Трамп ва Клинтон - пешсафони корзори интихоботӣ4-03-2016, 10:50
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
Дар интихоботи аввалияи дохилиҳизбӣ ё "суперсешанбе"-и ИМА Трамп дар 6 ва Клинтон дар ҳафт иёлат пирӯз шуданд.
Номзадҳо барои пешбарӣ ба вазифаи президенти ИМА аз ҳизбҳои Ҷумҳурихоҳ ва Демократ -- Доналд Трамп ва Хилларӣ Клинтон ҳамчунон пешсафони сабқати пешазинтихоботиянд. Тибқи натиҷаҳои аввалия, дар "сешанбеи бузург" сенатор Трамп дар интихоботӣ муқаддамотӣ ("праймериз") дар шаш ва котиби давлатии собиқ Клинтон дар ҳафт иёлат пирӯзӣ ба даст оварданд. Сенатори ҷумҳурихоҳ Тед Круз дар зодгоҳаш Техас ва иёлати Оклаҳома пирӯз шуда, ба рақиби асосии Трамп табдил ёфт. Сенатор аз иёлоти Флорида Марко Рубио, ки ӯро мақомоти ҷумҳурихоҳ ҳимоят мекунанд, нахустин пирӯзии худро дар иёлати Миннесота соҳиб шуд. Сенатор Берни Сандрес, ки рақиби асоси Клинтон дониста мешавад, дар зодгоҳаш - Вермонт ва ҳамчунин дар Колорадо, Миннесота ва Оклаҳома ғалаба кард. Дар "суперсешанбе"-и анъанавӣ интихоботи аввалия ва ҷаласаҳои ҳизбӣ - шуморишҳо дар 12 иёлат баргузор шуданд. Дар ин интихобот ва ҷаласаҳо вакилони ба анҷуманҳои миллии ҳизбҳои Ҷумхурихоҳ ва Демократ интихоб мешаванд. Дар ниҳоят онҳо номзади ҳизбро дар интихоботи президентии ИМА муайян мекунанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.