Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардид

Дар Тоҷикистон суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардид

22-12-2021, 07:47
Хабарро хонданд: 440 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардид


ДУШАНБЕ, 21.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити мураккаби иқтисодӣ ва геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, афзоиши таҳримҳо, тағйирёбиии иқлим, болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷаҳон, паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 ва дигар омилҳои манфии ба иқтисоди миллӣ таъсиргузор Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешид, ки дар натиҷа соли 2021 суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардид. Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд.

Зикр карда шуд, ки рушди иқтисодӣ дар ин давра аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 22 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 23 фоиз ва гардиши савдо 13 фоиз таъмин карда шуд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки соли ҷорӣ қисми даромади буҷети давлатӣ иҷро шуда, даромади пулии аҳолӣ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020 15 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз 75 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Вале ба гуфтаи Пешвои миллат, дар кишвар захираву имконият барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва некӯаҳволии мардум ҳанӯз хеле зиёданд.

«Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки соли 2022 барои самаранок истифода намудани имконияту иқтидорҳои мавҷуда, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намудани суръати рушди иқтисоди миллӣ тадбирҳои иловагӣ андешад»,- изҳори назар намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: