Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷумъабой Сангинов: Ба саломатии худ бепарво набошем

Ҷумъабой Сангинов: Ба саломатии худ бепарво набошем

24-02-2022, 14:19
Хабарро хонданд: 1298 нафар
Назарҳо: 1
Ҷумъабой Сангинов: Ба саломатии худ бепарво набошем

Марди кор ва роҳи наҷиб
Рўзгори мо ҳикмат ва омўзаҳои ҷолибе дорад. Як нафареро солҳои зиёд мебинеду мешиносед, вале кадом хислату одаташ ба ёдатон намемонад. Аммо инсонеро як бор дида, тамоми умр ба ёдатон мегиред ва ҳар ҷое бинед, ҳамон хотираҳои куҳан зинда мешаванд. Ҷумъабой Раҳматович Сангинов, ба бовари ман, аз ҳамон шахсиятҳои шинохтаест, ки ба гурўҳи дуюм дохил мешаванд. Суҳбати мо бо ин марди донишманд, табиб, арбоби сиёсиву ҷамъиятӣ ва дар ниҳоят як инсони наҷибу самимӣ дар арафаи 70- солагиашон сурат гирифт. Пас аз телефонӣ дар бораи вохўрӣ маслиҳат кардан, замоне ба маҳали корашон мерафтам, вохўрӣ ва мусоҳибаҳо дар солҳои аввали даҳаи 90-уми асри гузашта, ки он вақт сардори Раёсати тандурустии ҳукумати шаҳри Душанбе буданд, ба ёдам меомад. Он замоне буд, ки қариб ҳама тарки ҷойи кор карда, бисёриҳо аз пойтахт ҳам берун рафта буданд. Вале мусоҳиби имрўзаамро ман дар бинои куҳнаи раёсати тандурустӣ, ки дар як канори беморхонаи шаҳрӣ – дар маҳали имрўзаи Боғи Рўдакӣ воқеъ буд, дар ҳуҷри кории сарду камнур дармеёфтам ва соате дар мавзўъ ва масъалаҳои вобаста ба ҳолати вазнини муассисаҳои соҳа барои Радиои Тоҷикистон гуфтугў мекардем. Ин бор ҳам устоди бузургвор чун дар гузашта бо чеҳраи кушодаву беғаш пешвоз гирифт. Муҳити утоқи кориаш ҳам равшан буд. Ба чашмам хўрд, ки дар гўшае аз девор аксҳои 12 шахсияти шинохташудаи тибби ҷаҳониро, ки Абуалӣ ибни Сино низ буд, дар байн зинат медод. Ман инҷо бо шахсияте бояд суҳбат мекардам, ки пас аз солиёни зиёд дар сиёсату корҳои роҳбарӣ будан, инак 7 сол боз нафақахўр асту баробари муолиҷа ба таълиму тарбияи табибони ҷавон машғул аст. Аввалин савол низ дар ҳамин маврид буд, ки пурсидам :
- Давраи пас аз канор рафтан аз корҳои роҳбариро чӣ тавр қабул кардед? Оё кадом душворие пас аз бозгашт буд?
- Ба нафақа баромадан дар ҳақиқат ин, раванди гузариш аз рўзгори маъмулӣ ба даврони нав аст. Бо гузашти чанд сол эҳсос кардам, ки марҳалаи нави ҳаёт дар рўзгорам оғоз ёфт. Аммо рангубори ин марҳала вобаста ба касбияти ҳар шахс вобаста будааст. Бисёриҳо дар синну соли мо ва махсусан агар дар корҳои роҳбарӣ умри худро гузаронида бошанд, пас аз бекор мондан мушкили шуғл пайдо карда, ба ҳолати афсурдагии рўҳу равонӣ рубарў мешаванд. Хушбахтона, барои ман ин мушкилӣ пеш наомад. Зеро вақте синнусоли нафақа наздик мешуд, ман нақшаи кору зиндагии баъдиро кашидам. Каме бояд дам мегирифтам, баъд шуғле вобаста ба ихтисосу машғулиятам пайдо карда, корамро давом медодам. Унвонҳои илмӣ ва таҷрибаи корие, ки дар гузашта доштам, заминаи муносибе барои идома додан ба раванди омўзиши аспирантҳо ва тарбияи кадрҳои соҳаи тиб фароҳам карда буд. Пас аз 2-3 моҳи ба нафақа баромадан, ба ҳайси профессори кафедраи саратоншиносии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино ба кор пазируфтанд. Аммо дарҳол дарк кардам, ки дар ду даҳсолаи ба корҳои давлатӣ машғул буданам, холигоҳе дар фаъолияти илмиву амали ворид шудааст. Ба ин сабаб буд, ки бо омўзишу шиносоӣ ба дастовардҳои илмӣ ва навовариҳои воридгашта ба соҳа мекўшидам. Навигариҳои таълими соҳаро дар муддати як сол дубора меомўхтам, то ба ин муҳиту фазо ба таври сазовор баргардам. Дар ҳамин муддат адабиёт ва сарчашмаҳои илмӣ - пажўҳишии соҳаи саратоншиносиро дастрас кардам, ба шаҳрҳои калони кишварҳои ИДМ ва берун аз он бо мақсади шиносоӣ ва омўзиши дастовардҳои илмии соҳа сафарҳо доштам. Аз роҳбарияти ДДТТ ва аз дўстонам, ки барои ман имконоти хуби илмиву омўзиширо дар баробари пешбурди корҳои табобатӣ фароҳам кардаанд, самимона сипосгузорам . Ҳоло 5 аспиранти унвонҷў дорам, ки 2 нафар аз онҳо дар ҳамин нимсола бояд ҳимоя кунанд. Ҳамзамон дар донишгоҳ барои курсҳои 5-6 дарси амалӣ ва лексия (дарси назариявӣ) мегузарам. Дар Маркази саратоншиносӣ беморонро муоина карда, машваратҳои муолиҷавӣ медиҳам. Якҷо бо дигар мутахассисони марказ масъулияти қабули қарорҳоро дар шакли консилиум доир ба ин ё он масъала, ба монанди усули табобати беморони саратонро ба уҳда дорам.
Инчунин, масъулияти пешбарии корҳои илмии кафедра бар уҳдааам вогузор шудааст. Бо як сухан, корҳои ба дўшам гузошташуда ва ҳар кори дигаре, ки имрўзҳо анҷом медиҳам, тамоми имконотро фароҳам овардааст то аз иҷрои масъулиятҳоям қаноатмандии хуб ҳосил кунам. Ҳар кореро ба иҷро мерасонам, аз натиҷааш илҳому тавони тоза мегирам, ки ба ман неруи равонӣ мебахшад.
Дар гузашта дар маҷлису ҷамъомадҳо иштирокчиён сафарбар мешуданд, ки дар фаровард қарсак зананд. Ҳоло ҳар боре, ки дар охири дарс аз донишҷўён мепурсам, ки «чӣ саволе доред ва агар савол набошад, дарс тамом» мегўям, онҳо ҳамчун арзи сипосу миннатдорӣ чаппак мезананд ва ин беҳтарин мукофот аст. Зеро пас аз бозгашт ба кори табобату таълим, ки дар соҳаи тибб ҳар ду сахт пайванд ҳастанд, инро хуб дарк кардам, ки имрўз донишҷўи курси 5-6 ҷаҳонбинии васеъ ва фарохе дорад, аз рўйдоду инноватсияи соҳа бо дастрасӣ ба технологияи муосир ошност, ва ўро ба осонӣ наметавон дар ҳайрат гузошт ва бо ҳар гуна сухан қоилаш кард.
- Шумо ин ҷо суханони маро ҳам гуфтед. Зеро аз мушоҳидаҳое, ки дорам, дар миёни донишҷўёни имрўза ҷавононе ҳастанд, ки сатҳи донишу фаҳми хеле боло доранд, бисёре аз онҳо касоне нестанд, ки дигарон мепиндоранд. Ба андешаи ман, ончӣ ки гоҳ-гоҳ баъзе устодон ва калонсолон нисбат ба насли ҷавон мегўянд, аз воқеият дур аст…
- Ин гуна баҳогузорӣ нисбат ба насли ҷавони донишҷў дар замони Афлотун ҳам буд ва ин андеша то ба имрўз давом дорад. Насли калонсол дар ҳама давру замон гумон мекардааст, ки аз ҷавонон бештару беҳтар медонанд. Дар ҷомеаи мо ҳам ин яке аз андешаҳои паҳншуда аст. Вале дар давраи кор дар ин марказ ва баробари аз наздик ошно шудан бо донишҷўён дар ин ҷо назарам дигар шуд. Аз 3-2 ҳиссаи донишҷўён эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ доранд. Ман зимни баҳогузорӣ онҳоеро, ки аз рўйи ҳавову ҳавас ва бо маслиҳату мусоидати дигарон ба донишгоҳ омадаанду донишҷў шудаанд, дар назар надорам. Инҷо мо такя ба онҳое дорем, ки салоҳиятнок ҳастанд. Ман осониҳоеро дар муносибат бо ҷавонон мебинам. Дар солҳои фаъолият дар мақомоти давлативу ҷамъиятӣ як бахши корам ба масъалаҳои тарбияи худшиносиву ватандўстӣ вобаста буд. Имрўз ҳамон таҷриба барои самаранок будани кори таълиму тарбия ва пешбурди фаъолиятҳои пажўҳишӣ дар миёни донишҷўён мусоидат мекунад. Баёни мантиқӣ ва дурусти масъалаҳои мавриди баҳс дар паҳлўи таълими донишҳои тиббӣ ба мафкураи ҷавонон таъсир мегузорад ва зуд ворид мешавад. Ҷавонони имрўза бартариҳои зиёде доранд, ки насли калонсоли имрўза дар гузашта фақат орзуяшро мекарданд. Ҳоло насли ҷавон имкони беохири дастарсӣ ба манбаъҳои интернетиро дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла дар соҳаи тиб дорад. Технологияи муосир имкони ташхиси бадан ва муайян кардани ҳар гуна ҳолати ҷисми одамро дорад. Бо дастрасӣ ва корбурди фановариҳои нав табибон ё кормандони ҳар соҳаи дигар шароити беҳтари ҳаллу фасли душвориҳоро доранд. Мо ҳам кўшиш карда истодаем, ки аз ин дастовардҳо дар раванди таълим ва тарбияи насли нави авитсенаҳо истифода кунем.
- Хоҳиш мекунам, дар бораи ҳолати паҳншавии бемории саратон чанд сухан гўед. Чунки тавре мушоҳида мекунем, бо вуҷуди пешрафтҳои илмӣ ва кашфи усулҳои нави табобат ин беморӣ ба мушкилоти густурдаи ҷомеа табдил ёфтааст…
- Ман бештар аз ин мегўям, саратоншиносӣ ҳасостарин бахши соҳа дар ҷаҳони имрўза аст. Мушкили ҷаҳонӣ будани бемориҳои онкологиро ҳанўз соли 2013 Ассамблеяи генералии СММ эътироф карда, онро таҳдиде барои ҷаҳониён дониста буд. Дар қатъномае, ки дар ин робита қабул ва ба тасвиб расид, саратон бемории таъсиргузор ба раванди рушди пойдори давлатҳо дониста шуд. Ин бесабаб нест. Зеро ин беморӣ бо навъҳои худ сол ба сол ва ба таври бемайлон дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дарТоҷикистон рў ба паҳншавӣ дорад. Барои исботи фикр чанд оморро ёдоварӣ мекунам. Соли 2018 дар ҷаҳон 18 миллион беморон гирифтори саратон буданд. Соли 2020 шумораи онҳо 19,5 миллион нафар шуд. Яъне фақат дар ду сол 1,5 млн. бемор зиёд гардид. Ҳамагӣ дар ҷаҳон онҳое, ки ба бемориҳои саратонӣ гирифторанд, зиёда аз 50 млн. нафар тахмин мешавад. Паҳлўи дигари ин масъала он аст, ки дар байни сабабҳои фавти аҳолӣ аз бемориҳо омори беморони фавтида аз саратон дар ҷойи аввал меистад. Ин як далели собитшуда аст. Соли 2018 аз саратон дар ҷаҳон 9,3 млн. фавтиданд, аз касалиҳои дилу рагҳои хунгард 7,9 млн. даргузаштанд, дар ҳоле ки мардум гумон мекунанд, аз гирифторӣ ба бемории дил бештар мефавтида бошанд.
Паҳлўи сеюми ин масъалаи ҷаҳонӣ, ки Тоҷикистон ҳам истисно нест, вобаста ба он аст,ки бештари беморон дар марҳалаи ниҳоӣ ба духтур муроҷиат мекунанд. Яъне касалро аз ҳад гузаронида, баъд ба назди табиб мераванд.
Аммо ин гуфтаҳо ба маъное нест, ки илми тиб пеши хатари саратон бечора бошад. Бояд таъкид кунам, ки дар 10 –солаи ахир таҳқиқ дар илму амали саратоншиносӣ хеле пеш рафт. Зеро дар бисёре аз кишварҳо бо таваҷҷуҳ ба муҳим будани масъала маблағи бештарро барои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ ҷудо мекунанд. Дар ИМА аз соли 1972 муборизаи зидди саратон афзалияти миллӣ эълон шудааст. Айнан ҳамин иқдом дар ФР дар соли 2018 ҳам эълон шуд. Ҳоло дар бисёр давлатҳо, аз ҷумла дар кишвари мо барои истифода аз усулҳои босамари муосир барои ташхису табобати саратон кўшиши зиёд ба харҷ дода мешавад. Иқдомҳои анҷомшуда имкон медиҳад, ки бемориҳои саратон дар марҳалаи ибтидоӣ то 90 дарсад пурра муолиҷа шавад. Ҳама гап дар саривақт муроҷиат кардан ба духтур аст. Имрўз дар давлатҳои пешрафта ҳисоби миёнаи шифо ёфтани беморони саратон 65-70 дарсад аст. Ба духутур дер муроҷиат кардани беморон дар Тоҷикистон ҳам одати маъмулист, ҳол он ки имрўз дар кишвари мо шароити замонавии ташхис, табобат ва назорат фароҳам шудааст. Ҷойи гуфтан аст, ки дар қиёс бо дигар давлатҳо дар Осиёи Марказӣ сатҳи мубталои саратон шудани аҳолӣ ва шумораи фавтидагон нисбатан паст аст. Дар Тоҷикистон Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ аз соли 2007 таъсис шуда, фаъолияти васеъ дорад. Он аз дармонгоҳ, шуъбаи радиологӣ, химиотерапия, ҷарроҳии торакоабдоминалӣ, онкогинекология, шуъбаи кӯдакона, ташхисгоҳи патоморфологӣ ва маркази оморӣ иборат мебошад.
Филиалҳои муассиса дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ва ҳамчунин ин марказ дар солҳои фаъолияти худ мутахассисони зиёдеро барои ин соҳа тарбия кардааст. Имрўз мо 9 доктори илму профессорон, зиёда аз 30 номзади илми тиб дар ин бахш дорем. Шумораи зиёди ҷавонони боистеъдод дар мактаби саратоншиносии миллӣ тарбия ёфта, ба табобати ҳамарўзаи беморон машғуланд. Робитаҳои илмиву амалии мо бо дигар марказҳои илмии саратоншиносӣ, ба монанди Россия, Белорус, Украина, Ўзбекистон, Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Маҷористон ва Австрия густурда ба роҳ монда шудааст. Ин робитаҳо имкон медиҳанд, ки мо табодули таҷриба карда, ба мақолаҳои илмиву дастовардҳои тадқиқотии якдигар дастрасӣ дошта бошем, онҳоро дар рисолаю маҷмуа ва нашрияҳои илмии худ чоп кунем. Конференсияву ҳамоишҳои илмии муштарак доир карда, бо пешрафтҳоямон шинос шавем. Дар ташхису муолиҷаи беҳтари беморӣ ва табобати онҳо аз таҷриба ва малакаи мутахассисони варзидаи муассисаҳои тиббии якдигар истифода кунем. Аммо такрор ҳам шавад боз ҳам ба таъкид мегўям, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ аҳолӣ ҳам бо саривақт ба назди духтур рафтан дар ҳалли мушкилот бояд мусоидат кунад. Имрўз аксари марказҳои саломатӣ воситаҳои навтарини ташхиси бемориҳоро доранд. Мо одати бетафовутӣ ва бепарвоӣ нисбат ба саломатиамонро, ки муаммо ва аз проблемаи ҷомеа аст, бояд аз байн барем.
***
Муаррифинома
Сангинов Ҷумъабой Раҳматович 22 феврали соли 1952 дар вилояти Суғд, дар оилаи серфарзанд таваллуд шуда, ба воя расидааст. Падарашашон муаллими синфҳои ибтидоӣ буданд.
Соли 1974 факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро ба номи Абуалӣ ибни Сино бо ихтисоси духтур – табиб хатм кардааст. Ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб, профессор.
Дар вазифа ва мансабҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ аз корманди ёрии аввалия то дастгоҳи вазорат кор кардааст.
Солҳои 1987-1991 -сардухтури Диспансери онкологии ҷумҳуриявӣ ва солҳои 1991-1996 сардори Раёсати тандурустии Ҳукумати шаҳри Душанбе буд.
Солҳои 2000 то 2011 - се даъват вакили Маҷлиси намояндагон ва аз соли 2002 раиси фраксияи ҲХДТ дар МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муаллифи зиёда аз 20 лоиҳаи қонун мебошад.
Аз 7 январи соли 2011 то 2015 - муовини якуми раиси вилояти Суғд.
Дар солҳои 2010-2015 узви Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъину нишонагузории марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон ва иштирокчии музокираҳои дуҷониба.
Аз 25 апрели соли 2015 ба сабаби расидан ба синни нафақа аз мансаби худ истеъфо дод. Нафақахӯр, профессори кафедраи саратоншиносии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино.
Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 1994)
Падари 3 фарзанду бобои набераҳои зиёд.

Солеҳ ЮСУФОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
confidencemail 23 ноября 2022 22:57
Physical state https://confidencemail.com/what-time-is-it/lifespan/evaluation-of-fitness/ps/
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: