳо комил нестем. Ифтихор бояд дошта бошем, ки чунин арзишҳо насиби моён гаштааст. Ва боиси қайд астт, ки дар ба даст овардани ин муқаддасот нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосӣ аст. Зеро фарзанди фарзонаи миллат бо дарк ва фаҳмиши оқилона ва меҳанпарваронаи хеш барои ба даст овардани ин неъматҳои ноёб кӯшидаанд. Шоир Алимуҳаммад Муродӣ гуфтааст:
Буд киштии тақдири Ватан саргардон,
Дар баҳри ҳаводиси балову тӯфон .
Сад шукр ба бандари наҷоташ овард,
Чун ҳазрати Нӯҳ Эмомалии Раҳмон.
Ё дар васфи ваҳдат устод Ҳақназар Ғоиб чунин сароидаанд:
Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи идонаи ваҳдат,
Шароби арғувон нӯшед аз паймонаи ваҳдат.
Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ,
Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи ваҳдат.
Бигзор ваҳдати сартосарӣ дар кишвари азизи мо ҳазорсолаҳо ҳукмфармо бошаду халқи тоҷик муттаҳиду сарҷамъ ва ҳамеша хушнудию хурсандӣ ба коми дили ҳамаи пиру барнои Тоҷикистони азиз бошад.
М.Ниёззода Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол