АЗ БЕМОРИИ СИЛ НАҲАРОСЕД20-02-2020, 10:35
Хабарро хонданд: 426 нафар
Назарҳо: 0
Бемории сил аз қадимулайём маълум буд. Дар натиљаи кофтукобҳои археологӣ, ки сили устухон ва буғумҳо дарёфт шудаанд, Шайхурраис Абуали ибни Сино дар асари безаволи худ «Ал-қонун» дар бораи бисёр шаклҳои сил ва роҳҳои табобати он навиштааст, ки қисми онҳо то ҳол маънои худро гум накардаанд. Бемории сил бемории сироятӣ аз як тараф ва аз тарафи дигар иқтисодиву – иҷтимоӣ мебошад. Чунки ҳар сол дар ҷаҳон 8-9 млн. нафар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, наздики 1,5 миллион аз ин беморӣ мефавтанд, 95% беморон ва 98% фавтитагон аз 22 давлат, ки аҳолиаш камбизоат мебошад, дида мешавад. Аз 1/3 аҳолии курраи Замин (зиёда аз 2,5 миллард) аз сил сироятёфта мебошанд, ки аз ин миқдор дар давоми ҳаёти худ 5-10% бемори сил мешаванду халос, чунки сироятёфта будан ин бемори сил будан нест, 90-95% сироятёфтагон ба беморӣ гирифтор намешаванд. Барои бемори сил шудан ғайр аз мавҷудияти сирояти сил дар организм бояд омилҳои дигар вуҷуд дошта бошанд, асосиаш бо ҳар сабаб паст шудани масунияти организм сироятёбӣ ба ВНМО, пастии масунияти модарзодии организм, касалиҳои музмин, аз ҷумла илтиҳоби музмини роҳҳои нафас, диабети қанд, бемориҳои сироятнок, майпарастӣ, нашъамандӣ, дар маҳбас будан, ё тамоси такрорӣ бо бемори сили МС+, шахсони ҷарроҳии рӯдаю меъда кардашуда, муддати тӯлонӣ гармонҳо қабул карда, шароити вазнини оилавӣ дошта, кӯдакони ваксина қабулнакарда, санҷиш бо маҳлули туберкулин мусбибуда ва ғ. Муҳоҷирони меҳнатӣ низ ба гурӯҳи хавфи грифторшавӣ ба сил ворид мешаванд, ин гурӯҳҳо гурӯҳи осебпазири сил мебошанд, аз ин сабабњо организм лоғар мешавад ва сироят ба беморӣ мегузарад. Духтурони оилавӣ ва минтақавӣ бояд ин гурӯҳҳоро зери назорат нигоҳ доранд ва соле як маротиба шахсони аз 10-сола болоро аз санҷиши флюорографии шўш гузаронанд, њангоми мавҷудияти сулфа балғамро ба озмоишгоҳ фиристондан лозим ва ба кӯдакон муоинаи туберкулини гузаронидан шарт аст, дар ин маврид, бемории сил сари вақт дарёфт мешавад ва мутахассисон онро ба табобати ройгон таъмин менамоянд. Барои он ки шахси сироятёфта бемор нашавад масунияти организмро аз синни кӯдакӣ баланд бардоштан лозим. Кӯдакон бояд ба машғулиятҳои ҷисмонӣ машғул шаванд. Хушбахтона дар шањри Душанбе дар ҳар маҳалла ва дар назди хонаҳои баландошёна майдончаҳои варзиши ташкил карда шудаанд, ки кӯдакон ва наврасон пас аз дарс метавонанд бо машқҳои дилхоҳашон машғул шаванд. Ин аз як тараф ҷисми онҳоро обутоб медиҳад, аз тарфи дигар онҳо ба корҳои ношоям машғул намешаванд. Хӯрокҳои ғизонок аз витаминҳои бой истеъмол кардан лозим, ин сабзавот, меваҳо, кабудиҳо, алалхусус, сирпиёз, ки дар деҳот дар ҳар ҳавлӣ вуҷуд дорад , шир, ҷурғот, лўбиёгиҳо (нахуд, лўбиё, наск, мош ва ғ.), волидайн ба хӯрду –хӯроки фарзандонашон эътибор доданашон лозим. Хӯрокҳои дӯстдоштаи мо ин шакароб, қурутоб, ки ҳам витамин дорад, ҳам маҳсулоти ширӣ хеле фоиданок мебошанд. Сирояти сил бо роҳи ҳавоиву қатрагӣ ба вуҷуд меояд. Барои атрофиён бемори сили шўш, алалхусус, ташхиснашуда сабаби сироят шуда метавонад. Ҳангоми дар як муҳити маҳдуд будани бемори хориҷкунандаи МС ва шахси солим, дар ҳавои кушод миқдори МС хеле каманд ва шахс сироят намеёбад. Бояд қайд кард, ки на ҳамаи беморони сили шўш хориҷкунандаи МС мебошанд. Ҳангоми ба вуҷуд омадани сӯрохӣ дар шўш бемор ба атроф микроб хориҷ мекунад. Ин бемороне мебошанд, ки бо ҳар сабаб сари вақт ташхис нашудаанд. Ин аксар аз сабаби беэътиборӣ ё надонистани хислатҳои сил аз тарафи табибони тибби умум (табибони оилавӣ, минтақавӣ) мебошад, ки беморон бо ҳар гуна шикоятҳо ба онҳо муроҷиат мекунанд, чунки бемории сил хислатҳои хоси худро надорад. Бемори аксар зери ниқоби дигар бемориҳо чун зуком, илтихоби роҳҳои нафас ва дигар бемориҳо мегузарад ва табобат бо антибиотикҳои васеътаъсир натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, дар ин маврид, табиб бояд гумон кунад аз мавҷудияти сили шўш ва балғами беморро барои таҳлил ба озмоишгоҳ фиристонад. Дар айни ҳол, ташхиси сил дар давоми 2 соат гузаронида мешавад ва дар мавриди дарёфт шудани МС дар балғам бемор бистарӣ ва бо табобат фаро гирифта мешавад. Пас аз 2-3 ҳафтаи табобат бо ДЗС бемор барои атрофиён бехавф мегардад. Боз такрор мекунем, ки барои атрофиён хавфнок мебошанд беморони сили хориҷкунандаи МС, ки дарёфт нашудаанд ва ба табобат фаро гирифта нашудаанд.
Бояд қайд кард, ки кӯдакон низ ба бемории сил гирифтор мешаванд, ин аксар кӯдакон аз оилаи беморони сил, ки сари вақт ташхис нашудаанд, то дарёфт шудани ин беморон фарзандон ва наздикони онҳо ҳатто кормандони тибби умум, ки ба онҳо бемори сили ошкорнашуда муроҷиат кардааст, сироят меёбанд. Ҳангоми дарёфт кардани бемори калонсол ҳамаи аъзои оилаи бемор санҷида мешаванд, вақто ки дар оила кӯдак низ ба беморӣ гирифтор шуда бошад, онро дар беморхона бистарӣ карда, бо табобат фаро мегиранд. Ба кӯдакони солим табобати пешгирикунанда гузаронида мешавад, ки онњоро аз беморшавӣ эмин нигоҳ медорад. Кӯдакони бемори сил ниҳоят кам МС хориҷ мекунанд, чунки дар онҳо аксар сили лимфағадудҳои дохили қафаси сина ташхис мешавад, лимфағадудҳо ғилофаки фиброзӣ доранд, бинобар МС хориҷ намешавад. Ҳар сол 120-130 нафар аз шањри Душанбе ва дигар ноҳияҳо бо ҳар гуна шаклҳои сил бистарӣ карда мешаванд. Аз ин беморон њамагӣ 8-10% хориҷкунандаи МС мебошанд. Аксари онҳо аз оилаи беморони сил мебошанд, ки то дарефт шудани бемори калонсол дар қайд набуданд ва табобати пешгирикунанда қабул накардаанд. Кӯдакони хориҷкунандаи МС-ро дар шуъбаи алоҳида бистари мекунанд. Ин кӯдакон барои атрофиён, аз ҷумла кормандони тиб, ки дар ин муассиса кор мекунанд, ягон хавфе надоранд, чунки дар беморхона ҳамаи қоидањои назорати сироятӣ риоя карда мешавад. Пас аз 2-3 ҳафтаи табобат микробхориҷкунии онҳо қатъ мешавад, ки ин бо таҳлили такрориии балғам муайян карда мешавад. Беморхона пойгоҳи клиникии кафедраи фтизиопулмонологияи ДДТТ мебошад. Ҳар рӯз аз рӯи ҷадвали тасдиқшудаи донишгоҳ 100-120 нафар донишҷӯён дарси амалӣ мегузаранд, онҳо дар ташхису табобати беморон иштирок мекунанд. Ин беморхона дар давоми 67 сол дар як ҳавлии барҳаво амал мекунад. ва дар маркази шаҳр ҷойгир аст. Дар ҳамин муддат, ягон нафар кормандон, донишҷӯён ва аҳолии дар атроф истиқоматкунанда ба ин беморӣ гирифтор нашудаанд. Хислатҳои бемории силро бояд ҳар як корманди тибб донад, чунки ҳамаи онҳо бо дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ аз тарафи мутахассисони марказҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва кафедраҳои фтизиатрия дар семинарҳои 3-5-рӯза омӯзонида шудаанд. Бинобар мубориза бар зидди сил ин на танҳо вазифаи кормандони ин соҳа, балки вазифаи тибби умум, тамоми ҷомеа мебошад. Бовари дорем, ки дар муттаҳидӣ мо шумораи беморон ва сироятёфтагонро кам мекунем. Умринисо СИРОҶИДИНОВА,
профессори кафедраи фтизиопулмонологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.