Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таъсиси гурӯҳи «Мушоҳидон»

Таъсиси гурӯҳи «Мушоҳидон»

2-03-2016, 13:12
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
Таъсиси гурӯҳи «Мушоҳидон»Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ дар баробари ҳамаи роҳбарону масъулон аз ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар ин соли таърихӣ, яъне 25-солагии Истиқлолияти кишварамон аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос бошем.

«Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия намоем»- омадааст дар Паём.

Бо мақсади роҳандозӣ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Парлумони кишвар ва иҷроиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд якчанд чораҷӯиҳоро тарҳрезӣ намудааст. Ташкили мулоқоту вохӯриҳо оид ба омӯзиш ва шарҳи мӯҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолзанони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кумитаи маҳаллаҳо, таъсиси гурӯҳи «Мушоҳидон», Рӯзи ягонаи ахбор, ҳамкорӣ бо радио ва телевизионҳои маҳаллӣ, баргузории маҳфилу мубоҳисаҳои сиёсӣ аз ҷумлаи ин тадбирҳост.

Чан рӯз пештар ҷаласаи аввалини таъсисдиҳии гурӯҳи «Мушоҳидон» дар назди шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он фаъолазанҳо, собиқадорони ҳизб ширкат варзиданд.

Фаъолияти гурӯҳи «Мушоҳидон» асосан барои устувор гардидани оилаҳои ҷавон, пешгирӣ намудани қонуншиканӣ дар мавриди иҷроиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» нигаронида мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: