Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар интихоботи Эрон мӯътадилҳо ва ислоҳталабон комёб шуданд

Дар интихоботи Эрон мӯътадилҳо ва ислоҳталабон комёб шуданд

1-03-2016, 06:00
Хабарро хонданд: 331 нафар
Назарҳо: 0
Дар интихоботи Эрон мӯътадилҳо ва ислоҳталабон комёб шуданд
Дар интихоботи парлумонии Эрон ҷонибдорони президент Ҳасани Руҳонӣ натиҷаҳои намоёне ба даст оварданд.

Ислоҳталабон ҳамаи 30 курсии ҳавзаи Теҳронро соҳиб шуданд.

Дар поёни рӯзи 28 феврал, ки шумориши оро ба охир мерасид, натиҷаҳои раъйи мардум собит карданд, ки усулгароён дар Шӯрои хибрагон низ соҳиби курсиҳои зиёд шудаанд. Ин маҷлис дар 8 соли оянда ҷойгузини роҳбари руҳонии Эронро интихоб хоҳад кард.

Миллионҳо интихобкунанда рӯзи 26 феврал дар интихоби парлумони нав, ки аз 290 курсӣ иборат аст, ширкат карданд.

Руҳонӣ дар эътилоф бо президенти собиқ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ вориди муборизаи интихоботӣ шуда, нерӯҳои мӯътадил ва ислоҳталабро муттаҳид кард. Парлумони нав, ки барои 8 сол интихоб шуд, бояд ҷойгузини Роҳбари олии кишвар оятулло Алӣ Хоманаиро таъйид кунад. Хоманаӣ аз соли 1989 роҳбари руҳонии Эрон аст. Номзад ба мақоми роҳбари олии кишварро Шӯрои хибрагон интихоб мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: