Мақомоти Суғд хабар додааст, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар соли 2021 ба маблағи 12 млрд. 299,6 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки ба 107,1 фоизи нишондиҳандаи соли 2020 баробар мебошад.
Манбаъ қайд кардааст, ки дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид.
Ҳамзамон мақомоти вилояти Суғд хабар додааст, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 121417,0 гектар ғалладонагӣ ва лӯбиёгиҳо (бе ҷуворимаккаи дон), аз ҷумла 54936,6 гектар гандум, 50449,4 гектар ҷав ва 9198,3 гектар шолӣ кошта шудааст.
Ҳамзамон зикр шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ майдони кишти гандум 4780,6 гектар ва шолӣ 5,0 гектар афзудааст. Масоҳати кишти ҷуворимакка барои дон 6437,2 гектар ва зироатҳои хўроки чорво 42773,3 гектарро ташкил намудааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти вилояти Суғд аз афзоиши истеҳсоли картошка дар минтақа хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ дар соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 530000,0 тонна картошка, 572841,8 тонна сабзавот, аз ҷумла 172110,5 тонна пиёз, 93340,7 тонна мевагӣ, аз ҷумла 37506,0 тонна зардолу ва 33779,6 тонна себ, 54734,3 тонна ангур, 155373,9 тонна полезӣ истеҳсол карда шудааст.
“Нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 истеҳсоли картошка 17930,9 тонна, сабзавот 11654,6 тонна, себ 5176,7 тонна, ангур 4161,1 тонна афзудааст”, - хабар додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik.