Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Луай Исо: БА ҲОКИМИЯТИ ЧАҲОРУМ БЕШТАР ЭЪТИМОД ДОРЕМ

Луай Исо: БА ҲОКИМИЯТИ ЧАҲОРУМ БЕШТАР ЭЪТИМОД ДОРЕМ

20-01-2022, 08:41
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Луай Исо: БА ҲОКИМИЯТИ ЧАҲОРУМ БЕШТАР ЭЪТИМОД ДОРЕМ
-Давлати Фаластин ба ҳокимияти чаҳорум –васоити ахбори омма бештар эътимод дорад, зеро маҳз журналистон ҳастанд, ки мушкилоту камбудиҳоро дар ҷомеа ошкоро мегўянд ва роҳҳои ҳалли онҳоро дилсўзона нишон медиҳанд. Аз ин рў, мо ба заҳмати намояндагони васоити ахбори омма арҷ мегузорем, - таъкид намуд, Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Луай Исо дар нишасти хабариаш дар шаҳри Душанбе ба рўзноманигорон.
Ба иттилои ин мақоми баландпояи сафорати Фаластин дар Тоҷикистон онҳо талош доранд, ки равобити дўстиву ҳамкориро миёни ин ду давлат таҳким бахшанд, зеро фаластиниҳо низ мисли тоҷикон пайрави мазҳаби Имоми Аъзам Абуҳанифа мебошанду расму оин ва фарҳангашон ба ҳам хеле наздик аст.

Бармало
Сафир дар идомаи суҳбаташ дар ҳошияи як филми таърихӣ изҳор дошт, ки ғояи ғасби сарзамини Фаластинро аввалин шуда, сарлашкари фаронсавӣ Наполеон Бонапарт дар охирҳои асри ХVIII дар сар дошт. Табиати зебо ва мавқеи аз ҷиҳати геополитикӣ бонуфузи Фаластин ҳангоми лашкаркашиҳояш ба ин минтақа ўро ба худ сахт дилбаста намудааст. Пас аз он ки ў дар пайи як ҳамла Мисрро шикаст дод, дар фикри ғасби Фаластин уфтод. Ҳамин тавр, дар навори Ғазза ва шаҳри Ёфа задухўрдҳои шадид ба вуқуъ пайвастанд. Дар натиҷа, 4 ҳазор фаластинӣ кушта шуд. Бо вуҷуди ин, артиши Наполеон дар шаҳри Акка аз неруҳои фаластинӣ шикаст хўрд.
Ҳарчанд ў ба мақсадаш нарасид, аммо нақшаҳояш дар бораи он ки идораи ин сарзамин бояд ба уҳдаи нафароне вогузор шавад, ки аз сокинони он набошанд, баъдан аз ҷониби дигар қудратҳо амалӣ шуд.
Ў ба яҳудиёни Фаронса ваъда дод, ки барои онҳо дар сарзамини Фаластин давлат месозад. Аз ин рў, мардуми яҳудро ба Ховари Наздик бурд ва тавассути онҳо мехост сиёсати хешро дар ин минтақа идома дода, дар мубориза бар зидди рақиби асосиаш - империяи Британия қавӣ шавад, аммо тираш хок хўрд, зеро дид, ки империяи Британия рўз то рўз мустаҳкам шуда истодааст ва Фаластин низ майли ба ин империя дохил шуданро дорад.
Бо ҳамин, ў аз ин нияти хеш даст кашида, ба яҳудиён гуфт, ки «Ватани шумо ҳамин Ғарб аст ва аз ин ҷо берун наравед». Дар ин давра, яҳудиён ягон стратегияи муайян надоштанд. Гоҳо пешниҳодҳо мешуд, ки дар минтақаи Сибири Русия ва ё дар қитъаи Африка барои худ давлат созанд. Тақрибан охирҳои асри ХIХ онҳо як ташкилоти сайҳунистӣ таъсис доданд ва мақсад аз он бунёди давлати Исроил дар Ховари Наздик буд. Бинобар ин, онҳо бо хилофати Усмониҳо наздик шуда, аз Султон Абдуҳамиди II хоҳиш карданд, ки дар сарзамини Фаластин таҳти хилофати Усмониҳо давлати Исроилро созад. Аммо халифаи Усмониҳо ин пешниҳодро напазируфт. Аз дигар сў, яҳудиён бо империяи Британия забон ёфта, бо ҳам иттифоқ шуданд. Британия бошад, ба хулосае омад, ки бо сарфи маблағи андак имкони бунёди давлати Исроилро дорад. Бинобар ин, Британия ба арабҳо ваъда дод, ки хилофати Усмониро нест карда, ба туркгароӣ дар минтақа хотима мебахшад ва бо ҳамин, барои рушди кишварҳои арабӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меояд. Аммо, Британия ба ваъдааш вафо накард. Соли 1916 тақсимоти давлатҳои арабӣ оғоз шуд. Ҳамин тавр, соли 1917 ба бунёди давлати Исроил дар сарзамини Фаластин замина гузошта шуд, ки ин раванд то соли 1947 идома ёфт.
Дар ин давра, бо пуштибонии Британия, ҳиҷрати яҳудиҳо ба Фаластин афзуд. Англисҳо ба ихтиёри яҳудиён киштиҳо, силоҳ ва дигар муҳимоти ҷангиро вогузор намуда, барои ғасби сарзамини Фаластин мусоидат мекарданд.
Замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон аз тарси Адолф Гитлер ҳиҷрати яҳудиён ба Ховари Наздик бештар шуд. Дар натиҷа, соли 1948 онҳо давлати хешро дар дохили Фаластин бунёд карданд. Фаластиниҳои бепуштупаноҳ тайи ин солҳо ҳатто силоҳ надоштанд, ки аз худу сарзаминашон ҳимоят кунанд.
Созмони Милали Муттаҳид ҳам мехост, ки дар хоки Фаластин ду давлат бунёд шавад. Ҳар қадар, ки ҳиҷрати яҳудиён ба Фаластин меафзуд, СММ ба ихтиёри онҳо заминҳои бештари Фаластинро вогузор мекард.
То соли 1947 муассисаҳо ва хоҷагии халқи Фаластин фаъол буд ва ин мамлакатро ҳамчун давлат ҷаҳониён мешинохтанд. Соли 1947-ум 51 дарсади қаламрави Фаластин ба Исроил дода шуд, ба Фаластин 48 дарсад боқӣ монд ва 1 дарсад, аз ҷумла нисфи Байтулмуқаддасро минтақаи байналмилалӣ эълон карданд.
Бо қарори СММ бояд фаластиниҳо дар макони буду боши худ, ки ба Исроил дода шудааст, ҳамчун шаҳрванди ин давлат зиндагии худро давом медоданд, аммо бар асари ҷабру зулми низомиёни исроилӣ мардуми маҳаллӣ хонаву дари худро гузошта, ба минтақаҳои амнтар фирор карданд. Кор ба дараҷае расид, ки то имрўз 78 дарсади қаламрави Фаластинро Исроил тасарруф кардааст. Тайи ин солҳо 590 шаҳраку маҳаллаҳои фаластиннишин вайрону валангор ва 1 миллион фаластинӣ аз ватан берун шудаанд, ки шумораи онҳо алҳол ба 7 миллион нафар мерасад.
Бар асари ҳиҷрат ва ҷангу куштор шумораи сокинони Фаластин сол то сол кам мешавад.
Соли 1965 таҳти роҳбарии гурўҳи озодибахши «Фатҳ» мардуми Фаластин инқилоб карданд, ки он дар пай хисороти зиёд дошт. Дар натиҷа, соли 1967 минтақаи канори Ғазза ва соҳили ғарбии рўди Урдун низ аз дасти фаластиниҳо рафт.
Соли 1991 мақомоти давлати Фаластин ва Исроил ба хулосае омаданд, бояд дар 5 соли оянда чораҳо андешида шаванд, то ин ки пас аз ин дар ҳамсоягӣ оромона зиндагӣ дошта бошанд. Аммо дар давоми ин 5 сол Исроил боз заминҳои Фаластинро аз худ карда, дар қаламрави боқимондаи Фаластин шаҳракҳои нав сохт ва ҳамин тавр, то ҳол зулму ситам бар сари мардуми мазлуми фаластинӣ давом дорад.
Имрўз ҳуқуқи мардуми Фаластин маҳдуд аст. Ҳукумати Фаластин низ фақат ҳуқуқи пеш бурдани корҳои идориро дорад.
Сафир афзуд, ки дар натиҷаи бедодгариҳои низомиёни Исроил тайи ин солҳо 700 ҳазор фаластинӣ ҷон бохтаанд, Алҳол 5 ҳазор фаластинӣ дар маҳбасҳои Исроил зиндонӣ ҳастанд.
Дар минтақаи канори Ғазза зичии аҳолӣ нисбат ба дигар шаҳрҳои ин мамлакат бештар аст. Дар ин минтақа ду миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки мардум аз хизматрасониҳои гуногун, аз ҷумла коммуналӣ маҳруманд.
Муддатест, ки Байт-ул-муқаддас минтақаи байналмилалӣ эълон шудааст. Алъон як қисмати он ба ихтиёри Фаластин ва қисмати боқимондаашро Исроил ба қаламрави худ дохил кардааст. Алҳол Исроил бо пуштибонии ИМА талош дорад, ки Байт-ул-муқаддасро пурра аз худ кунад.

Чи хел Салим Иерусалим шуд?
Дар бораи таърихи шаҳри муқаддаси Қудс қиссаҳои гуногун ба мо омада расидааст.
Қудс, пойтахти феълии Давлати Фаластин бо номҳои Байт-ул-Мақдис, Муқаддас, Ал-Қудс ва Қудси Шариф машҳур аст.
Аввалин қибла то нимаи (ҳукмронӣ ё паёмбарии) ҳазрати Яъқуб (а) Байтуллоҳ (Хонаи Каъба) буд ва баъдан Байт-ул-муқаддас шуд. Падари ҳазрати Яъқуб (а) ҳазрати Исҳоқ (а) низ ба тарафи Байтуллоҳ саҷда мекард. Вақте силсилаи Бани Исроил (аз давраи ҳазрати Яъқуб (а)) оғоз мешавад, қибла ба тарафи Байт-ул-муқаддас шуд.

Луай Исо: БА ҲОКИМИЯТИ ЧАҲОРУМ БЕШТАР ЭЪТИМОД ДОРЕМ
Қудс ҳафт дар дорад. Қудсро Ҳарам-уш- Шариф муқаддас гардонидааст. Масҷиди Ақсо ва Қуббат-ус -Сахра бо деворе аз якдигар ҷудо шудаанд. Масҷиди Ақсо дар аввал қиблаи мусалмонон буд.
Қудсро малики фаластинӣ бо исми Салим шаш ҳазор сол пеш бунёд кардааст, ки баъдан ба он ҳиссаи «еру»-ро ҳамроҳ карданд. Хамин тавр, Салим Иерусалим, яъне шаҳри Салим шуд, ки маънои «макони офаридашудаи Офаридгор»-ро низ дорад.
Соли 1000-и қабл аз мелод ҳазрати Довуд (а.с.) Қудсро ба даст меорад ва пойтахти шоҳӣ эълон мекунад. Ҳазрати Сулаймон (а) бошад, Қудсро васеътару ободтар месозад.
Соли 638 Қудс дар давраи ҳазрати Умар (раз) фатҳ мешавад. Баъдан, Абдулмалик бин Марвон халифаи Уммавиҳо Масҷиди Ақсоро васеъ месозад ва ҳам Қуббат-ус-Сахраро иншо мекунад…

Дасти муаллақи сулҳу оштӣ
Доктор Луай Исо дар охир зикр намуд: «Бо вуҷуди танҳо 22 дарсади хоки Фаластин дар ихтиёри фаластиниҳо боқӣ мондан, боз ҳам исроилиҳо ба ин қонеъ нашуда, дар ин ҷо ба бунёди биноҳои баландошёна машғуланд. Имрўз ҳолат чунин аст, ки як нафар фаластинӣ наметавонад аз кўча ва ё гузаргоҳи минтақаи сохтмони яҳудиҳо убур кунад. Барои он ки як фаластинӣ дар ватани худ ба мактаб, мағоза ва ё пайи иҷрои кори дигаре равад, бояд аз чанд нуқтаи назоратӣ гузашта, мавриди бозпурсии низомиёни исроилӣ қарор мегирад.
Мо аз ҷангу хунрезӣ ва рехтани хуни ноҳақ, додани талафоти зиёди ҷонӣ хаставу дилмонда шудаем.
Садҳо қарору қатъномаҳои СММ ва Шурои Амнияти ин созмон дар мавриди қазияи Ховари Наздик натиҷа надоданд ва даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилаливу ҷаҳонӣ ба доди мардуми мазлуми Фаластин нарасиданд ва нисбат ба ҳамаи ин бедодгариҳо чашм пўшиданд, бо вуҷуди он ки алъон камтар аз чаҳоряк ҳиссаи Фаластини таърихиро дар ихтиёр дорем, мо ба ҷониби Исроил дасти сулҳу оштӣ дароз мекунем, вале ин даст имрўз дар ҳаво муаллақ мондааст.
Чӣ бояд кард? Мардуми Фаластин ҳам ҳуқуқи дар фазои ором озодона зиндагиву кору таҳсил кардан мехоҳад. Аммо афсўс….
Танҳо журналистон ҳастанд, ки дарду мушкили мардуми Фаластинро ба ҷаҳониён мерасонанд», - хулоса намуд суҳбаташро ҷаноби сафир.

Алӣ ҶЎРА



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: