Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева: «Моҳи феврал дар Тоҷикистон боришоти зиёд пешгӯӣ мешавад»

Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева: «Моҳи феврал дар Тоҷикистон боришоти зиёд пешгӯӣ мешавад»

24-01-2022, 08:00
Хабарро хонданд: 128 нафар
Назарҳо: 0
Муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ Ҷамила Байдуллоева: «Моҳи феврал дар Тоҷикистон боришоти зиёд пешгӯӣ мешавад»
Моҳи феврали соли равон дар ҷумҳурӣ бориши зиёди борон, боридани барф ва барфи тар пешгӯӣ мешавад. Инчунин давоми моҳ ба амал омадани боришоти шиддатҳои гуногундошта дар назар дошта шудааст, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева.

Тибқи иттилои номбурда, дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳӣ аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо 3+8 дарҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ зуд-зуд ба амал омадани боришоти борон ва барфи тар аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.

Дар водиҳои вилояти Суғд дар ин моҳ ҳаво дар 3+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1-5 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона аз 1-6 дараҷа хунук то 1+6 дараҷа гарм, рӯзона бошад аз 2+7 дараҷа гарм то 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2-7 дараҷа хунук то 10-15 дараҷа хунук, рӯзона аз 0-5 дараҷа хунук то 2+7 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи боришот дар ҳудуди меъёр, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида вазиши шамол бо шиддатнокии то 17-22 метр дар як сония дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи феврал дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, 0-5 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, шабона аз 9- 15 дараҷа хунук, рӯзона бошад аз 0-5 дарача хунук то 2+7 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ ба амал омадани боришоти шиддатҳои гуногундошта дар назар дошта шудааст. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи феврал ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, 10-15 дараҷа хунук, дар мавзеи Булункӯл то 19 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳаво дар назар буда, рӯзона то 7-12 дараҷа хунук, шабона то 22-27 дараҷа хунук мешавад. Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония дар назар аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: