Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Президенти Қазоқистон эълом дошт, ки сохти конститутсионӣ дар кишвар барқарор шуд Январь 7, 2022 11:53

Президенти Қазоқистон эълом дошт, ки сохти конститутсионӣ дар кишвар барқарор шуд Январь 7, 2022 11:53

7-01-2022, 14:50
Хабарро хонданд: 160 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Қазоқистон эълом дошт, ки сохти конститутсионӣ дар кишвар барқарор шуд Январь 7, 2022 11:53

ДУШАНБЕ, 07.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев эълом дошт, ки сохти конститутсионӣ дар тамоми манотиқи кишвар асосан барқарор шуд ва вазъ таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора имрӯз, 7 январ хадамоти матбуоти президенти ин кишвар пас аз ҷаласаи ситоди мубориза бо терроризм хабар дод.

«Амалиёти зиддитеррористӣ оғоз шуд. Неруҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо ҷидду ҷаҳд фаъолият доранд. Дар тамоми минтақаҳои мамлакат сохти конститутсионӣ асосан баркарор гардид. Вазъ таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Аммо террористон аз силоҳ истифода бурда, ба моликияти шаҳрвандон зарар мерасонанд. Аз ин рӯ, амалиёти зиддитеррористӣ бояд то пурра нобуд кардани ҷангҷӯён идома ёбад», — изҳор дошт Тоқаев.

Дар ҷаласа ҳамчунин иҷрокунандагони вазифаҳои вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи амнияти миллӣ низ ширкат доштанд. «Тавре роҳбарони сохторҳои қудратӣ гузориш доданд, воҳидҳои неруҳои муштараки посдори сулҳи СААД барои мусоидат ба барқарорсозии тартибот вориди Қазоқистон шуданд. Ин неруҳо ба муддати маҳдуд барои иҷрои вазифаҳои муҳофизат ва таъмини ҳифзи объектҳои стратегӣ омадаанд», — шарҳ дод хадамоти матбуот.

Президенти Қазоқистон ҳамчунин барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвар якчанд амр содир кард.

Имрӯз ӯ ба мардуми Қазоқистон дар робита ба вазъи кишвар муроҷиат мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: