АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН4-02-2022, 07:54
Хабарро хонданд: 182 нафар
Назарҳо: 0
thumb=left]http://hamsafon.tj/uploads/posts/2022-02/1643942836_kasri-millat.jpg[/thumb]
1. Соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4). 3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд. 4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмун ва омӯзгорону падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд. 5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2022 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 3 045 000 (се миллиону чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд. 6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд. 7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 3 феврали соли 2022 №АП-156 Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-156 Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ 1. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (минбаъд – озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 баргузор мешавад. 2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад. 3. Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор мешавад: - адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ; - адабиёти классикии тоҷик; - адабиёти муосири тоҷик; - адабиёти ҷаҳон; - эҷоди назму наср. 4. Иштирокчиёни номинатсияҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд: - хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4); - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11); - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ; - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун. 2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН 5. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 6. Масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд. 7. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмун иштирок мекунанд. 8. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд. 9. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, раёсату шуъбаҳои маориф, бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд. 3. КОМИССИЯИ ОЗМУН 10. Барои гузаронидани озмун комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ (минбаъд-комиссия) таъсис дода шуда, ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. 11. Салоҳияти комиссияи озмун: - таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он; - тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун; - пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми озмун; - якҷо бо ҳайати ҳакамон гузаронидани семинари машваратӣ; - назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун; - омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври ниҳоӣ; - баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти иштирокчиён; - тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун; -ҷамъбасти натиҷаи ниҳоӣ ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиносоӣ ва маълумот. 4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН 12. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрели соли 2022 то моҳи декабри соли 2022 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад: - даври якум – моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот; Эзоҳ: Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ танҳо дар маҳалле иштирок карда метавонанд, ки муассисаи таълимӣ ва ё илмиашон дар ҳамон маҳал қарор дорад; - даври дуюм – моҳи май дар маркази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе); - даври сеюм – нимаи аввали моҳи октябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ; - даври чоруми ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм нимаи якуми моҳи декабр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. 13. Протоколи ҳайати ҳакамон ба комиссияи ҷумҳуриявӣ ба даври чорум бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раисони ҳакамони даври сеюм пешниҳод мешавад. 14. Ҷойи баргузории даврҳои озмун дар деҳот, шаҳрак, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад. 15. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вогузор карда мешавад. Шумораи ғолибони даври сеюми озмун, ки ба даври чорум пешниҳод мешаванд, аз ҳар як номинатсия ва гурӯҳ набояд аз 5 нафар зиёд бошад. 16. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш карда мешавад. 17. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи озмун то 10 ноябр муқаррар карда мешавад. Масъулони баргузории озмун вазифадоранд, ки то 25 ноябр тамоми осори пешниҳоднамудаи иштирокчиёни номинатсияи назму насрро ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои муҳокима ва таҳияи тақриз пешниҳод намоянд. 18. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти ӯ) метавонад шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида шавад. Намунаи шартномаро Вазорати маориф ва илм омода карда, ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамояд. 19. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радио масъули гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун мебошанд. 5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН 20. Дар озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалавру магистрҳо), баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд. 21. Шартҳои ташкил ва баргузории озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад. 22. Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорати хондан ва аз худ кардан бартарӣ дода мешавад. Иштирокчии озмун ба ҳайати ҳакамон маҳорату малака, қобилияти хондан ва аз худ кардани осори адибонро пешниҳод менамояд. 23. Аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун ба иштирокчӣ барои аъзои фаъоли китобхона будан ва ба ҳунари нақлу оҳанги қироати ӯ низ хол дода мешавад. 24. Ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлол, тараннуми дӯстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзуи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои кишвар бартарӣ дода мешавад. 25. Пешниҳоди осори азбаршуда асосан бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Иштирокчии озмун дар интихоби забон ҳангоми хондан ва аз худ кардани осори шифоҳӣ ва адабиёти кӯдакон, осори адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст. Ба довталабоне, ки осори бадеии адибони ҷаҳонро бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ғайра) пешниҳод менамоянд, бартарӣ дода мешавад. 26. Иштирокчии озмун метавонад аз намунаҳои эҷодиёти халқ, аз ҷумла афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа ва ғайра вобаста ба номинатсияи интихобкардааш истифода намояд. 27. Дар номинатсияи эҷоди назму наср хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва баъд аз дипломӣ, ходимони илмию адабӣ, доктор аз рӯйи ихтисос ва калонсолони ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ иштирок менамоянд. 28. Асарҳои ба озмун пешниҳоднамудаи ғолибони даври сеюми номинатсияи эҷоди назму наср, ки ба даври чорум пешниҳод шудаанд, барои муҳокимаю баррасӣ ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фиристода мешаванд. Иттифоқи нависандагон то саршавии даври чорум хулосаи мутахассисонро ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунад. Асарҳое, ки хулосаи Иттифоқи нависандагонро нагирифтаанд, ба даври чоруми озмун қабул карда намешаванд. 29. Ба номинатсияи эҷоди назму наср асарҳое пазируфта мешаванд, ки қаблан ба ягон озмуни дигар пешниҳод нашудаанд. 30. Дар даври чоруми озмун иштирокчӣ шарҳи ҳоли мухтасари худ, рӯйхати асарҳои хонда ва азбаркарда (нусхаи чопӣ ё дастнависи ашъори азёдкардашуда ва мазмуни мухтасари асарҳои мутолиакардаашро бо зикри муаллиф ва номи асар) бо гузоштани имзо ба комиссияи озмун ба таври ҳатмӣ пешниҳод менамояд (рӯйхати матнҳо ва асарҳои азбаршуда дар се нусха ба даври чорум пешниҳод карда мешавад). Агар иштирокчӣ хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар даврҳои якуму дуюм ва сеюм ба қайд гирифта шуда бошад ва дар даври чорум донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шуда бошад ҳамчун хонанда дар даври чорум иштирок мекунад. 31. Дар сурати ба талабот ҷавобгӯ набудани номгӯи асарҳо, мукаммал набудани матни шеъру достонҳо ва ё изофанависӣ намудани миқдори матнҳои азбаркардашуда, номгӯи асарҳо ва шеърҳо холи довталаб кам карда мешавад. 32. Ғолибони даври чоруми озмун, ки созовори чойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардиданд, то се сол дар озмунҳои солҳои минбаъда ҳуқуқи иштирок карданро надоранд. 33. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар назди раёсатҳои маориф комиссияи қабули ҳуҷҷатҳои иштирокчиёни озмунро таъсис дода, як нафарро котиби масъул таъин менамояд. Котибони масъули комиссияҳои қабул ҳуҷҷатҳои довталабонро дар асоси банди 30 санҷида, дар асоси санад онро ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунад. Котиби масъули комиссия суроға, рӯз ва ҷойи баргузории озмунро ба иштирокчиён тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамояд. 6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН 34. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи хондани осори манзум ва мансури бадеӣ муайян карда мешавад: - барои иштирокчиёни озмун хондани роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад; - иштирокчӣ дар хондани шеърҳо (ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ) вобаста ба номинатсияи интихобкардааш озод аст; - ба иштирокчӣ барои нақли афсона, латифа, қиссаю ривоят ва дигар навъҳои осори шифоҳии халқ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад; -довталаби номинатсияи назму наср асарҳои худро аз рӯйи навъҳои адабӣ, жанрҳо ва навъҳои анъанавӣ, нав, адабиёти кӯдак, насру драма пешниҳод менамояд. 35. Аз довталаби номинатсияи назму наср таълифи як достони мукаммал дар вазнҳои анъанавӣ, 20 ғазал дар вазнҳои анъанавии арӯз, 20 рӯбоӣ, 10 дубайтӣ, 3 мухаммас, 2 мусаддас, 4 қасида, 5 шеъри сафед, 10 суруди ватандӯстона, 2 тарҷеъбанд, 2 таркиббанд, 5 ҳикоя, 2 эссе, 1 повест, 1 драма талаб карда мешавад. 7. МЕЪЁРИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН 36. Ҳайати ҳакамони озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд: - барои таваҷҷуҳ ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлолу озодӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзӯи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу субот, бунёди роҳу нақбҳо ва иншооти бузурги аср, корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар бунёдкорию ободонӣ; - барои қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва шарҳи маънои луғавии вожаҳо, дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар, таассурот аз хондани асар. - тартиби баҳогузории асарҳои довталабони номинатсияи назму насрро Иттифоқи нависандагон муайян менамояд. 37. Ба ҳар як довталаб барои муаррифии китобҳои хондааш ва нақлу хондани шеърҳо вақти озод дода мешавад. 38. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад. Барои аз ёд хондани осори манзум бо шарҳу эзоҳи калимаҳо 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 2 хол гузошта мешавад ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад. Барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди ровигӣ, инчунин тавзеҳи калимаҳо аз асарҳои мутолиашуда 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 2 хол гузошта мешавад ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад. 39. Ҳангоми баҳогузорӣ ба маҳорати довталаби эҷоди назму наср, тарзи интихоби мавзӯву мундариҷа, риояи рукнҳои вазни арӯз, қофияву радиф, корбарии санъатҳои бадеӣ, интихоби таъбиру ибораҳо, миқдори луғату таъбирҳои нав ва мутобиқати шакл, бандубасти асари бадеӣ ва ба мазмуни асар диққат дода мешавад. 40. Довталаби бахши назм бояд дар мавзуъҳои пешниҳодшуда бадеҳатан шеър гуфта тавонад. Байти аввал аз ҷониби ҳакамон пешниҳод мегардад ва идомаи онро дар ҳамон вазну қофия довталаб хаттӣ ё шифоҳӣ ҷавоб медиҳад. Дар озмун шахсоне метавонанд иштирок намоянд, ки аъзои Иттифоқи нависандагон набуда, шеърро хуб дарк менамоянд, завқи шоирӣ доранд, нозукиҳои шеърро аз бар кардаанд ва дар рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ намунаи ашъорашон чоп шудааст. Довталаб замони иштирок дар озмун намунаҳои шеъри худро дар шакли чопӣ ва ё дастнавис пешниҳод менамояд. Қобилияти адиби насрнавис низ бо ҳамин тарз санҷида мешавад. 41. Асарҳои пешниҳодкардаи довталабони бахши назму насрро аъзои ҳакамон инфиродӣ мутолиа карда, баъдан дар асоси хулоса ва тақризи пешниҳодшуда мавриди баҳогузорӣ қарор медиҳанд. 8. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН 42. Ҳайати ҳакамони озмуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро раиси комиссияи ҷумҳуриявӣ бо санади дахлдор тасдиқ менамояд. Ҳайати ҳакамон амалҳои зеринро иҷро мекунад: - тибқи пешниҳоди комиссияи озмун маҳорату истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ мекунад; - холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамояд; - натиҷаи озмунро дар суратҷаласа дарҷ карда, бо имзои аъзои ҳакамон онро тасдиқ менамояд. 43. Ҳайати ҳакамони озмуни шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад. 44. Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва иттифоқҳои касаба ворид мешаванд. Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад. 45. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври чорум дар комиссияи озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад. 9. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН 46. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм, сеюм ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми озмун, будубоши онҳо дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад. 47. Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва ташкилотҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. 48. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойи якум ва барандаи Шоҳҷоиза мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ё «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда мешаванд. 49. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони худро аз даври якум то даври чоруми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд. 50. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва дарёфти Шоҳҷоиза мегарданд, бо нишони «Маърифатпарвар» ё «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллӣ сарфароз гардонида мешаванд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Вазорати маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд. 51. Хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми озмун аз суратҳисоби махсуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм пардохт карда мешавад. 52. Ба ғолибони даври чоруми озмун ва ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар даври чоруми озмун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм, Шоҳҷоизаро сазовор шудаанд ва ба омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад. 53. Рӯйхати ғолибони даври чоруми озмун ва омӯзгорони онҳо аз тарафи комиссияи озмун омода ва барои маълумот ва шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. 54. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тартиби додани мукофот ва ҷоизаро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тасдиқ ва амалӣ менамоянд. 55. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад. 10. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУН 56. Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссия ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешниҳод карда мешаванд: - маълумоти мухтасар дар бораи иштирокчӣ; - рӯйхати асарҳои мутолиашуда; - миқдори ашъори азёдшуда; - нусхаи чопӣ ва ё дастнависи шеърҳои азёдкарда, мазмуни мухтасари асарҳои насрии мутолиакарда бо зикри муаллиф ва номи асар; - протоколи ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун. 57. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюми озмунро ба даври чорум котиби масъули комиссияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамояд. 11. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА 58. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияҳои пешниҳодшуда ҷойҳои якумро сазовор гардидаанд. 59. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти ҷаҳон) беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст. 12. ИМТИЁЗҲО 60. Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза, ки ба талаботи дахлдор ҷавобгӯ мебошанд, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибони даври чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд. 61. Вазорати маориф ва илм протокол ва санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад. Замимаи 2 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-156 Ҳайати комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), раиси комиссия; Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия; Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовини раиси комиссия; Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия; Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия. Аъзои комиссия: Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа; Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон; Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон; Сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ»; Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ; Ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода; Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон; Мудири кафедраи адабиёти навини тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Мудири кафедраи таърихи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Мудири кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия. Замимаи 3 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-156 Ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Мукофотҳои пулӣ барои ғолибони озмун аз рӯйи чор гурӯҳ ва панҷ номинатсия ба таври зер муқаррар карда мешаванд: 1. Номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ: - миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ синфҳои 1-4 № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 - миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ синфҳои 5-11 № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 2. Номинатсияи адабиёти классикии тоҷик: - миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ синфҳои 1-4 № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 - миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ синфҳои 5-11 № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 3. Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик: - миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ синфҳои 1-4 № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 - миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 4. Номинатсияи адабиёти ҷаҳон: - миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ синфҳои 5-11 № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 5. Номинатсияи эҷоди назму наср. Бахши назм: - миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 000 - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 Бахши наср: - миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 125 000 - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 1 35 000 2 Дуюм 25 000 2 50 000 3 Сеюм 20 000 2 40 000 Ҳамагӣ 5 000 - маблағи умумӣ барои ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва Шоҳҷоиза № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум 35 000 19 665 000 2 Дуюм 25 000 38 950 000 3 Сеюм 20 000 38 760 000 4 Шоҳҷоиза 70 000 1 70 000 Ҳамагӣ 96 2 445 000 - маблағ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун ҷойҳои 1,2,3 ва Шоҳҷоизаро мегиранд № Ҷой Маблағ Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Якум, дуюм, сеюм 10 000 46 460 000 Ҳамагӣ 46 000 - хароҷотҳои дигар № Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Хароҷотҳо барои омода кардани ҷомҳои шоҳҷоиза, ҷоизаҳо, дипломҳо ва хароҷотҳои дигар (туҳфаҳои хотиравӣ ва сертификат барои иштирокчиён) 000 - ҳамагӣ № Шумораи умумӣ Маблағи умумӣ (бо сомонӣ) 1 Барои ҷоизаҳо 95 нафар 2 375 000 2 Барои омӯзгорон 46 нафар 460 000 3 Шоҳҷоиза 1 нафар 70 000 4 Хароҷоти дигар 140 000 Ҳамагӣ 3 045 000 Замимаи 4 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022, №АП-156 Рӯйхати адабиёти тавсияшаванда барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1. Номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ: - хондани афсонҳои халқи тоҷик, ҳикояҳо аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Гулистон», «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Таҳзиб-ус-сибён»-и Садриддин Айнӣ азёд кардани латифаю зарбулмасалҳо, мақолҳои халқӣ, чистонҳо, порчаҳо аз осори манзуми шоирони барҷастаи классикӣ (Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Сайидои Насафӣ ва дигарон), аз ашъори манзуму мансури бачагонаи устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода,Аминҷон Шукӯҳӣ, Пӯлод Толис, Ҷалол Икромӣ, Ғаффор Мирзо, Сотим Ӯлуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Баҳром Фирӯз, Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғойиб, Раҳмат Назрӣ, Сафияи Носир, Эгами Нарзуллоҳ (Волӣ), Насим Раҷаб, Ғанӣ Ҷӯразода, Юсуфҷон Аҳмадзода, Наримон Бақозода, Алӣ Бобоҷон, Асад Гулзодаи Бухороӣ, Маҳмуд Диёрӣ, Мирсаид Миршакар, Шарифи Муҳаммадёр, Маҳбуба Неъматова, Убайд Раҷаб, Нӯъмон Розиқ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Муродалӣ Собир, Абдусаттори Раҳмон, Салоҳиддини Садриддин, Азизи Азиз, Сайқал Самеъзода, Абдусалом Деҳотӣ, Шодӣ Саттор, Болта Ортиқов, Ғаффоралӣ Сафар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршоҳ, Бобо Ҳоҷӣ, Акобир Шарифӣ, Ато Мирхоҷа, Гулчеҳра Муҳаммадиева, Латофат Кенҷаева ва дигарон; - аз осори манзум ва мансури адабиёти бачагонаи ҷаҳонӣ. 2. Номинатсяи адабиёти классикӣ: - намунаҳои насри ривоятӣ аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Чаҳор дарвеш», «Ҳазору як шаб», «Тӯтинома», «Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абӯмуслимнома» ва ғайра; - осори насри классикӣ - «Томирис ва Куруш», «Шерак», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Калила ва Димна», «Ёдгори Бузургмеҳр», «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус, «Гулистон»- и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»- и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ» -и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва ғайра; - аз ёд кардани ашъори шоирон аз рӯйи жанр; - на кам аз 100 ғазал аз Абуабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Саноии Ғазнавӣ, Шайх Фаридаддини Аттор, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Фахриддини Ироқӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Зебуниссо, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон; - рубоӣ ва дубайтӣ - на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абуалӣ ибни Сино, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён, Абусаиди Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ ва дигарон; - қасида - на кам аз 100 байт аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Кисоии Марвазӣ, Абулқосим Унсурӣ, Анварии Абевардӣ, Абулҳасан Фаррухии Сиистонӣ, Абунаҷм Манучеҳрии Домғонӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Масъуди Саъди Салмон, Носири Хусрав, Хоқонии Шервонӣ, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон; - порча аз достон - на кам аз 150 байт аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абумансури Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саноии Ғазнавӣ, Аттори Нишопурӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдулқодири Бедил, Камолиддини Биноӣ, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон; - дигар навъҳои шеърӣ - қитъа, мухаммас, мусаммат, мусаллас, тарҷеъбанд, таркиббанд ва ғайра - 100 байт. 3. Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик: - аз ёд кардани рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, порчаҳо аз достону маснавӣ ва сурудҳои халқӣ аз эҷодиёти даҳони халқ; - осори насрии адибони муосир – ҳикояҳо, новеллаҳо, повестҳо, романҳо, пессаҳо, ёддоштҳо ва очеркҳои Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Ҳаким Карим, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Пулод Толис, Баҳром Фирӯз, Ҷумъа Одина, Урун Кӯҳзод, Юсуф Акобиров, Сорбон, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Меҳмон Бахтӣ, Кароматуллои Мирзо, Гулрухсор, Иноят Насриддинов, Ато Ҳамдам, Бароти Абдураҳмон, Ҷонибеки Акобир, Шералӣ Мӯсо, Равшани Ёрмуҳаммад, Маъруф Бобоҷон, Бахтиёр Муртазо, Муҳаммадзамони Солеҳ, Сайф Раҳимзодаи Афардӣ, Баҳманёр, Юнус Юсуфӣ, Муҳибуллои Қурбон, Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода), Марямбонуи Фарғонӣ, Мансур Сурӯш, Мирзо Насриддин, Диловари Мирзо, Абдуқодири Рустам, Абдуғаффори Абдуҷаббор, Маҷид Салим, Равшани Махсумзод, Ато Мирхоҷа, Анвар Олим, Аброри Зоҳир, Сироҷиддин Икромӣ, Сайид Раҳмон, Мирзо Шукурзода, Муаззама, Мутеулло Наҷмиддинов, Додохони Эгамзод, Наҷмиддини Шоҳинбод, Баҳром Фирӯз, Искандари Ҳамроҳқул, Шодон Ҳаниф, Расул Ҳодизода, Нарзулло Тиллозода, Давлатшоҳи Тоҳирӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Ҳакималӣ Назаралӣ, Абдуғаффори Партав, Маҳкам Пӯлод, Айюб Кенҷа, Истад Қосимзода, Сироҷиддин Қосимзода, Муҳибуллои Қурбон, Раҷаб Мардон, Ғаффор Мирзо, Султон Мирзошоев, Мирсаид Миршакар, Абдурауф Муродӣ, Тоҳири Муҳаммадризо, Шералӣ Мӯсо, Бурҳон Ғанӣ, Муҳаммад Ғоиб, Карим Давлат, Абдусалом Деҳотӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Матлубаи Ёрмирзо, Исроил Иброҳим, Ҳабиб Имодӣ, Қулмуҳаммади Абдулҳусейн, Абдуғаффори Абдуҷаббор, Ҳилолиён Аскар, Маъруф Бобоҷон, Самад Ғанӣ, Саидаҳмади Зардон, Саиданвар Камолов, Шоҳназир Назиров, Назрулло Тиллозода, Султонмуроди Одина, Муҳаммадраҳими Сайдар, Аъзам Сидқӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Муҳаммадзамони Солеҳ, Мансур Сурӯш, Тоҷӣ Усмон, Баҳодур Файзулло, Ибод Файзулло, Неъматуллои Худойбахш ва дигарон; - асарҳои драмавӣ аз Абулқосим Лоҳутӣ, Ғанӣ Абдулло, Нурулло Абдуллоҳ, Абдуғаффори Абдуҷаббор, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Файзулло Ансорӣ, Абдусалом Атобоев, Тӯрахон Аҳмадхонов, Меҳмон Бахтӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Муҳаммад Ғоиб, Ҷалол Икромӣ, Шамсӣ Қиём, Ҷумъа Қуддус, Фазлиддин Муҳаммадиев, Султон Сафар, Аъзам Сидқӣ, Мансур Сурӯш, Ҳоҷӣ Содиқ, Шодӣ Солеҳ, Нур Табаров, Ато Ҳамдам, Аминҷон Шукӯҳӣ, Сотим Улуғзода; - ашъори шоирони муосир - на кам аз 100 ғазал, рубоӣ ва дубайтӣ ва порча аз достон аз эҷодиёти Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода Суҳайлӣ Ҷавҳаризода Ҳайрат Шанбезода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Аминзода, Боқӣ Раҳимзода, Нодир Шанбезода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Файзулло Ансорӣ, Ғаффор Мирзо, Ҳабибулло Файзулло, Ғоиб Сафарзода, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Мастон Шералӣ, Гулрухсор, Гулназар Келдӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Жола Бадеъ, Абдулло Қодирии Мумтоз, Султон Шоҳзода, Ашӯр Сафар, Сайидалӣ Маъмур, Ширин Бунёд, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Салимшо Ҳалимшо, Саидҷон Ҳакимзода, Пиримқул Сатторӣ, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Низом Қосим, Искандари Хатлонӣ, Зулфия Атоӣ, Муҳаммад Ғойиб, Мирзо Файзалӣ, Фарзона, Доро Наҷот, Назрӣ Яздонӣ, Алимуҳаммад Муродӣ, Ҷамолиддин Каримзода, Зиё Абдулло, Рустам Ваҳҳобзода, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Озарахш, Ато Мирхоҷа, Сиёвуш, Озар, Салими Зарафшонфар, Абдуҷаббори Суруш, Парда Ҳабиб, Давлат Сафар, Раънои Мубориз, Давлати Раҳмониён, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Муҳтарам Ҳотам, Сафар Амирхон, Назруллоҳи Азизиён, Одина Азимӣ, Нуқраи Суннатниё, Хайрандеш, Қувват Давлат, Олимхон Исматӣ, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Гурез Сафар, Шаҳрия, Усмон Шарифзода, Адибаи Хуҷандӣ; - дигар навъҳои шеърӣ-100 байт аз шоирони муосири тоҷик; -нақли афсонаю латифа ва порчаҳо аз осори мазуму мансури шифоҳӣ. 4. Номинатсияи адибиёти ҷаҳон: - осори насрӣ ва аз бар кардани на кам аз 800 байт аз эҷодиёти адибони ҷаҳон. Аз ҷумла: - адабиёти рус дар бахши назм, наср ва драма - Александр Пушкин, М. Лермонтов; дар бахши масал - Иван Крилов, дар бахши назм, наср ва драма - Александр Грибоедов, Иван Бунин, Борис Пастернак, Александр Островский, Николай Гогол, Иван Тургенев, Федор Достоевский, Лев Толстой, Антон Чехов, Максим Горкий, Михаил Булгаков, Александр Блок, Владимир Маяковский, Анна Ахматова, Марина Светаева, Сергей Есенин, Андрей Платонов, Владимир Набоков, Михаил Шолохов, Александр Солженитсин, Василий Шукшин, Валентин Распутин, Андрей Волос; - адабиёти Украина, Беларус ва назди Балтика дар бахши назм, наср ва драма - Максим Танк, Эдуардас Межелайтис, Янка Купала, Тарас Шевченко, Леся Украинка, Якуб Колас, Юстинас Мартсинкявичюс, Олес Гончар, Йонас Авижюс, Юрий Ритхэу; - адабиёти Осиёи Марказӣ (ӯзбек, туркман, қазоқ, қирғиз) дар бахши назму наср ва драма – Абай, Алишер Навоӣ, Машраб, Увайсӣ, Нодира, Фурқат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Ғафур Ғулом, Эркин Воҳидов, Олжас Сулаймонов, Абдулло Орипов, Абдулло Қодирӣ, Мухтор Авезов, Бердӣ Карбобоев, Чингиз Айтматов; - адабиёти Қафқоз дар бахши назму наср ва драма - Шота Руставели, «Довуди Сосунӣ», Мирзо Фатҳалӣ Охундов, Хачатур Абовян, Аветик Исаакян, Расул Ҳамзатов, Отар Чиладзе, Самад Вурғун, Нодар Думбадзе, Грант Матевосян; - адабиёти кишварҳои Амрико ва Канада дар бахши назм, наср ва драма - Филип Френо (ИМА), Генри Уодсворт Лонгфелло (ИМА), Уолт Уитмен (ИМА), Вашингтон Ирвинг (ИМА), Ҷеймс Фенимор Купер (ИМА), Эдгар Аллан По (ИМА), Марк Твен (ИМА), Теодор Драйзер (ИМА), Ҷек Лондон (ИМА), Фрэнсис Скотт Фитсҷералд (ИМА), Вилям Фолкнер (ИМА), Эрнест Ҳемингуэй (ИМА), Ҷон Стейнбек (ИМА), Маргарет Этвуд (Канада); - адабиёти Амрикои Лотинӣ дар бахши назм, наср ва драма – Габриэла Мистрал (Чили), Пабло Неруда (Чили), Жоржи Амаду (Бразилия), Габриэл Гарсиа Маркес (Колумбия); - адабиёти кишварҳои Аврупо дар бахши назм, наср ва драма – Данте (Италия), Федерико Гарсиа Лорка (Испания), Ҷованни Боккаччо (Италия), Ҷеймс Ҷойс (Ирландия), Вилям Шекспир (Англия), Иоганн Волфганг фон Гёте (Олмон), Виктор Гюго (Франсия), Ромен Роллан (Франсия), Франсуа Рабле (Франсия), Мигел Сервантес (Испания), Даниел Дефо (Англия), Валтер Скотт (Шотландия), Фредерик Стендал (Франсия), Ҷорҷ Байрон (Англия), Оноре де Балзак (Франсия), Александр Дюма (Франсия), Жорж Санд (Франсия), Ҳанс Кристиан Андерсен (Дания), Вилям Теккерей (Англия), Чарлз Диккенс (Англия), Гюстав Флобер (Франсия), Жюл Верн (Франсия), Эмил Золя (Франсия), Анатол Франс (Франсия), Ги де Мопассан (Франсия), Ҷорҷ Бернард Шоу (Англия), Артур Конан Дойл (Англия), Этел Лилиан Войнич (Англия), Редярд Киплинг (Англия), Марсел Пруст (Франсия), Вирҷиния Вулф (Англия), Франс Кафка (Австрия), Грэм Грин (Англия), Жан-Пол Сартр (Франсия), Албер Камю (Франсия), Дэвид Митчелл (Англия); - адибони Эрону Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон дар бахши назм, наср ва драма – Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (Покистон), Маликушшуаро Баҳор (Эрон), Нимо Юшиҷ (Эрон), Эраҷ Мирзо (Эрон), Парвини Эътисомӣ (Эрон), Халилуллоҳи Халилӣ (Афғонистон), Зиё Қоризода (Афғонистон), Аҳмади Шомлу (Эрон), Суҳроби Сипеҳрӣ (Эрон), Нодири Нодирпур (Эрон), Бориқ Шафеӣ (Афғонистон), Фурӯғи Фаррухзод (Эрон), Нусрати Раҳмонӣ (Эрон), Восифи Бохтарӣ (Афғонистон), дар бахши наср - Муртазо Мушфиқ Козимӣ (Эрон), Содиқ Ҳидоят (Эрон), Бузург Алавӣ (Эрон), Симин Донишвар (Эрон), Ҳушанг Гулширӣ (Эрон), Маҳмуди Давлатободӣ (Эрон), Аббос Маъруфӣ (Эрон), Робиндранат Такур (Ҳиндустон), Прем Чанд (Ҳиндустон); - адабиёти Осиё ва кишварҳои арабӣ дар бахши назм, наср ва драма - Рюноскэ Акутагава (Япония), Кобо Абэ (Япония), Лу Син (Чин), Мо Ян (Чин), Ҷуброн Халил Ҷуброн (Лубнон), Нақиб Маҳфуз (Ҷумҳурии Мисри Араб), Азиз Несин (Туркия), Иброҳим Ал-Куни (Лубнон), Маҳмуд Саид (Ироқ), Муҳаммад Зифзоф (Марокаш). |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.