БАРОДАРЕ, КИ ДЎСТ БУД18-01-2022, 10:32
Хабарро хонданд: 12719 нафар
Назарҳо: 1
Сафари охирин «…Сафарномаҳо бисёр аст ва сафарҳо зиёдтар. Аммо сафарномаи хотирмонро касоне навиштаанд, ки сафаре ба қиблаи дил доштаанд. Пас аз мутолиаи он вуҷуди кас саршори ишқи ёр мешавад ва бармехезаду роҳ мегирад ба кӯйи Ў. Ҳамаи дӯстию меҳрубонӣ ва сафою якрангиро ашхосе, ки ба Хонаи Дӯст сафар доштанд, хуб мебинанд ва аз кӯчаи ишқ суҳбат мекунанд…». Ин сатрҳоро аз китоби бародари бузургам Ҳоҷӣ Назаралӣ Сафаров «Аз хонаи дил то Хонаи Дӯст» (Душанбе: «Шарқи озод», 2012) овардаам, ки ду сол қабл, 6 январ рахти сафари охиратро баста буданд. Акнун ўро аз хотираҳо меҷўям ва ба ин васила, худро таскин медиҳам. Худованд ашхоси накусиришту заҳматкашро дӯст дорад. Ҳоҷӣ Назаралӣ Сафаров аз зумраи чунин афроде буд. Ӯ дар ҳар куҷое, ки бо амри тақдир кор кард, пайваста баҳри ободию шукуфоӣ мекӯшид, то аз хеш номи нек боқӣ гузорад. Замоне дар рустои Тутакаи Алмосидараи Ҳисор ба олами ҳастӣ чашм кушод, ки дар мамлакат ҷанги хонумонсӯзи фашистӣ идома дошт. Ба Ватан хатар таҳдид мекард. Ҷавонмардон барои ҳимояи марзу буми ватани нопайдоканор ба майдони ҳарб сафарбар шуда буданд. Дар ақибгоҳ мардони солхӯрда ва занону кӯдакон, бо умеди ғалаба нимгуруснаю нимбараҳна заҳмат мекашиданд ва барои ҷанговарон либоси гарму ғизо мефиристоданд. Ҳатто шилдироси оби рӯди шӯхи Хонақо низ он солҳо ба гӯш ғамангез мерасид. Устухони вай дар ҳамин гуна муҳит, дар ҳалқаи ҳамдиёрон сахт мешуд. Меҳри замин, самимияти мардони ба номусу меҳнатқарин ба дили ин фарзанди деҳқон аз ҳамон вақт ҷой гирифт. Агар зиндагиномаи ин марди шарифро варақ занем, мебинем, ки тайи 42 соли фаъолияти кориаш наздики 30 сол роҳбарии корхонаву хоҷагиҳоро бар уҳда доштааст. Ў корро пас аз хатми факултаи механикаи Донишкадаи кишоварзӣ (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур) соли 1965 ба сифати механики хоҷагии Калинин шуруъ мекунад ва дар ниҳоят соли 2007 аз вазифаи раиси Ассосиатсияи ҳоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи (шаҳри) Ҳисор ба нафақа мебарояд. Ҳашт соле, ки дар вазифаи сардори Иттиҳодияи ноҳиявии «Селхозтехника» кор кардааст, ҳолати хизматрасонии техникаи хоҷагии қишлоқро ниҳоят баланд бардошта буд. Шудгор сари вақт ва бо сифат анҷом дода мешуд. Кишт дар хоҷагиҳои ноҳия дар зарфи шаш-ҳашт рӯз, дарави ғалла дар муддати чор-панҷ ҳафта, дарави алафҳои бисёрсола дар муҳлати се-чор ҳафта ба охир мерасид. Дар ноҳия соли 1980 наздики 40 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки бештар аз 50 дарсади ҳосилро бо мошин ғунучин намуданд. Сардори иттиҳодия барои таъмини ноҳия бо техника, қисмҳои эҳтиётӣ, ҳатто дастгоҳҳои механиконидашудаи соҳаи чорводорӣ бо намояндагони дигар ҷумҳуриҳо робитаи мустаҳкам дошт. Қариб тамоми бахшҳои соҳаи хоҷагии қишлоқи ноҳия механикунонида шуданд. Баъди анҷоми кори мавсимии хоҷагиҳо таҳти роҳбари ӯ, техника дар муҳлати кӯтоҳ аз таъмир бароварда шуда, ба мавсими нав тайёр мегардид. Бештари машварату омӯзишҳои амалию назариявӣ барои кормандони соҳаи техникаи кишоварзии ноҳия ва ҷумҳурӣ дар ҳамин иттиҳодия баргузор мегардид. Он солҳо тавассути Иттиҳодияи «Селхозтехника»-и ноҳия ба хоҷагиҳо беш аз 600 адад трактору комбайн, мошинҳои пахтачинию боркаш ва дигар воситаҳои техникӣ фурӯхта шуд. Замони раиси хоҷагии «Ленинизм»-и ноҳия буданаш низ дар бораи фаъолияти ӯ дар байни мардум ва расонаҳои хабарӣ суханони нек мегуфтанд, зеро хоҷагии мазкур дар як муддати кӯтоҳ аз ақибмонӣ раҳо шуда, ба сафи хоҷагиҳои миллионери Тоҷикистон дохил шуд. Чунончи, соли 1989 хоҷагӣ 1 миллиону 240 ҳазор сӯм даромади соф гирифт. Фоидаи тоза аз соҳаи пахтакорӣ 594 ҳазор сӯмро ташкил дод. Нақшаи пахтасупорӣ 126,8 фоиз иҷро гардид, ки аз ҳар гектар 33 сентнериро ташкил медод. Соҳае набуд, ки нақшааш иҷро нашуда, фоида наоварда бошад. Он сол низ ба хоҷагӣ чун соли қаблӣ, ки чинаки мошинии пахтаро дар байни хоҷагиҳои ҷумҳурӣ аз аввалинҳо шуда иҷро кард, мошини сабукрави «Волга» ГАЗ-24 туҳфа карданд. Дар ҷамъбасти сол ин бор ҳам раис калиди мошинро ба дасти механизатори пешқадам дод, ки он замон бисёриҳо орзуи доштани чунин мошинро доштанд… Қиссае, ки анҷом надорад Қиссаҳои зиндагии бародарам анҷоме надоранд. Онҳо ҳамеша дар хотираҳои ман ба ҷилва меоянд. Дар ибтидо як ҷо зиндагӣ мекардем, дар ҳавлии падар. Ҳеҷ фаромўш карда наметавонам. Соли 1972, ҳаво на он қадар гарм. Ба хаёлам, нимаҳои фасли баҳор буд. Ман дар синфи дуввум мехондам. Мактаб рў ба рўи хонаамон, дар он тарафи дарё воқеъ гардидааст. Ҳангоми танаффус назарам ба дарвозаи ҳавлӣ афтод, ки ба як мошини боркаш чанд нафар курпаю дигар ҷиҳози хонаро бор мекунанд. Бетоқат шудам, ҳатто сумкаамро нагирифта, сўи хона давидам. Вақте расидам, падарам даст ба дуо бардошта, мегуфтанд, ки «Назаралиҷон, дар ҳар куҷо Худо нигаҳбонат бошад, ҳамсару фарзандонатро эҳтиёт кун… ». Янгаам ҳамроҳи фарзандонаш дар кабина, бародарам бошад, болои мошин, рўйи бастаи кўрпаҳо ҷой гирифтаанд. Ҳангоме ки мошин ба ҳаракат даромад, нигоҳам ба падарам афтод, ки хомўшона гиря мекарданд. Гиряи падарро пеш аз ин ва баъди ин то вопасин рўзи ҳаёташ надидаам. Ҳатто дар фоҷеаи сангини хонадон, ки охири соли 1997 ба сари бародари дуюмам – Файзалӣ омада буд, падар мисли чўби тар аз дарун месўхт, аммо дардашро вонамуд намекард. Ин сўзиш оқибат баъд аз ду ҳафтаи марги бародар корашро кард, падар ҳамроҳи модарам дар як рўз ҷаҳони фониро тарк карданд ва ба абадият пайвастанд. Рухсораи модарамро низ ашк тар карда буд. Дили ман ҳам ганда шуд. То аз назар нопадид шудани мошин аз пасаш нигаристам. Падарам бошад, ҷомаашро таҳ карда, рўи санге, ки чун курсӣ хизмат мекард, гузошту ба он паҳлў зад. Ба ҳавлӣ, ба хонае, ки бародарам то он рўз зиндагӣ дошт, даромадам. Чашмам дар даҳлез ба газ (таҷҳизоте, ки дар оташи он ғизо мепазанд), ки рангаш сафед буду барои пухтупаз он солҳо таҷҳизоти модерни рўзгор маҳсуб мешуд, афтид. Аз берун садои зане, ки барои гусел омада буд, ба гўшам расид: «Фарзанди неку дурандеш ҳамин хел мешавад, газашро ба пиру кампир мондааст, ки ҳангоми пухтупаз азоб накашанд». Он солҳо мардуми деҳа барои пухтупаз бештар примусро истифода мебурданд, ки бо керосин месўхт. Дар хонаи дарун телевизор болои мизи чўбини дастисоз меистод. Ноқили мавҷрасон ҷудо аз он дар мехи танаи девор баста шуда буд. Нўги он ба мавҷқабулкунак (антенна), ки аз симҳои ғафси алюменӣ сохта шудааст, пайваст буд. Мавҷқабулкунакро бошад, дар пояи оҳанине, дар масофаи тахминан ҳазор метр аз хона дуртар, дар теппаи рў ба рў, ки аз сатҳи дарё 350-400 м баланд аст, насб кардаву барои он ки поя аз шамол наҷунбад ва мавҷ гум нашавад, аз чор тараф бо сим онро баста ба замин мехкўб кардаанд. Хароҷоти он аз нархи телевизор 5-6 маротиба зиёд аст, вале дигар илоҷ набуд, фақат бо ҳамин роҳ барномаҳои телевизионро тамошо мекардем. Он солҳо мисли имрўз мавҷфиристандаҳои қавӣ набуд ва тамошои барномаҳои телевизион дар деҳоти кўҳистон мушкилӣ дошт. Ҳамин тавр, хира-хира консерту киноро аз телевизиори тамғаи «Рекорд» тамошо мекардем. Аввалин нафаре, ки дар деҳа телевизор дошт, бародарам буд. Фаршу деворҳои хона холӣ буд. Ин ҳолро дида, ман ҳам ба гиря даромадам. Дилам мехост ҳар чи зудтар хонаи бародарам равам, янгаи меҳрубонамро бинам, бо ҷиянҳоям бозӣ кунам. Дарди ҷудоиро бори аввал ҳамон вақт дар вуҷудам эҳсос кардам. Хаёлам, ҳавлии падар бо кўч бастани аҳли оилаи бародар холӣ шуд. Барои ман, ки ба янгаву фарзандонаш сахт дил баста будам, дурӣ аз онҳо гарон буд. Ҳамин гуна эҳсос баҳори соли 2015 бори дигар вуҷудамро ларзонд. Баъди марги ҳоҷибибӣ-ҳамсари бародарам хаёл кардам, ки модарам дуюмбора аз сар рафт… Аз ёдҳо… Хотираҳои дўстони бародарамро дар бораи ў варақ мезанаму гумон мекунам, ки вай дар паҳлўям нишастаасту ҳар замон сар ҷунбонида табассум мекунад. Устоди бародарам, собиқ Котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳияи Ҳисор шодравон Ўроқ Азимович Аловиддинов дар хотираҳояш чунин ёдовар шудааст: «Ноябри соли 1944 дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор ноҳияи нави Алмосӣ созмон ёфт ва то августи соли 1948 барқарор буд. Ба ноҳияи Алмосӣ шўроҳои деҳоти Қипчоқ, Хонақоҳи Кўҳӣ, Алмосӣ, Ҷиргинак ва шўроҳои деҳоти Лучоб ва Қуруқ аз ҳисоби ноҳияи Варзоб ҳамроҳ карда шуд. Ноҳия 79 колхоз дошт. Ман бошам, коргари одии кумитаи партиявии ноҳияи Алмосӣ будам. Дар ҳар ҷамъомаде, ки бо иштироки фаъолон ва роҳбарони хоҷагиҳо мегузашт, бевосита ширкат мекардам. Дар колхозҳо роҳбарони кордон, ташкилотчиёни истеҳсолот, ки ба халқу давлат содиқ бошанд, кам набуданд. Бояд гуфт, ки то соли 1950 хоҷагиҳо ниҳоят хурд буданд. Яъне, дар ду-се қишлоқ як колхоз созмон дода шуда буд. Дар деҳаҳои Тутака, Қарахонӣ (ҳоло Гули Сурх), Неъматбоӣ марди тахминан 40-41- сола Сафар Ҷўра раиси хоҷагӣ буд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо дар майдони набард, балки дар ақибгоҳ низ мушкилиҳо меовард. Аксарияти ҷавонмардон ба ҷанг рафта буданд. Дар ақибгоҳ занону духтарон, писарони 14-17- сола ва пирони 70-80- сола кор мекарданд. Зиндагӣ ниҳоят вазнин буд. Хўрокворӣ намерасид. Барзаговҳои ҷуфтӣ хароб, кунҷора набуд. Ҷуфтгарҳо дар як рўз 35-40 кило ғалла кишт карда, аз 5 соат зиёд кор карда наметавонистанд. Тухмӣ барои кишт намерасид. Колхоз ягон намуди техника надошт. Бо вуҷуди ин мардуми ақибгоҳ нисфи зиёди маҳсулоти истеҳсолкардаашро бо мақсади дастгирии сарбозон ба фронт мефиристонд. Раиси хоҷагӣ дар солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ одамонро дар атрофи худ муттаҳид намуда, пурра ба кор сафарбар мекард. Худию бегона намегуфт. Аз хоҷагии вай он солҳои мудҳиш ягон нафар аз гуруснагӣ намурда буд. Дар дигар хоҷагиҳо ин ҳолат ҷой дошт. Солҳои қаҳтии 1930-1934 низ дар ин русто ҷони касе аз гуруснагӣ ба чанголи аждаҳои марг нафатодааст, чунки осиёби падарии Сафар Ҷўра эҳтиёҷи мардумро бароварда мекард. Дар анбори хоҷагӣ ғаллаи захира барои хўрока ва тухмӣ нигоҳ дошта мешуд. Музди меҳнаташонро колхозчиён мегирифтанд. Он солҳо доштани як ҷуфт барзагов, испор, оҳани ҷуфт, шоха, ғалбер, белу каланд ва дигар асбобҳо ба ҳар кас муяссар намегашт. Сафар Ҷўра ҳар як узви хоҷагиашро бо олотҳои истеҳсолӣ таъмин менамуд. Раис қобилияти баланди кордонӣ, муомилаи хуб дошта, ростқавл буд. Ҳамаи колхозчиён дар симои сарварашон падари ғамхорро медиданд. Дар маъракаю ҷамъомадҳо, дар ҳамаи ҳолат дар паҳлуи мардум буд. Дар он солҳо Додо Рустамов, котиби идеологии кумитаи партиявӣ, дар ҳамин қишлоқи зебоманзар зиндагӣ мекард. Сафар Ҷўра аз ин марди наҷиб пайваста маслиҳат мепурсид. Котиби якуми кумитаи партиявии ноҳияи Алмосӣ Саидраҳмон Муҳаммадиев ва раиси комиҷроия Ашўр Насриддинов сари ҳар чанд вақт корҳои хоҷагиро месанҷиданд. Раис ҳар як маслиҳату эроди роҳбаронро ба инобат мегирифт, чун шогирд муносибат мекард. Хоҷагӣ таҳти роҳбарии Сафар Ҷўра дар ноҳия пешқадам ва сазовори таъриф гардида буд. Дар тамоми водӣ ин марди шарифро эҳтиром мекарданд. Ў дар тарбияи фарзандон хизматҳои хубе кардааст. Назаралӣ Сафаров, ки фарзанди калони ин раиси номдор аст, солҳои раисии падараш тахминан 7-8- сола буд. Зиёда аз 50 сол падар ба фарзанди меҳрубони худ ҳарчи медонист, омўхт. Доимо таъкид мекард, ки бояд барои халқу ватан хизмати содиқонаю арзанда кунад ва номбардори падару авлод бошад. Назаралӣ баъди хатми Институти кишоварзии Тоҷикистон зиёда аз 37 сол аст, ки дар ноҳияи Ҳисор дар вазифаҳои гуногун бенуқсон хизмат мекунад. Тўли ин солҳо фақат раҳмати умумро сазовор гардид. Ман аз соли 1966 то имрўз дар ноҳия бо ў паҳлў ба паҳлу кор кардам. Чандин сол роҳбараш будам. Вай шахсест, ки аз зинаҳои поён то боло, аз коргари қаторӣ то курсии роҳбарӣ ҷиддӣ тарбия ёфта, ба камол расид ва бо рафтори хоксоронаю одӣ ба дили одамон роҳ ёфтааст. Солҳое, ки сардории Ититиҳодияи «Селхозтехника»-и ноҳия ва раиси раёсати хоҷагии «Ленинизм»-ро бар уҳда дошт, ҳамроҳи ў дар як рўз то 14 соат кор мекардем ва бори дигар боварии қатъӣ ҳосил намудам, ки вай аз уҳдаи зинаҳои баланди роҳбарӣ пурра мебарояд. Барои вай коргар, механизатор, замин, об, техника бебаҳоянд ва аз уҳдаи истифодаи ҳамаи ин захираҳо мебарояд. Таҷрибаи хуби иттиҳодияе, ки Назаралӣ Сафаров роҳбар буд, ба тамоми Иттиҳоди Шуравӣ паҳн карда шуд. Даврае, ки ман вазифаи котиби якумро ба зимма доштам, Назаралӣ Сафаровро дар ҳалли масъалаҳои дар ноҳия ба миёномада пурра истифода мебурдем. Супоришҳои кумитаи ҳизбӣ аз тарафи ў пурра иҷро мешуд Соли 1976 Ғоибназар Паллаев - сардори Иттиҳодияи «Селхозтехника»-и ҷумҳурӣ буд. А.Н. Ижевский- сардори Иттиҳодияи «Селхозтехника»-и Иттиҳоди Шўравӣ, Ҷаббор Расулов -Котиби якуми Кумитаи Марказӣ, Маҳмадулло Холов -Раиси Шўрои Олии ҷумҳурӣ ва котибони якуми вилоятҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷумҳурӣ ба ноҳияи Ҳисор омада, Машварати умумииттифоқӣ гузарониданд. Назаралӣ Сафаров, сардори Иттиҳодияи ноҳиявии «Селхозтехника» дар ин машварати амалию назариявӣ оид ба таҷрибаи пешқадами механизаторони ноҳияи Ҳисор сухан карда, аз таҷрибаи бойи худ гуфт ва шуҳрати механизаторони ноҳияю ҷумҳуриро баланд бардошт. Як лаҳзаи ҳаёти душвор аз ёдам набаромада аст, ки онро то ҳол ба хотир меорам. Баъди аз вазифаи котиби якум рафтанам, ба кори Инспексияи давлатӣ оид ба тайёр кардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ таъин шудам. Дар ҷои кори нав мошини вайроне буду халос. Ба роҳбарони ноҳия борҳо муроҷиат кардам, ки онро соз кунанд. Хуб гуфтанду дигар амале нашуд. Мушкилоти маро Назаралӣ Сафаров фаҳмид. Дар муддати се рўз мошинро аз таъмири пурраи капиталӣ баровард. Аз деталҳои одӣ то кузови мошин нав карда шуд. Ягон кас фикр намекард, ки ҳамон мошини пештара бошад. Ғайр аз ин, дар муҳлати таъмир мошини хизматиашро ҳамроҳи ронанда ба ихтиёри ман гузошта буд. Вай дар дақиқаҳои душворе, ки баъзеҳо тамасхуромез менигаристанд, бо дастгирии худ маро аз рўҳафтодагӣ раҳо намуд. Дар ҳамин вақт, дуруст ҳис кардам, ки ў марди ҳақиқӣ, бо нангу номус, уҳдабаро, нисбат ба одамон ғамхору меҳрубон ва дўсте, ки аз бародар боло аст…». Сабақ Мирзоалӣ - писари дуввуми шодравон аз хотираҳои дар бораи падар доштааш ёдовар шуд: «Мактабхон будем, дар таътили тобистона ману додарам Субҳоналиро ба легери бачаҳо, ба дараи Ромит бурданд. Се ҳафтаро мувофиқи роҳхат он ҷо гузаронидем. Соли дигар низ падар хостанд дар вақти таътил ба лагер равем, вале барои мо, бачаҳои шаҳрӣ, деҳа, хонаи бобоям маъқул буд. Сайругашти озод бо ҳамсолон, лаби дарё, оббозӣ, харсаворӣ, навбати пода барин машғулиятҳоро дўст медоштем. Бинобар ин истодагарӣ кардем, ки лагер намеравем ва дар таҳхона пинҳон шудем. Як рўз субҳи барвақт падар моро бедор карданд, ки хезед, колхоз тамошо мебарам. Мо хурсанд шуда, либосҳои нав пўшидем. Аммо гуфтанд, ки шарт нест либоси нав, беҳтараш либосҳои корӣ пўшед. Аввал ба ҷои кори падар рафтем. Дар қабулгоҳ - назди ҳуҷраи кории раис каме интизор шудем. Раис дар дохил чанд нафарро ба ҳузури худ хонда, аз рафти корҳои ба уҳдаашон вогузоршуда пурсон ва супоришҳо медоданд. Сипас, аз ҳуҷраи кориаш берун шуда, ба нафаре супориш доданд, ки ба ин бачаҳо хаскашак деҳ ва ба сари замине бубар, ки комбайн гандумашро дарав кардааст. Онҳо барои чорвои хона бояд коҳ захира кунанд. То нисфирўзӣ бо шавқ коҳу пояи гандуми аз комбайн боқимондаро ҷамъ кардем. Гармии офтоб бештар мешуд, арақ аз сару рўямон мерехт. Ҳамин вақт ронандае мошинашро дар наздамон нигоҳ дошта, пурсид, ки «писари кӣ мешавед?» Чун фаҳмид, ки мо писари раисем, сар ҷунбонду гуфт, ки «наход падарам раис бошаду ман дар ин гармои тобистон, дар ин дашт коҳ ҷамъ кунам. Шумо падаратонро гўед, ба ман супориш диҳад, ба ҷои як мошин ду мошин коҳ ба хонаатон мебарам». Аз ин суханони ронанда алами мо дучандон зиёд шуд. Дигар шавқи кор намонда буд. Ҳар ду бародар хостем дар сояи дарахте нишинем. Дар ҳамин вақт дидем, ки мошини раис сўи мо меояд. Аз паси мошин чанги хок ба ҳаво парешон. Мошин дар назди мо қарор гирифт. Раис ҳамроҳи нафаре аз мошин фаромада, аз мо пурсиданд, ки «чӣ хел, кори дашт осон ё душвор?» Чун диданд, ки чашмони мо аз ашк пур мешавад, ба ҳамроҳашон гуфтанд, «ки коҳи бачаҳо ҷамъкардаро ба мошин бор карда хонаат бар, барои захираи зимистон». Ва ба мо ишора карданд, ки ба мошин савор шавед. Дар бораи меҳнати дашт на дар дохили мошин ва на дар хона падар дигар чизе нагуфтанд. Ба ҳикмати ин дарси падар акнун сарфаҳм меравам, ки ду писарам дур аз Ватан таҳсил доранд, - илова кард Мирзоалӣ. Ғамгин машав! Охири соли 1997 буд. Ҳамроҳи дўстон маслиҳат кардем, ки Соли навро якҷо пешвоз мегирем. Аммо марги фоҷеабори бародари 42 - солаам Файзалӣ ин орзуро бар бод дод. Акнун мусибат роҳи хонаи моро ёфт. 8 январи соли 1998. Даҳаи аввали моҳи шарифи Рамазон. Рўзи панҷшанбе, маросими бисти фотеҳаи бародарамро мегирифтем. Ҷисми модарам ба фироқи фарзанд дигар тоб наовард ва он рўз амонати худовандро бозпас супурд. Баъди 34 дақиқаи реҳлати модар рўҳи падарам низ ба олами бақо пайваст. Хаёл кардам осмон ба сарам фурў рафт, агар акаи Назаралӣ намешуд, ғами азизон решаи ниҳоли умри маро ҳам мехушконд. Дар он рўзҳои сахт дасти навозиши бародар балои сарам буд ва маро ба сабр во медошт. Ў, ки дар мактаби зиндагӣ обутоб ёфта, гармиву сардиҳои ҳаётро дида буд, бо суханҳои пандомезаш яъсу ноумедиро аз вуҷуди ман меронд. Бар замми ин китоби «Ғамгин машав»- и нависандаи араб Оизи Қарниро бароя тақдим намуд, ки онро хонда, дарду ранҷамро сабук гардонам. Ҳар боре ба мушкилоте гирифтор мешудам, барои маслиҳат назди Назаралӣ Сафаров мерафтам, ки бо таҳлили дурусту ҳидоятҳои некаш маро аз банди рўҳафтодагӣ раҳо мекард. Акнун баъд аз сари ў дар рўзҳои мушкил ҳамин китобро варақ зада, симои бародарамро пеши назар меорам, аз дуриҳо садояшро мешунавам: «ғам махўр…», ки ба ман неруи тоза мебахшад. Наздик мешавем «Ҳамакнун дар остонаи сафари ҳаҷ истодаам ва либосе ба бар кардаам, ки ҳамранги хок аст, ҳамон ранге, ки кулолгарон аз он кўза месозанд, ранги сиришти инсоне, ки чун хок аст, вале бо дамидани рӯҳ бо ҳазор нақши зебо ҷилва мекунад. Ин ранг ёдовари он аст, ки аз хок шуруъ кардаем, то бо либоси ишқ ба осмони висол бирасем… Воқеан, чандест аз пайи андешаҳо қадам мезанам. Дар тасаввурам хешро дар Хонаи Дӯст мебинам. Вақтҳои охир дар дилам муҳаббати ин хона боз ҳам бештар мешавад, то ба ҳадде, ки мехоҳам ҳамнафаси азизони Худо бошам…». Ин сатрҳоро аз китоби «Аз хонаи дил то Хонаи Дӯст» мехонам. Имрўз бародарам дар хонаи хок, либоси хокӣ бар тан дорад. Вай бо хок омехтааст ва бо хок зиндагӣ мекунад. Баҳору тобистон, тирамоҳу зимистон бо хок сабз мешавад, гул мекунад, бор меорад, ором мегирад. Фарзанди падар меваи ноёфтанист. Барои дубора пайдо кардани он бояд волидайн аз нав ба олами ҳастӣ баргарданду зиндагиро аз сар бигиранд, ки ин албатта номумкин аст. Мегўянд, ки инсон баъди фавт бо гузашти замон ба тадриҷ фаромўш мешавад. Аввал номаш аз забон меравад, баъдтар симояш аз хотираҳо дур мегардад. Вале ҳис мекунам, ҳар рўзу соате, ки мегузарад, маро бо бародарам наздиктар месозад… Алӣ ҶЎРА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.