Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иштирок дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашхободи Туркманистон 28.11.2021 16:03, Туркманистон

Иштирок дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашхободи Туркманистон 28.11.2021 16:03, Туркманистон

29-11-2021, 10:30
Хабарро хонданд: 190 нафар
Назарҳо: 0
Иштирок дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашхободи Туркманистон 28.11.2021 16:03, Туркманистон

28 ноябр дар шаҳри Ашхободи Туркманистон 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин ва Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Нозирӣ Хусрав иштирок карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедовро барои анҷоми муваффақонаи раисиаш дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ табрик гуфта, барои ташкили сатҳи баланди нишасти имрӯза миннатдорӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар карданд, ки мулоқоти кунунӣ, ки дар Рӯзи Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад, қадами муҳиме дар роҳи рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории гуногунҷанба миёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ хоҳад гардид.

Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат оид ба бӯҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонии дар натиҷаи ҳамагирии “КОВИД-19” баамаломада, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои Саммити имрӯза ба истифодаи беш аз пеши нерӯи Созмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ва таъмини рушди устувор дар минтақаи он мусоидат хоҳанд кард.

Бо таҳлили вазъи ҳамкории тиҷоратӣ байни кишварҳои аъзои Созмон ҳамчун омили рушди босуръати иқтисоди минтақавӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тиҷорат дар миёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳамагӣ ҳашт фоизи ҳаҷми умумии савдои онҳоро ташкил медиҳад ва ин рақам баёнгари истифодаи нокифояи имкониятҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади тавсеа бахшидан ба ҳамкории тиҷоратӣ дар чорчӯбаи Созмон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати бартараф кардани маҳдудиятҳои карантинии нақлиётиву транзитии бинобар ҳамагирӣ ҷоригардида, ҳамчунин монеаҳои тиҷоратии тарифӣ ва ғайритарифӣ иқдомоти мушаххас анҷом дода шаванд.

Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сатҳи ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти озуқаворӣ таҳлил намуда, густариши робитаҳо ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои муҳимро барои таъмини рушди устувор дар минтақа зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки кишварҳои аъзои Созмон аз захираҳои зиёди меҳнатӣ ва табиӣ, инчунин имконоти бузурги энергетикӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ бархурдоранд.

Ба андешаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи муштарак ва самараноки ин иқтидорҳо метавонад ба нафъи афзоиши беҳбудӣ ва шукуфоӣ, таъмини шароити мусоиди тиҷорати байниҳамдигарӣ, ҳаракати озоди одамон ва боркашониҳои нақлиётиву транзитӣ, ҳамчунин таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақаи мо хидмат намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Бозори минтақавии энергетикӣ ҷонибдорӣ карда, татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи “CASA-1000”, ки нахустин пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хоҳад буд, иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки фаъолияти Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба рафъи мушкилоти мавҷуда ва мусоидати ҳамаҷониба ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои аъзо нигаронда мешавад.

Ҳамагирии “КОВИД-19”, бешубҳа, ба густариши иҷтимоиву иқтисодии ҳамаи кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон таъсири зиёди манфӣ расонид.

Бо дарназардошти вазъияте, ки дар пасманзари пандемия ба вуқӯъ пайвастааст, Президенти мамлакат ҳамчунин таъсиси абзори ҳамкории минтақавии мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, алахусус бо “КОВИД-19”-ро ба мақсад мувофиқ шумурданд.

Зимни баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Созмон пешниҳод карданд, ки ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва дар ин зимн коҳиши таҳдидҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардад.

Изҳори умед карда шуд, ки пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва мушаххас сохтани санаи “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин таъсиси “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби шарикони мо дар Созмон ҷонибдорӣ хоҳанд ёфт.

Дар робита ба тақвияти ҳамкории кишварҳои узви Созмон дар соҳаи сайёҳӣ таъкид карда шуд, ки шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 эълон гардидааст ва дар идомаи тадбирҳо ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ моҳи августи соли равон дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии “Душанбе - пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ” ва Форуми байналмилалӣ оид ба рушди агротуризм баргузор гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон азм дорад, то минбаъд низ дар фаъолияти Созмон дар ҳамаи шаш самти афзалиятнок, ки дар санади бунёдии “Дурнамои Созмони ҳамкории иқтисодӣ - 2025” дарҷ гардидаанд, ширкат дошта бошад.

Дар ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳамчунин Пешвои миллат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ҳамеша аз таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар тамоми қаламрави Созмон ба манфиати шукуфоии мардумони мо ҷонибдорӣ мекард ва мекунад.

Дар фарҷоми суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раёсати сермаҳсули Туркманистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодиро қайд карда, ба Ҷумҳурии Узбекистон дар давраи раисӣ дар Созмон барори кор орзу намуданд.

Дар охир аз рӯйи натиҷаи кори 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ “Консенсуси Ашхободӣ оид ба амалҳо” қабул гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: