Андешаҳо дар атрофи китоби тозанашри адиби хушкаломи тоҷик Тоҳири Муҳаммадризо «Муноҷот», Душанбе, нашриёти Адиб-2022
Ва ном гузоштани ин нигошта бо ин ном, андешаи на як мани хонанда, балки нигоҳи дилхоҳ хонандаи хушзавқи тоҷик ба қаламроҳи пурпечутоби ин адиби хушкалому хушбаёни маънирас буда, хонандаро водор месозад, ки вориди дунёи пур аз орзуҳои ў бигардад. Ин қаламкори дунёи пур аз ниёзи ормонҳои миллӣ, рўзгори ҷавонони охири солҳои ҳаштод ва навадуми садаи гузаштаи адабиёти тоҷикро мавриди гузориши бадеии хеш қарор дода, хонандаро водор месозад, ки бо чашми хирад он рўзгорро дар обгинаи борони ёдҳои ҷавонӣ бубинад ва дар ҳаёти дар пешистодаи хеш фирефтаи сароби орзуҳои дуруғин нагашта, бо садоқат ва ҳисси баланди ватансозӣ дар эъмори як ҷомеаи бузурги инсонсолорӣ саҳми хешро гузорад. Чун вазифаи аввалиндараҷаи адабиёт тарбияи инсони комил будааст, пас адиб вазифадор мебошад, ки дар роҳи тарбияи инсоният ба фардои дурахшон саҳми бузурги ватанхоҳиву ватансозиашро гузорад. Ҳамин зарурати таърихии ҳимояи манфиатҳои миллӣ, дар замони нави ҷаҳонишавӣ будааст, ки Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ва ҳисси баланди ватандорӣ, дар ҳама вохўриҳояш бо аҳли фарҳанг, адибон ва зиёиёни кишвар аз ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва созандагӣ суханронӣ намуда, аз онҳо даъват ба амал меорад, ки бо ҳар ваҷаб хоки диёр ва амнияту осудагӣ арҷ бояд гузошт. Истиқлолият, ки ифодагари озодии комили зеҳнӣ ва равонӣ мебошад, чун заминаи иттиҳоду якпорчагии мардуми саросари кишвар, дар тарбияи насли нави созанда мебояд нақши бозиде дошта бошад.
Адибон, аҳли фарҳанг, олимон ва зиёиёни кишварро мебояд, ки дар ҳамқадамӣ бо замони нав дар хидмати мардум бошанд. Адабиёт ифодагари ахлоқ ва суннатҳои аҷдодии ниёгонамон буда, ин ифтихор ба одати ҳаррўзии аҳли қалам ҳамнишин бояд бошад. Дар посух ба ин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат аҳли қалам ва эъҷоди кишвар ҳамқадами замон гардида, пуштибони ҳамешагии сиёсати фарҳангӣ ва инсонгароии ин абармарди таърихи навини миллат мебошанд.
Адибони хушзеҳну хушкалом ва башарсози насли нави адабиёти тоҷик, ки оғози солҳои ҳаштод ва охири солҳои навадуми садаи гузашта гом бар остонаи эътибори фарҳанги миллӣ гузоштаанд, бо ному насаби пурэътибори Аброри Зоҳир, Маҷид Салим, Тоҳири Муҳаммадризо, Сироҷиддини Икромӣ, Қурбони Аламшоҳ, Абдурауф Муродӣ, Равшани Махсумзод, Мираҳмади Амиршоҳ, Хуршеди Атовулло, Матлубаи Ёрмирзо ба саҳфаи адабиёти навини тоҷик рангу бўи тозае бахшидаанд. Тоҳири Муҳаммадризо, ки дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе, дар хонадони аҳли қалам чашм ба олами ҳастӣ кушодааст, аз дарди қалам огаҳии хеле хуб дошта, нигоштаҳояш зуд дар қалби хонанда ҷой гирифта, манзараҳои тасвираш фарогири олами пур аз назокати Душанбеи азиз мебошад. То интишори ин маҷмўа, адиби тозаэҷод ва хушкалом Тоҳири Муҳаммадризо бо силсилаи ҳикояҳои пурмўҳтавояш бо унвони «Ишқи Парӣ», «Вуйд», «Ёрдор», «Амонат», «Чарх», «Руъёи Балотах», «Парвоз», «Даъват», «Корномаи қаландар» дар дили ҳазорон хонандагон соҳибмаъво гардида, нигоштаҳояш бо забонҳои русӣ, қазоқӣ, арманӣ, туркманӣ ва белорусӣ рўи чоп омада, ҳаводорони зиёдеро берун аз кишвар низ пайдо намудааст. Маҷмўаҳои «Ишқи Парӣ»-интишороти Ирфон – 1999, «Чарх»-интишори нашрияи Адиб 2005, «Фарёди кўҳҳо», интишори нашрияи Адиб-2011, «Парвоз» - интишори нашрияи Истеъдод-2014, романи «Рўзҳои Худо мегузаранд» - интишори нашрияи Адиб – 2014, «Фонарей волшебный свет» - интишори нашрияи Истеъдод – 2017 ва «Даъват» - интишори нашрияи Адиб – 2017 дар қаламрави адабиёти тоҷик соҳиби ҷойгоҳи хоси хеш мебошанд. Маҷмўаи тозаэҷоди нависанда, ки фарогири қиссаву ҳикояҳои ҷолиби пурмўҳтавои хонданбоби «Ғураи сармозада», «Ҷоду», «Муноҷот», «Зулмат», «Ҳар давру ҳар мард» буда, бо номи «Муноҷот» манзури хонандагон гардидааст, дар қаламрави адабиёти тоҷик шоистаи эътибори зиёди хонандагон мебошад. Қиссаи аввали маҷмўа, ки бо номи «Ғураи сармозада» манзури ҳушу гўши хонандагон гардидааст, саропо қиссаангез буда, дунёи ҳазорранги ҷавонӣ бо ҳама зебоӣ ва бурду бохтҳояш хонандаро вориди дунёи пур аз тазоди донишҷўи намуда, дар сурати қаҳрамонҳои қисса Умайро, Шамсия ва Хусрав худро мебинанд. Ҳама ҳаракатҳои қаҳрамонҳо ва рафти воқеаҳо бар чашми хонанда манзараҳоеро дар обгинаи рўзгори донишҷўӣ пеши рў меорад, ки хоса ҷавоне тўли панҷ соли донишҷўӣ пушти ин орзуҳо рўзгори ҳазорранги умри хешро гузаронидааст, ғарқи ёдҳои ширини он замон мегардад. Воқеият он аст, ки рўзгори донишҷўӣ дар қаламрави ҳаёти ҳар як ҷавон як саҳифаи пуробуранге мебошад, ки наметавон аз он фаромуш кард. Ҳама зебоӣ ва латофату назокати умр атрофи ҳамон лаҳзаҳои зеботарини умр ташнагӣ мешиканад. Сутуни эътибори рўзгори пурмоҷарои Умайро ҳамон лаҳзаи нахустошноӣ бо Хусрав буда, тамоми воқеаҳо атрофи он ба вуқуъ пайваста, хонандаро ба андеша водор намуда, маҷбураш месозад, ки роҳи дурустро интихоб намояд. Ҳама обуранги бадеӣ ва банду басти асар хонандаро шефтаи тасвирҳои он намуда, розҳои нуҳуфтаи орзуҳои ҷавониро бо орзуҳои ҳазорранги ҷавонӣ гиреҳкушоӣ намудааст. Шояд ҳамин бошад, ки адиб ба ин қисса номи пурмўҳтавои як шери пуршури шоири шаҳири миллат устоди зиндаёд Лоиқ Шералиро бо номи «Ғураи сармозада» номгузорӣ намудааст. Қиссаи «Ҷоду» низ чун «Ғураи сармозада» аз рўзгори Аласта ва Ораз қиссаи пурмоҷароеро манзури хонандагон намуда, рўзгори пушти пардагии мардуми кўҳистонро манзури дилу дидаи онҳо мегардонад. Ҳарчанд тарбияи одами нави замони Шуравии собиқ сеҳру афсунро афсона ва ҳурофот ном мебурд, вале воқият инро собит сохт, ки чунин амалҳои манфур дар ҳама давру замонҳо будааст. Одамони пастфитрат ва нафринзада бо роҳи сеҳру афсун касонеро мутеи худ гардонида, аз онҳо истифода намуда, оқибат онҳоро туъмаи найрангҳои хешашон менамоянд. Қиссаи «Ҷоду» ки аз чунин як рўзгори пурмоҷаро ба хонанда ҳикоят менамояд, моро водор месозад, ки дар зиндагӣ аз чунин бадандешон дар канор бошем. Бохабар будан аз асрори ниҳоии сеҳру афсун, пеши роҳи онҳоро гирифтан, шарти аввали одамият буда, башариятро аз ин разолат мебояд наҷот дод. Қиссаи «Муноҷот», ки саропо аз муҳаббат ва самимияти поки Ҳаким ва Савсан бар гўши ҷони хонанда ҳикоят менамояд, хонандаро вориди дунёи пурмоҷарои бинобар таъбири мардум «Каж дору марез» намуда, бо забони пур аз дард рўзгореро манзури хонандагон менамояд, ки саропо панди зиндагӣ мебошад. Худи матонат ҷасорат ва хиради азалии Ҳаким хонандаро мафтуни ў намуда, лаҳзае аз ў дур будан намехоҳад. Вале рашк, ки як падидаи ғализ ва бемаҳал мебошад, дар як лаҳза фариштаро ба дев табдил дода, ҳама шукуфоӣ ва хуррамиро помоли дард ва ранҷу кулфат менамояд. Воқеъаҳои қиссаи «Муноҷот» саропо аз дарди рўзгоре мебошад, ки ба ҳар як хонандаи ҳушманд ошно буда, манзараҳоро дар обгинаи ёдҳо мебинад. Муҳаббати поки Ҳаким ба Савсан, ки ҳангоми тифлӣ ва бачагӣ дар қалби поки онҳо рустааст вуҷуди Ҳакимро тамоми умр сўзондааст. Ба хотири ишқи поки Савсан Ҳаким тамоми умр дар моҷаро зиста, ҳамон тарзи ҳаётро барои худ интихоб намудааст. Воқеан қаҳрамонӣ ва матонату ҷасорати Ҳаким ҳама шурў қиём ва аз рашк девонагиҳояшро пушти пардаи номусу шарафи ҷавонмардӣ гузошта, наметавон ўро қаҳрамони манфӣ ном бурд. Ана ҳамин ҳунари баланди нависанда хонандаро шефтаи тасвирҳояш намуда, ўро водор месозад, ки то ба охир ҳамроҳи қаҳрамонаш бимонад. «Муноҷот» ном гузоштани ин қисса аз ҷониби адиби хушкалом Тоҳири Муҳаммадризо на танҳо рамзӣ, балки воқеияте ҳаст, ки аз оғоз то ба анҷом бо як рангорангии бадеӣ бо он рангу бори зиёде бахшидааст. Қиссаи «Зулмат» ки аз рўзгори ҷавонони оғози солҳои навадуми садаи гузашта қисссаҳои фоҷеабори гўшношунидро манзури хонандагон менамояд, хеле ватанхоҳона ва башардўстона рўи саҳфа омадааст. Ба ибораи дигар, ин қиссаи замони истиқлол ва бедории миллӣ аз воқеаҳои сангини он рўзгор аз номи қаҳрамонҳои асосии воқеа Робия ва Мардон қиссаҳои ҷолиберо манзури хонандагон мегардонад, ки саропо ифтихори ватандорист. Образи Робия дар асар хеле пуробуранг ва бо ҷасорату матонат рўи саҳфа омада, нависанда тавонистааст, дар сурати ин дилбар ин духтар, ин зан ва ниҳоят ин модар аз матонат ва қаҳрамонии модари тоҷик қисса менамояд. Ва бо он ки Мардон паҳлавони варзида буд ва эътибори баланди варзишӣ дошт, дар набарди рўзгор пеши воқеаҳои давр хеле бечора буд. Силаҳшурҳо ки ҳама тавоноияшон дар бераҳмӣ ва сангдилӣ маълуми ҳамагон буд мардумро мутеи амри худ намуда, бо зулм ва истирдод болои мардуми бечора ҳукумат менамуданд. Ин беҳокимиятӣ ва нофармонӣ, ки рўзгори солҳои 1991 ва 1992 дар минтақаи Ваҳдат ва атрофи он ҳукмфармо буд, нависандаро водор сохт, ки рўзгори он шабу рўзи мардумро дар каломи бадеӣ рўи саҳфа биёрад. Ана ҳамин тавр, Робияи ҳамшираи шафқат бо матонату қаҳрамонӣ аз адолат пуштибонӣ намуда, мардони паҳлавонро аз чанголи гургон раҳоӣ бахшид. Робия дар чанд рўзи дар Душанбе буданаш, дар курсҳои такмили ихтисос шоҳиди воқеаҳои гушношуниде гардид, ки касе тоқати шунидани онҳоро надошт. Чӣ расад ба дидану дар гирдоби он балоҳо зистан. Қиссаи «Зулмат», ки фарогири дард ва ранҷи мардум, дар замони оғози истиқлол ва хуруҷи гурўҳҳои бефармон бар гўши ҷони хонандагон қиссаҳои пурсўзро ҳикоят менамояд, гувоҳи роҳи пурпечутоби истиқлолхоҳони кишвар мебошад. Ин қисса воқеияти таърихии барои хонандагон дорои аҳамияти баланди ватансозӣ буда, муҳаббат ва самимияти адибро ба Ватан нишон медиҳад. Қиссаи охирини китоб, ки бо номи «Ҳар давру ҳар мард» манзури хонандагон гардидааст, бар гўши ҷони хонанда аз рўзгори имрўзаи ҷавонони кишвар қиссаи ҷолиберо ҳикоят менамояд. Қаҳрамонҳои ин қисса ҷавонони замони нав рўзгори ба ибораи мардум (онлайн) Галя, Гуля, Шаҳирёр, Илҳом, Майс ва чанди дигар мебошад. Воқеаҳои асоси атрофи Майс ва Илҳом ба вуқуъпайваста хонандаро ҳамнишини хеш мегардонанд. Воқеан замони нав, одами нав, андешаи нав на танҳо мардум, балки ҷомеаро ба ташвиш андохтааст. Замони кашфи кайҳон ва асрори ҳастии олам, замоне, ки ҳеҷ сири махфие намонда. Аз тариқи шабакаҳои иттилоотии ҷаҳон асрорҳое манзури оламиён мегардад, ки ақли солим дар дарки онҳо оҷиз мемонад. Қаҳрамонсозиву қаҳрамонбозӣ ба дасти шабакаҳои иттилоотии ҷосусӣ афтода, аз тариқи телефонҳои пуриқтидори моҳворавӣ дар як лаҳза тамоми ахбор ба гўши ҷаҳониён мерасад. Ин воқеияти таърихӣ тамоми оламро ба ташвиш овардааст. Қиссаи «Ҳар давру ҳар мард» воқеан охирин қиссаи китоби тозанашри адиб буда, ин қисса дар ҳамин рўзҳои зеҳни кайҳонӣ рўи чоп омада, нависанда аз забони қаҳрамони марказии қисса Илҳом хеле бомаврид мегўяд: «Шарқ шуълавар гашту Ғарб кабудгуна…». Олимон ҳастии Офардигорро инкор намуда, дар илм таркиши бузургро ҳисоб карда баровардаанд. Ба ақидаи онҳо олам аз ҳеҷ чиз пайдо нашудааст, аз як нуқтае таркида, воқеъ мегардад ва онҳо ба Худое эътиқод доранд, ки шуғли дўстдоштааш тарконидани ин ё он ҷирми осмонист. Каломи бадеъ, адабиёт ва санъати нафиса мақоми худро аз даст доданд.
Ҷои суханро адад гирифт. Ҳатто пулҳои сабзу кабуду сурх бо ададҳои ноаёни барқӣ табдил меёбанд. Хишти бунёди ҷомеаи ҷадиди шабакавӣ гузошта мешаванд, ки сарвари он Зеҳни сунъӣ аст.
Барои ин давр кадом мард меояд?!
Воқеан дар назари хонанда ҷамъбасти ин қисса афсонаи нотамомеро мемонад.
Давоми ин қиссаро кӣ мегуфта бошад?
Дар маҷмуъ, китоби тозанашри адиби тозаэъҷоди хушқалами тоҷик Тоҳири Муҳаммадризо «Муноҷот» дар дунёи эҷоди бадеии тоҷик шоистаи арҷгузории аҳли калом ва хонандагони хушзеҳни тоҷик мебошад.
Ҷ.Темурзода