Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иштирок ва суханронӣ дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон”

Иштирок ва суханронӣ дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон”

28-01-2022, 07:16
Хабарро хонданд: 139 нафар
Назарҳо: 0
Иштирок ва суханронӣ дар Саммити якуми сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон”

27.01.2022 17:42, шаҳри Душанбе

27 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурии аввалини Нишасти сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Саммит таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Модӣ сурат гирифт.

Дар кори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат варзиданд.

Иштирокдорони Нишаст дар робита ба раванди ҷории муносибатҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ва ҳамзамон дурнамои рушди минбаъдаи онҳо дар доираи нишасти “Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон” табодули афкор намуданд.

Саммит бахшида ба 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон барпо гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстӣ ва эътимоди байниҳамдигарии сиёсӣ, раванди рушди рӯзафзуни ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳангу амниятро миёни ду кишвар маҳсули ин давра номид.

Сарвари давлат дар баробари ин таъкид намуданд, ки Ҳиндустон акнун ба шарики муҳими минтақа мубаддал гардидааст ва Тоҷикистон ба ояндаи муносибатҳои гуногунҷанба бо ин кишвар назари нек дорад.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат мавқеи кишвари моро дар ростои самтҳои ояндадори ҳамкории миёни кишварҳои минтақа изҳор намуданд.

Нахуст авлавияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва мавҷудияти имкониятҳои фаровон дар ин ҷода таъкид гардид.

Дар ин замина ба раванди фаъоли таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ва тамоюли рӯзафзуни иқтисодӣ, ки хусусияти хоси тамоми ин минтақа мебошад, ишора карда шуд.

Зимнан пешниҳод гардид, то дар доираи муколамаи “Осиёи Марказӣ - Ҳиндустон” барномаи тадбирҳои мушаххас ҷиҳати татбиқи босамари иқтидори тиҷоратии кишварҳои минтақа мавриди коркард қарор гирад.

Мавҷудияти имкониятҳои бузурги ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати татбиқи муштараки тарҳҳо дар бахшҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор, ҳамзамон дар соҳаи аграрӣ зикр карда шуд.

Дар ин росто, манфиатдор будани Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси истеҳсолоти муштарак дар соҳаҳои саноати хурокворӣ ва сабук, бахусус дар самтҳои насоҷӣ, кимиё, тиб, доруворӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо таъкид гардид.

Зимнан, Сарвари давлати мо ҳамчунин таъкид карданд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика барои рушди устувори иқтисодӣ аҳамияти калон дошта, Тоҷикистон ба раванди роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати тавсеаи иқтидорҳои коркарди “энергияи сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Ҳамзамон густариши робитаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ омили муҳими таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа ва Ҳиндустон дониста шуд. Дар ин раванд алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба рушди шоҳроҳи нақлиётӣ дар масири Мумбай – Чобаҳор – Осиёи Марказӣ мавриди таъйид қарор гирифт.

Пешвои миллат ибрози ақида карданд, ки аҳаммияти рӯзафзуни таъмини амнияти озуқаворӣ зарурати ҳамкории фаъолро дар бахши аграрӣ тақозо менамояд. Вобаста ба ин раванди афзоишёбандаи таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳо дар маҷмӯъ ва аз ҷумла ба бахши аграрии он қайд карда шуд.

Дар ин зимн, Президенти кишвар фаъолиятҳои амалии ҳамоҳангшударо миёни кишварҳои минтақа ва Ҳиндустон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ дар қатори самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ қарор доданд.

Ҳамин тартиб, таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву башарӣ аз самтҳои дигари ҳамкориҳо дониста шуд.

Илова бар ин, ҷонибдории кишвари мо аз тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, сайёҳӣ ва тандурустӣ изҳор гардид.

Бо дарназардошти имкониятҳои ҷонибҳо, идомаи ҳамкориҳо дар арсаи муқовимат ба ҳамагирии коронавирус ва рафъи оқибатҳои он, тавсеаи имкониятҳои истеҳсоли муштараки маводи тиббӣ, бахусус доруворӣ дар қатори самтҳои муҳими муносибатҳои ҷонибҳо номбар гардид.

Дар соҳаи амният, ба инобати шароити мураккаби байналмилалӣ, муқовимат ба терроризм ва ҳамаи шаклҳои тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои аввалиндараҷа дониста шуд.

Дар робита ба ин, таваҷҷуҳи иштирокдорони нишаст ба вазъи печидаи Афғонистон ва ҷонибдорӣ аз даъвати Созмони Милали Муттаҳид ба зарурати расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон ҷалб карда шуд.

Дар интиҳои сухани худ, Пешвои миллат, зимни ёдоварӣ аз таҷрибаи азми ҳамкориҳои бисёрҷонибаи созандаи кишварҳои минтақа, бахусус дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО, муҳим будани рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро дар чорчӯби “Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон” таъкид карданд.

Сарони кишварҳо дар хотимаи нишаст аз натиҷаи он Эъломияи муштарак қабул намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: