Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » БА САХТӢ ЧОРАИ БЕЧОРАГОН БОШ

БА САХТӢ ЧОРАИ БЕЧОРАГОН БОШ

14-09-2020, 10:32
Хабарро хонданд: 664 нафар
Назарҳо: 0
БА САХТӢ ЧОРАИ БЕЧОРАГОН БОШ
Ҳангоми мутолиаи китоб, баъзан бозмеистоду ба умқи гуфтаҳои муаллиф ғӯтавар мешуд, мехост мағзи фалсафаи адибро ба даст орад. Ҳар як сухани бузургон заррае аз зарро мемонд, ки онро бояд ҷудо карда гирифту ба сиришти хеш ҷо дод. Халқи заковатманди мо таъкид мекунад: “Ҳунар аз дониш, дониш аз хониш аст”. Бале, хондан донистан аст. Дониш дар рӯ ба рӯйи мо дари ҳунарро во мекунад. Ҳунарманд арҷманд аст баҳри хосу ом. Имрӯз ӯро сахт эҳтиром мекунанд, азиз медоранд, дар пеши илму дониш ва ҳунараш арҷ мегузоранд. Ҳар он чиз ки ёфт, аз пайваста китобхонияшу таҷрибагузаронияш ёфт. Носири Хусрав барҳақ мегӯяд:
Шамс чу пайдо шавад, офоқ аз ӯ равшан шавад,
Мард чун доно шавад, дил дар бараш дарё шавад.

Падару модараш омӯзгор буданд. Аз эшон бисёр чизҳоро омӯхт. Аввал, зоҳирану ботинан пок буданро талқин мекарданд волидайни донову пуртаҷриба. Аз фарзанд пайваста талаб доштанд, ки рострав бошаду ростгӯ ва ҳам ростпиндор. Падар мегуфт: “Писарҷон, одами доно ба куҷое равад, ӯро қадр мекунанд, эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Чунончи, Шайх Саъдии ҷаҳонгашта ақсои оламро тай карду ба иззату икроми оламиён сазовор шуду ин тавр гуфт:
Вуҷуди мардуми доно мисоли зарри тилост,
Ки ҳар куҷо, ки равад,қадру қиматаш донанд.

Модар насиҳат мекард: “То қадри имкон ба мардум некӣ кун. Дасти муҳтоҷонро гир. Некӣ кардан подоши баланд дорад: номат ба некӣ машҳур мешавад. “Некӣ бимонад ҷовидон” гуфтаанд”.
Гуфтаҳои волидайнашро ба ҷон пазируфту пайваста мутолиа кард ва соли 1986 ба факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуд. Ба маънии томаш донишҷӯ буд, мудом аз пайи донишандӯзиву ҷустуҷӯ мешуд. Ба таҷрибаву кори устодон бо диққат менигарист. Устодон аз ин шогирди кунҷкову чаққону пешқадам хеле розиву мамнун буданд. Бале, шогирдашон азм дошту ҷазм, ҳаргиз кори имрӯзро ба фардо намегузошт. Ифтихор буд, ин қабил шогирд доштан.Шогирди қобилу доно пас аз хатми донишгоҳ дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор омад ва то имрӯз дар ин марказ ҳамчун ҷарроҳи саратоншинос, мудири шуъбаи умумӣ, муовини директор ва аз соли 2011 ба ҳайси директори марказ фаъолияти пурсамару назаррас дорад.
Қаҳрамони мо Ҳусейнзода Зафар Ҳабибулло шифокори дардмандон аст. Перомуни табибон бисёр ҳикоятҳоро медонад, зеро китоби бисёреро хондааст. Фарзанди фарзонаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино ба назди бемор меомаду мегуфт: “Мо се нафарем: ман, ту ва беморӣ. Агар ту ба ҷониби ман гузарӣ, ҳардуямон муқтадир мешавему дардро маҳв месозем”. Ҳикмати бузург дошт гуфтаҳои табиби ҳозиқ Буалӣ. Яъне вай мегуфт, ки касалманд дарди худро аз табиб пинҳон надорад, то ки шифокор сабабҳои пайдоиш ва ҷойи иллатро дуруст муайян карда тавонад.Ҳикояте машҳур аст: “Бемор ба назди духтур меояду шикоят мекунад, ки шикамаш дард мекунад. Пизишк мепурсад: “Пагоҳирӯзӣ чӣ хӯрда будӣ?” “Нони сӯхта” посух медиҳад касал. Духтур ба чашмони бемор дору чаконданӣ мешавад, ки бемор эътироз мекунад: “Чашмам не, шикамам дард мекунад”. Табиб ин амали худро шарҳ медиҳад: “Агар чашмат сиҳат мебуд, нони сӯхта намехӯрдӣ”. Яъне, аз фарти бепарвоӣ ба беморӣ дари бадани хешро мекушоем. Пешгирии беморӣ аз муолиҷааш осонтар аст, ҳамин кори осонро намекунему баъд ангушти надомат мегазем.
Зафар Ҳусейнзода мизоҷи худро дақиқкорона муоина мекунад, бо хулосаи ташхису таҳлилҳо нағз шинос мешавад ва баъд ба табобат мепардозад. То имрӯз аз муроҷиаткардагони хеш садҳо мактуб ва тавассути телефон миннатдориҳо гирифтааст.
Ҳакими саршиносусаратоншинос Зафар Ҳусейнзода дар баробари кору фаъолияти табибӣ ягон зарра омӯхтанро тарк накардааст. Ҳам меомӯзад, ҳам пажӯҳиш мекунад ва ҳам таҷрибаҳои амалӣ мегузаронад. Дар муддати кору фаъолияташ соҳиби тахассуси касбӣ шуд, ординатураи клиникиро дар кафедраи онкологии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузашт. Борҳо дар Маркази илмии саратоншиносии Федератсияи Россия ба номи Н. Н.Блохини шаҳри Москва ба курсҳои таҷрибаомӯзӣ рафтааст, дар аспирантураи ғоибонаи кафедраи саратоншиносии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил карда, рисолаи номзадиро ҳимоя намудааст ва соли 2012 бошад, дар Маркази илмии саратоншиносии ба номи Н.Н.Блохини шаҳри Москва рисолаи докториро ҳимоя кардааст.
Пизишки донишманд Зафар Ҳусейнзода дасту дили пок дорад, бо сухани нек, бо дасти сабук беморонро муолиҷа мекунад. донишашро дар амал татбиқ менамояду ба арҷгузории мардум сазовор мегардад. Дар ин бора, шоир Бадриддин Ҳилолӣ бамаврид ва хеле ҷаззоб гуфтааст:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.

Панди бузургон, насиҳати волидайн ва садои виҷдони худро ҳамвора ба ёд меораду гӯш медиҳад. То қадри имкони хеш ба дармондагон, муҳтоҷон ва ятимон дасти кумак дароз мекунад. Ба наздикӣ ба маъюбон ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонд.
Илоҷи дардмандон кун ба ҳар дард,
Ки ҳар кас гар ҷароҳат кард, бад кард.
Чу марҳам хастаро роҳатрасон бош,
Ба сахтӣ чораи бечорагон бош!

ӯ бо нишони “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, медали “Авитсена”, медали “Хизмати шоиста” ва мактубҳои миннатдорӣ аз тарафи сафоратиМаҷористон ба муносибати намояндаи доимии Академияи онкологии Аврупои Марказӣ-Шарқӣ интихобшуданаш,ҳамчунин бо медалҳои ҷашн ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст.

Абдусалом ШАРИФОВ, сокини деҳаи
Хоҷачилдиёри Поёни шаҳри Ҳисор

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: