АЗ РАВЗАНАИ ОШНОӢ23-04-2022, 14:36
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Муллозуҳур Тоҳирӣ чеҳраест ошно, табибест ҳабиб, рафиқест шафиқ, роҳбарест муҳиб. Аслан ў ба муаррифӣ ниёз надорад. Зеро саросари кишвар ўро ҳамчун як табибу олими пуркор мешиносанду эҳтиром менамоянд. Мавриди зикр аст, ки хизматҳои Муллозуҳур Тоҳирӣ дар ҷодаи таҳқиқу омўзиши тиби қадими ниёгон, кашфу ихтироот ва бозёфтҳо дар бахши гиёҳшиносӣ бағоят бузург аст. Чун дар остонаи ҷашни 70-умин солгарди мавлудаш устод меҳмони идораи нашрияи “Минбари халқ” гардид ва бо мо як суҳбати хубу хушу гуворо орост, мо худро муваззаф донистем, то қадри имкон аз пайроҳа то шоҳроҳ раҳпаймоии ўро ба насли нав ҳамчун намунаи олии як мактаби омўхтаниву ибратбахш муаррифӣ намоем. Муллозуҳур Тоҳирӣ 15 апрели соли 1952 дар ноҳияи Айнӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Овони тифливу даврони наврасиаш дар биҳиштоғўши ин сарзамини гулпўш гузаштааст. Давоми солҳои 1966-1970 шогирди Омўзишгоҳи тиббии шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) буд. Номбурда соли 1971 ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино супорида, сазовори номи донишҷўй гардид. Ҳамзамон, ба ҳайси фелдшери Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ба фаъолият пардохт. Соли 1977 Муллозуҳур Тоҳирӣ донишгоҳро бо ихтисоси табиби табобатӣ муваффақона хатм намуда, то соли 1981 ҳамчун табиби бемориҳои дил дар Табобатхонаи ҷумҳуриявии №3-и шаҳри Душанбе адои вазифа намуд. Меҳру муҳаббат нисбат ба касби интихобнамуда, ҷустуҷўйҳои нав ба нав ва омўзишҳои пайвастааш ўро зина ба зина боло мебурданд. Давоми солҳои 1981-1986 табиби бемориҳои қалб ва рўҳии Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил дар шаҳри Душанбе ва аз соли 1986 то соли 1989 ў ба ҳайси табиби бемориҳои қалб ва рўҳии Табоботгоҳи “Хоҷа Обигарм” фаъолияти назаррас дошт. Дар ин давра номи Муллозуҳур Тоҳирӣ вирди забонҳо гашта, ҳазорон ихлосмандон барои табобат аз ҳар гўшаву канори мамлакат ба суроғаш меомаданд. Истеъдоди фавқулодаи ин табиби навҷў боис гардид, ки соли 1989 ўро сардухтури санатория- профилакторияи “Сино”-и назди Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе таъин намоянд. Мавсуф аз соли 1991 то соли 2001 вазифаи директори ширкати тибии “Сино” ва сармуҳаррири маҷаллаи “Шифо”-ро адо намуда, аз соли 2001 вазифаи директори ҶДММ “Меҳри гиёҳ”-ро бар зимма дорад. Муллозуҳур Тоҳирӣ аз соли 2018 муассис ва раиси Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ Ин марди наҷиб аз соли 1971 то имрўз пайваста меомўзад ва дар ҷустуҷўст ва хушбахтона ин заҳматҳо самараи хуб ба бор овардааст. Дар соҳаи тиб, матбуот, фарҳанг ва мақомоти давлативу ҷамъиятӣ беш аз 48 сол хизматҳои арзандаву бесобиқа дорад. Саҳми арзандааш дар самти ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат алайҳи бемориҳои қалбу рўҳ, хосатан баҳри оммавӣ гардонидани тарзи ҳаёти солим ин мутахассиси кордон дар таъсису нашри маҷаллаҳои “Шифо”, “Ибни Сино – Тиб ва табобат” ва рўзномаи “Дарду дармон” ва барои баланд бардоштани маърифати тиббии мардум назаррас мебошанд. Муллозуҳур Тоҳирӣ номзади илмҳои тиб (2004), академики Академияи байналмилалии илмҳои ҷамъиятӣ ва гуманитарӣ (2003), академики проблемаҳои бехатарӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Россия (2006), аъзо- кореспонденти Академияи фанҳои технологии Россия (2009) дар шинохти гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон низ хизматҳои беназиреро ба сомон расонидааст. Дар истеҳсолу коркарди 10 намуд чойҳои шифобахш ва ду намуд чойи хушбўй, ду намуд дору ва истеҳсоли малҳами “Доктор Тоҳирӣ” басо заҳмат кашидаву муваффақ гардидааст. Ин олими навовар муаллифи беш аз 40 китоби илмиву оммавӣ буда, соҳиби 3 маҷмўаи ашъор ва зиёда аз 300 мақолаи илмӣ мебошад, ки дар гўшаву канори олам ба нашр расидаанд. Хизматҳои арзандаи ин фарзанди барўманди тоҷик бо нишонҳои “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр шудааст. Номбурда соҳиби унвонҳои “Беҳтарин табиби Россия” дар соли 2002, “Беҳтарин табиби ҳазорсолаи сеюм” (2003), “Беҳтарин табиби дунё дар соли 2004” буда, аъзо-корреспонденти Академияи фанҳои технологии Россия ба китоби рекордҳои Гиннес дар соли 2003, номбурда ба китоби рекордҳои муваффақиятҳои Россия соли 2008 дохил шудааст. Айни замон раиси Ассотсиатсияи тибби анъанавӣ ва табобати халқӣ, муассиси рўзномаи “Солимӣ дарозумрӣ” ва маҷаллаи муштараки Тоҷикистону Россия “Ибни Сино – Тиб ва табобат” мебошад. Муллозуҳур Тоҳирӣ барои хизматҳои арзандааш дар рушду нумўи соҳа бо медалҳои “Шавқат (2001), медали байналхалқии “Садоқат ба қасами Гиппократ” ва нуҳ медали соҳавии Федератсияи Россия мукофотонида шудааст. Муллозуҳур Тоҳирӣ дар ноҳияи Айнӣ бунёдгузори табобатгоҳи худ буда, ба ҳазорон нафар корафтодаву ихлосмандон дасти кўмак дароз намуда истодааст. Ин ҷо тарзи нави табобат бо технологияҳои муосир ба роҳ монда шудааст. Ў яке аз сирри муваффақиятҳои хешро аз сафарҳояш ба ҳар гўшаву канори олам ва ҳамнишину ҳамсуҳбат шуданаш аз олимони ҷаҳон медонад. Муллозуҳур Тоҳирӣ бо бузургтарин олимони олам робита дошта, аз ҳамдигар бозомўзӣ менамоянд ва аз таҷрибаҳои ҳамдигар бархўрдор мешаванд. БЕМОРИИ ТАБОБАТНАШАВАНДА НЕСТ Доктор Тоҳирӣ такрор ба такрор иброз медорад, ки бемории табобатнашаванда нест, ҳастанд бемороне, ки хоҳиши табобатро надоранд ва дар ин ҷода ин табиби номвар системаи солимгардонӣ ва дарозумриро бо усули хеш роҳандозӣ намудааст, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони ҳафтанома мегардонем: Ҳар рўз 1. Ҳар рўз пеш аз ғизо 500 мл ва пас 1 соати қабули ғизо 200 мл. оби ширгарм нўшед. Об беҳтарин дору аст. 2. Ҳар рўз 2 маротиба пеш аз ғизо як қошуқи ошхўрӣ асал истеъмол намоед. Як моҳ. 3. Ҳар субҳ 15-20 дақиқа ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шавед. Тамоми умр. 4. Ду маротиба дар як рўз 10-15 дақиқа бо машқҳои нафас машғул шавед. Тамоми умр. 5. Пиёда 4-10 км роҳ гардед. Тамоми умр. 6. То як кг сабзавот, меваҷот ва кабудӣ истеъмол намоед. 7. То 30-40 дақиқа ханда ва табассум намоед. Ханда ҳам доруст, инсонро табобат мекунад. 8. Ҳар бегоҳ 15-20 дақиқа рақс кунед. 9. Пеш аз хоб ба машқҳои худоромкунӣ машғул шавед. 10. Хоби бароҳат 7-8 соат. Вақти хоб 23:00, бедор шудан 6:00 мебошад. Ҳар ҳафта 1. Як рўз аз соати 8:00 то соати 20:00 хўрок нахўред. Ҳар соат 200г (як пиёла) об нўшед. Аз 2 то 3 литр. 2. Сулфати магний (намаки англисӣ). Ҳафтае як маротиба 40 г сулфати магнийро дар як литр об омехта, дар давоми 10 дақиқа нўшед. Тамоми умр. Ин намак ҷигар ва талхадонро тоза намуда, фишори хунро муътадил месозад. 3. Даҳонро пеш аз хоб ҳафтае бо маҳлули намакоб, ҳафтаи дигар бо сода ва ҳафтаи дигар бо равғани растанӣ чайқонида ғарғара намоед. Тамоми умр. 4. Бо истифода аз 6 литр оби ҳарораташ 37-38 дараҷа гарм 2-3 маротиба ҳуқна намоед. Тамоми умр. Ҳар моҳ 1. Ангишти фаъол (активированний угол), ду ҳаби (таблетка) 3 маротиба баъд аз хўрок истеъмол намоед. 5 рўз. 2. Як моҳ ҳар рўз 10 қатра (Перекис водорода 3%) дар 50 мл об омехта, 3 маротиба пеш аз хўрок нўшед. Соле як маротиба. 3. Дар 200г (як стакан) шир як қатра йод омехта пеш аз хоб нўшед. Давоми 10-15 рўз. 4. Рўзе 3 маротиба 2-донагӣ сирпиёзро пеш аз хўрок истеъмол намоед. Дар муддати 21 рўз. Ҳар се моҳ 1. Шарбати сабзавотро омода созед, тарзи тайёр намудани он чунин аст. Сабзӣ 200 гр, лаблабуи сурх 100 гр, шарбати каду 200гр, онҳоро якҷоя омехта намоед. Баъд он ба се ҳисса тақсим намуда, 3 маротиба пеш аз ғизо истеъмол намоед. Ҳар семоҳа 15 рўз. 2. Як қошуқи чойхўри содаро дар 200 мл (як стакон) оби ҷўшонида омехта намуда, 2 маротиба баъд аз ним соати қабули ғизо истеъмол намоед. 10-15 рўз ҳар семоҳа. Тартиби қабули ҳабҳо ва чойҳо 1. Чойи ҷигар. Ду қошуқи ошхўрӣ маҷмааро (сбор трав) дар 0,5 литроби ҷўшида дам намуда, 3 маротиба, 30 дақиқа пеш аз ғизо ба миқдори 150 мл истеъмол намоед. Муҳлати муолиҷа 1-2 моҳ. Яке аз сабабҳои бемориҳои чашм, пўст, дил ва дигар узвҳо ин нодуруст кор кардани ҷигар мебошад. 2. Чойи гурда. Ду қошуқи ошхўрӣ маҷмааро дар 0,5 литр оби ҷўшида дам намуда, 3 маротиба, 30 дақиқа пеш аз ғизо ба миқдори 150 мл истеъмол намоед. Муҳлати муолиҷа 1-2 моҳ. Яке аз сабабҳои бемории сутунмўҳра ин нодуруст кор кардани гурда мебошад. 3. Чой барои дил. Ду қошуқи ошхўрӣ маҷмааро дар 0.5 литр оби ҷўшида дам намуда, 3 маротиба, 30 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол намоед. Муҳлати муолиҷа 1 моҳ аст. 4. Чой барои асаб. Ду қошуқи ошхўрӣ маҷмааро дар 0.5 литр оби ҷўшида дам намуда, 3 маротиба, 30 дақиқа пеш аз ғизо истеъмол намоед. Муҳлати муолиҷа 1 моҳро дар бар мегирад. 5. Чой бар зидди ҷоғар (зоб) низ чунин мебошад, ду қошуқи ошхўрӣ маҷмааро дар 0.5 литр оби ҷўшида дам намуда, 3 маротиба, 30 дақиқа пеш аз истеъмоли ғизо, ба миқдори 100мл истеъмол намоед, ки муҳлати он як моҳ мебошад. 6. Марҳами (балзам) “Доктор Тоҳирӣ” (хурсандкунак) 1 қошуқи ошхўрӣ +1 қошуқ равғани зағирро 3 маротиба пеш аз ғизо истеъмол намоед. Муҳлати истеъмол як моҳ мебошад. Акмалхўҷа АКРАМОВ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.