Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара муассисаи таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд Апрель 28, 2022 10:45

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара муассисаи таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд Апрель 28, 2022 10:45

29-04-2022, 07:46
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара муассисаи таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд Апрель 28, 2022 10:45

28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Офтобрӯяи деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дорои 8 синфхонаи таълимӣ аз ҷумла, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.

Дар муассисаи нави таълимӣ 9 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 159 нафар хонанда машғуланд.

Иншоот бо мизу курсӣ, таҷҳизоти муосири омӯзишӣ ва дигар аёнияти хониш муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар доираи ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорону шахсони бонангу номуси ноҳия бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ мутобиқ ба талаботи замон ва бо сифати баланд сохта шудааст.

Барои дар мавсими сармо таъмин намудани синфхонаҳо бо гармӣ системаи гармидиҳандаи буғӣ сохта шуда, атрофи иншоот сафолакпӯш ва бо шинонидани гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ободу зебо гардонида шудааст.

Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол ва баскетбол бунёд гардидааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: