Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 21-22 октябр дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, борон ва дар доманакӯҳҳо барф меборад

ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 21-22 октябр дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, борон ва дар доманакӯҳҳо барф меборад

19-10-2021, 15:04
Хабарро хонданд: 103 нафар
Назарҳо: 0
ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 21-22 октябр дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, борон ва дар доманакӯҳҳо барф меборад

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21-22 октябр дар ҷумҳурӣ номусоид шудани вазъи обу ҳаво пешбинӣ шуда, боридани борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳ гузариши борон ба барф дар назар аст, иттилоъ медиҳад Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои ҷанубии кишвар чангу ғубор ба амал меояд.

Инчунин дар ҳавзаи дарёҳои Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон ва дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.

22-23 октябр ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 7-12 дараҷа паст мешавад.

АКС аз АМИ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: