Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ФАВВОРАҲОИ ГУНГ ГЎЁ МЕШАВАНД?

ФАВВОРАҲОИ ГУНГ ГЎЁ МЕШАВАНД?

25-05-2022, 14:04
Хабарро хонданд: 208 нафар
Назарҳо: 0
   ФАВВОРАҲОИ  ГУНГ  ГЎЁ МЕШАВАНД?
(Ба таваҷҷуҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МИҲД ноҳияи Синои шаҳри Душанбе)
Дар махзанҳои илмӣ омадааст, ки “фаввора” ё “фонтан” аз калимаи итолиёвӣ “fontana” гирифта шудааст. Бо забони лотинӣ бошад, онро “fons” мехонанд, яъне чашма ё маънои манбаъро дорад. Ин сатрҳо маънои онро надорад, ки гузаштагони соҳибтамаддуни мо дар санъати меъморӣ аз истифодаи фаввораҳои фиребоназар дар канор будаанд. Фаввора аз қадим дар меъморӣ иншооти махсус буда, барои ба боло бардоштан ё шоридани шакли зебоӣ об мувофиқ гардонида мешудааст. Фаввораҳоро аввалҳо дар болои сарчашмаҳои табиӣ месохтанд. Агар саҳифаҳои рангини таърихро варақгардон намоем, аввалин фаввораҳо танҳо дар қасру кушкҳо ва боғу гулгаштҳои дарбори подшоҳон ба назар мерасид, зеро барои насби он дарёфти сарчашмаи табиӣ зарур буд. Минбаъд фаввораҳоро дар ҷойҳои дилхоҳ сохта, обро тавассути қубурҳо меоварданд. Дар шарқ бештари фаввораҳо дар Ҳинду Чин мавҷуд будааст. Дар Осиёи Миёна низ фаввораҳо аз қадим маъмул буданд. Боиси таассуф аст, ки бештари шаклҳои олии он дар давраҳои тохтутозҳо рў ба нестӣ овардааст. Аз сарчашмаҳои хаттӣ маълум мегардад, ки ҳанўз қарни 15 дар Самарқанд “Боғи нав” ном мавзеи дилрабое бо фаввораҳо, сардоба ва шаршараҳо зинат ёфта будааст, вале аз он то даврони мо асаре боқӣ намондааст. Дар Тоҷикистони азизи мо фаввораҳо баъди Инқилоби Октябр дар назди биноҳои фарҳангиву маъмурӣ ва боғу гулгаштҳо арзӣ ҳастӣ намудаанд. Аммо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар намунаҳои олии он корбурд гардид. Хосатан дар шаҳри Душанбе навъҳои муосири он дар шаклҳои рақсиву ранга ва гўё арзи ҳастӣ намуд, ки кас наметавонад васфи кадоме аз онҳоро рўи саҳфа биёрад. Фаввораҳои бошукўҳи Майдони 800-солагии Москва ё танҳо баъди соли 2008 бо таври куллӣ бозсозӣ шудани Боғи устод Рўдакӣ он ба як мавзеи сарсабзу гуворо табдил ёфта, дорои 1840 дарахтони нодири ороишӣ, 4105м2 гулгаштҳо, 8661м2 чаманзор, 42667м2 роҳраву ҷодаҳо ва танҳо дар ҳамин боғ 41 ҳавзу фаввораҳо эъмор шудааст. Имрўзҳо дар пойтахти кишвар шумораи бемаҳдуди фаввораву шаршараҳо дар назди ҳама гуна бинову иншоот ва боғу гулгаштҳо ҷавобгўй ба тамоми санъати меъмории муосир қомат афрохта, хосатан дар фасли гармо ба сокинону меҳмонони пойтахт мавзеи беҳтарини истироҳат ва тамошо гардидааст. Дар ин радиф, дар ноҳияи Сино низ фаввораҳои зиёде ба ҳусни пойтахти азизамон ҳусни нав зам менамояд. Дар худи як мавзеъ, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир асту дар саҳни ин ду бинои муҳташам се фаввораи рангину назаррабо ба роҳгузарону меҳмонон ҳаловати тоза мебахшад. Аммо дар шафати дигари роҳ Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраев ҷойгир асту бо ибораи мардумӣ “Як бому ду ҳаво”-ро мемонад. Дар саҳни ин ду идораи маъмурии давлатӣ, ки самти фаъолияташ аз волоияти қонуну ҳуқуқвайронкуниҳо бозгўӣ менамояд, дар фасли тобистон се фаввораи гўёву рақсон аз ҳисси баланди зебоипарастӣ дарак медиҳад. Аммо риққатовар он аст, ки саҳни Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраев, ки дорои фаввораҳои бузурганд, мутаассифона солҳост, ки сукут кардааст. Ин даргоҳест, ки онро метавон яке аз дарвозаҳои фарҳангии пойтахт номид, зеро ин даргоҳи муқаддас парвозгоҳи садҳо нафар бузургони ҷодаи илму фарҳанги кишвар буда, мизбони ҳақиқии ҳазорон нафар меҳмонони олиқадру фарҳангдўстӣ ватанамон маҳсуб меёбад. Филармония яке аз муассисаҳои консертии тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, солҳост, ки мухлисону меҳмонони хориҷиро бо ҳавзи хушку фаввораҳои гунг пешвоз мегирад. Фаромўш набояд кард, ки Филармонияи давлатии Тоҷикистон соли 1936 таъсис ёфта, ҳанўз соли 1941 барои инкишофи санъати мусиқии тоҷик бо ордени “Байрақи Сурхи Меҳнат” мукофотонида шуда буд. Ҳунармандони асили ин боргоҳ санъати асили тоҷикро дар тамоми дунё муаррифӣ намудаанд. Ин даргоҳест, ки ҳамагуна зебоипарастӣ бояд сараввал дар ин ҷо муаррифӣ гардад. Дар чунин ҳол нигоҳ доштани ҳавзу фаввораҳои ин муассисаи бонуфузи мамалакат магар беэътиноӣ нисбат ба фарҳанги оламгири мо нест? Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе пайваста кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз нестӣ ҳастиеро офарида, гўшаеро ба биҳишти ҳақиқӣ табдил диҳанд, мутаассифона дар ин даргоҳ бошад фаввораҳои тайёрро рў ба нестӣ меоранд. Дар Тоҷикистоне, ки соҳиби сарчашмаҳову дарёҳои ҷонбахш аст, масъулин чӣ мегуфта бошанд? Ҳол он ки пешниҳодҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллати мо дар соҳаи об дар миқёси сайёра назир надоранд.
Акмалхўҷа Акрамов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: