Президенти собиқи СССР китоби нави «Горбачев дар зиндагӣ»-ро муаррифӣ кард2-03-2016, 16:30
Хабарро хонданд: 361 нафар
Назарҳо: 0
Президенти собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев дар Москва китоби наваш «Горбачев дар зиндагӣ»-ро муаррифӣ кард.
Рӯнамоии ин китоб дар остонаи 85-мин зодрӯзи Горачев баргузор шуд, ки 2 март таҷлил мешавад. 29 феврал зимни муаррифии китобаш дар Москва Горбачев гуфт: «Ҳар қадар дар бораи зиндагиам андеша кунам, ҳамон қадар бештар дарк мекунам, ки ҳодисаҳои муҳимтарин дар он ногаҳонӣ рух додаанд». Вай афзуд, умедвор аст, ин китоб ба русҳо дар дарки таърихи феълияшон ёрӣ мекунад. Горбачев соли 1985 ба сари қудрат расида, сиёсати ошкорбаёнӣ ва бозсозиро, ки озодии бештар ва ислоҳотро ҳадаф дошт, роҳандозӣ кард. Дар натиҷа, низоми сотсиалистӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ аз байн рафту Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 пош хӯрд. Таҳиякунандаҳои ин китоб Владимир Поляков ва Карен Карагезян хабар доданд, ки ин китоби маъмулӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Горбачев набуда, «такрори» осори қаблан нашршуда дар бораи шахсият ва корномаи Горбачев нест. “Ин китоб танҳо баъзе аз лаҳзаҳои ҳаёти Горбачевро бо нақл аз суханҳо ва ёдовариҳои ҳамсолонаш рӯшанӣ меандозад”, - гуфтанд онҳо. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.