Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ниҳолшинонӣ дар Майдони “Истиқлол” ва шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ

Ниҳолшинонӣ дар Майдони “Истиқлол” ва шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ

15-11-2021, 10:18
Хабарро хонданд: 150 нафар
Назарҳо: 0
Ниҳолшинонӣ дар Майдони “Истиқлол” ва шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ

14.11.2021 13:40, шаҳри Душанбе

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар як гӯшаи боғ ниҳоли дарахти нодири секвойя шинониданд.

Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан дарахтони секвояи калифорниягиро 20 сол қабл аз хориҷи кишвар оварда, дар боғи Қасри миллат парвариш карда буданд.

Дарахти секвойяи калифорниягӣ зебову нодир буда, 3000 сол умр мебинад. Секвойя дар шароити иқлими Тоҷикистон мумкин аст, то 1000 сол умр бинад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани дарахт ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва беҳдошти муҳити зист дар кишвар оғоз бахшиданд.

Аз ҳозир ё дар ин мавсим шинонидани дарахт хусусияти хоси худро дошта, барои 99 фоиз хуб нашъунамо ёфтани ниҳол мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки то имрӯз бо дастури бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боғ дар майдони “Истиқлол” дарахтони зиёди ороишӣ аз хориҷи кишвар ворид гардидааст.

Дар маҷмуъ то имрӯз дар гӯшаҳои алоҳидаи боғи майдони “Истиқлол” 5510 адад дарахтони зебову нодири ороишӣ шинонида шудааст ва нашъунамои хуб доранд.

Тарҳи лоиҳаи бунёди ин мавзеъи дилкаш бо санъати нотакрор ва бо риояи тамоми меъёрҳои бунёди марказҳои фарҳангию фароғатӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ ва табиатдӯстӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст.

Оянда низ дар ҳудуди боғи Майдони “Истиқлол” дарахтони нодири сояафкану ороишии ба минтақа мутобиқ шинонида мешавад.

Баъди ба истифода додани Майдони “Истиқлол” ин мавзеъ минбаъд майдони асосию марказии пойтахт мегардад, зеро дар ин ҷо рамзи истиқлолу озодӣ, ки хоҳишу талоши миллати сарбаланди тоҷик аст, гузошта шудааст.

Масоҳати умумии Майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад.

Баъди шинонидани дарахт дар маъракаи имрӯзаи ниҳолшинонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони “Истиқлол” шинос шуданд.

Дар идомаи раванди созандагиҳо дар шаҳри Душанбе бунёди Майдони “Истиқлол” бо Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол ва Озодӣ” аз пешрафту шукуфоӣ ва рушду нумуи мамлакат шаҳодат медиҳад.

Майдони “Истиқлол” бо маҷмааи рамзи истиқлолу озодӣ, ки аз иншооти асосии боғ маҳсуб меёбад, соли 2022 ба истифода дода мешавад.

Рафти бунёди майдон таҳти назорати доимии Президенти мамлакат қарор дорад, аз ин ру Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон таваҷҷуҳи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба сифатнокӣ ва муҳлати иҷрои корҳо, сифати масолеҳи сохтмонӣ ва вусъат бахшидани дигар тадбирҳои ободонии вобаста ба бунёди он ҷалб карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: