Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Шарафёр

18-10-2021, 12:10
Хабарро хонданд: 326 нафар
Назарҳо: 0
Шарафёр
Сухане чанд аз рўзгори саропо ибратбахш ва шарафёри устоди зиндаёд, муаллими хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Аълочии маорифи Иттиҳоди Шўравӣ Муқим Набиев.
Аё устод аз хотир фаромўшат нахоҳам кард,
Чароғи дар дили шогирд, хомўшат нахоҳам кард.
Номи пурифтихори ин хирадманди зиндаёди давру замонҳо нимаи аввали солҳои сиюми садаи гузашта дар саросари водии Қаротегини овозадори Шўравии собиқ вирди забони ҳама аҳли дониш ва каломи хирадмандона будааст. Ў фаъолияти кории хешро аз тарбияти фарзандони аҳли заҳмати деҳдиҳи Шўрои деҳоти Шингиличи ноҳияи собиқ Шулмак оғоз бахшида, донишу фазлу фаросат ва эътибори баландаш миёни аҳли дониш соли 1938 ўро ба даргоҳи пурифтихори Институти муаллимтаёркунии шаҳри Тошканд ба номи М.Горкий овард. Ў дар қатори даҳҳо фарзандони номвари қаламрави собиқ Иттиҳоди Шўравӣ дар ин даргоҳи пурифтихор бо дониши баланд ва ахлоқи намунавӣ ва садоқати баланди ватандорӣ миёни ҳамсабақон соҳиби арҷу эҳтироми зиёд гардид. Замони хатми донишкада ба оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омада, ҷавони баркамоли бистсола бо матонату қаҳрамонӣ ва номварӣ ихтиёран бо ариза ба номи Сарфармондеҳи Олии Неруҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шўравӣ Н.В.Сталин ба ҷабҳаи набардҳои хунин раҳсипор гардид. Ў, ки соҳибмаълумот буд, барои идомаи таҳсили низомӣ ба курсҳои махсуси қумандонҳои ҳарбии ҳавоӣ фиристода мешавад. Тақдир ва сарнавишти ўро баъди хатми курсҳои хурди афсарӣ ҳамчун афсар ба полки шашуми овозадори ҳарбӣ ҳавоӣ меорад. Неруҳои фаврии зудамалӣ десантии полки шашуми ҳарбии ҳавоӣ ки зери фармондеҳии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Неруҳои ҳарбии Иттиҳоди Шўравӣ И.В.Сталин қарордошт дар шадидтарин муборизаҳо ширкат намуда, пайраҳаи қаҳрамонии онҳо аз шаҳрҳои Ногинек, Старий Русь, Сталинград, Полша, Чехославакия, Венгерия то Берлин идома ёфтааст. Лейтенанти хурд Муқим Набиев дар ин муҳорибаҳо борҳо ба марг дасту гиребон гардида, охири соли 1946 ба рутбаи капитани Артиши овозадори Шўравӣ ба Тоҷикистони азизаш баргаштааст. Китоби нохондаи матонату қаҳрамониҳояш миёни ҳамяроқонаш хеле овозадор будааст. Вале бо таассуф метавон гуфт, ки корномаи ин қаҳрамони бо иллати сиёсатҳои барғалати бархе аз сардамдорони фармондеҳии Артиши Шўравӣ пушти пардаҳои ғараз уфтода, ба таври бояду шояд қадрдонӣ нагардидаанд. Яке аз ҳамяроқони устод Гадоӣ Одинаеви Кўлобӣ борҳо дар вохўриҳояш бо мардум аз корнамоиву ҷасорату матонат ва ватанхоҳии устод Муқим Набиев қиссаҳои ҷолибе намуда буд.
Ногуфта намонад, ки дар яке аз набардҳои хунини Сталинград устод захмӣ гардида, зери борони хоку борути бомбаи фашистон гардида, хабари маргаш дар тамоми кишвар паҳн мегардад. Баъди як соли ин хабар ў сиҳату саломат ба Тоҷикистони азиз меояд. Ин воқеаи шодиафрўз бар қалби садҳо хешу табор ва ёру дўстон шодкомӣ оварда, эътибори ўро миёни мардум даҳчанду садчанд менамояд. Аз соли 1946 то соли 1957 ба фаъолияти муаллимии худро идома бахшида, ҳамчун омўзгор, директори мактаб, инспектори шуъбаи маорифи ноҳия, мудири кабинети таълимии омўзгорӣ ва дар чандин мақомҳои роҳбари фаъолият намуда, садҳо шогирдонро тарбият намуда дар роҳи хидмат ба халқу Ватан сафарбарашон намудааст. Ҳамин тавр, дар баробари фаъолияти пурсамараш соли 1948 ба шуъбаи ғоибонаи донишкдаи педагогии шаҳри (Сталинободи собиқ) Душанбеи имрўза дохил гардида, онро бо муваффақият ба итмом мерасонад. Муаллимони аввалини ноҳияи Рашт Хаёлови Бадахшонӣ, Ҳотами Аскалонӣ, Ҷонони Лоёбагӣ, Идӣ Раҳимӣ, Қалъаи сурхӣ, Бобӣ Одина, Шариф Азиз, ки ифтихори тамоми мардуми минтақа буданд, бо ифтихор ва самимият номи поки Муқим Набиевро ҳамеша ба забон оварда, ўро ифтихори ҳама хирадмандон мегуфтанд.
Ҳамин дидароӣ ва фазилати баланди инсонӣ ва донишу ифтихори зиёди ватандориаш буд, ки ҳанўз соли 1950 бо унвонҳои пурифтихори Аълочии маорифи РСС Тоҷикистон ва соли 1955 муаллими хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон ва соли 1970 бошад, Аълочии маорифи Иттиҳоди Шўравӣ гардида, дар чандин Анҷуманҳои бошукўҳи муаллимони Иттиҳоди Шўравӣ ширкат намудааст. Соли 1957 бо тавсияи Вазорати маорифи Иттиҳоди Шўравӣ дар шаҳраки Навободи собиқ ноҳияи Ғарм дар базаи мактаби миёнаи ба номи Каленин, мактаб-интернати ба номи В.И Ленин таъсис дода мешавад. Усод Муқим Набиев, ки роҳбарии он муассисаи таълимиро бар дўш дошт директори ин мактаб-интернати нав таъин гардида, беш аз 20 сол роҳбарии ин мактаб-интернати овозадорро бар зимма дошт. Замони роҳбарии устод дар ин муассисаи таълимии овозадор садҳо шогирдон ин таълимгоҳи пурэътиборро бо дониши хубу аъло хатм намуда, соҳиби эътибори баланди илмиву раҳбари гардида, номбардори Тоҷикистони азизамон мебошанд.
Шогирдони пурэътибори ин даргоҳи маърифатхез Саломов Абдуҷаббор – номзади илмҳои физика, дотсент собиқ намояндаи ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти байналмилалии ҳастаӣ, Азизов Аъзам доктори илмҳои тиб проффессор мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Саидмирзо Валиев – номзади илмҳои география, дотсент устоди Донишгоҳи омўзгории шаҳри Душанбе, Нуров Садриддин – номзади илмҳои филология, дотсент, устоди Донишгоҳи омўзгории шаҳри Душанбе, Ризоев Кишвар - номзади илмҳои иқтисод, дотсент, устоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон ва даҳҳои дигарро метавон ном бурд, ки эътибори ин даргоҳи маърифатхез буда, ифтихори саросарии Тоҷикистони азиз мебошанд. Хеле ба маврид медонам, ки аз таъкидҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳама вохуриҳояш бо зиёиёни тоҷик аз қадршиносии муаллимон сухан мегўяд, ёдоварӣ намоям. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…», ки бо ибитикори Пешвои муаззами миллат рўи кор омада, дар саросари кишвар дари маърифтаро ба рўи мардум боз намудааст, имрўз миёни мардум соҳиби ҷойгоҳи пурарзише гардидааст, ки садсолаҳо мардуми тоҷик чунин иқдомҳои маърифатпарваронаи роҳбарияти хешро надида буданд. Ин озмун таҳти назорати қатъии Пешвои муаззами миллат қарор дошта, бо пешниҳоди ў муаллимоне, ки шогирдонро ба ин озмунҳо омода намудаанд, дар баробари шогирдони ғолиб заҳмати онҳо низ қадрдони карда мешавад. Ин ҳавасмандгардонии устодон ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат буда аз садоқат ва муҳаббати бепоёни ў нисбат ба мактабу маориф ва муаллим мужда бар олами ирфон медиҳад. Ин абёти саропо пур аз муҳаббат, ки васфи поки муаллим мебошад, ифодагари ҳама таъкидҳои Пешвои муаззами миллат нисбат ба муаллим буда метавонад:
Ту субҳу сафоӣ, эй муаллим,
Сад сина саноӣ, эй муаллим.
Месўзиву то дамимдани субҳ,
Парво нанамоӣ, эй муаллим.
Ту роҳи паямбарон сипорӣ,
Маҳбуби Худоӣ, эй муаллим!
Бо ифтихори зиёд ва эътибори баланд метавон гуфт, ки ин муассисаи таълимии овозадор дар тамоми водии Қаротегин дар замони побарҷоии Иттиҳоди собиқи Шўравӣ хеле овозадор буда, ҳар сол наздики ҳаштод дарсади хатмкунандагонаш вориди донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар гардида, роҳбарияти ин муассисаи таълимӣ бо ифтихорномаву мукофотҳои зиёди Вазорати маориф ва роҳбарияти олии кишвар сазовор гардиданд. Фаъолияти муаллимӣ ва роҳбарии устоди зиндаёд Муқим Набиев миёни ҳамаи роҳбарони собиқ ноҳияи Ғарм он қадар баланд будааст, ки ҳама мақомоти роҳбарии ноҳия бо ифтихор номашро ба забон мегирифтанду ҳамеша аз машваратҳояш баҳра мебардоштанд. Яке аз роҳбарони овозадори собиқ ноҳияи Ғарм, котиби аввали ҲК-и вақт Усмон Ҳасанов дар як ёддошташ овардааст: «Аз рузи нахустини ба кори роҳбарӣ дар ноҳияи Ғарм шуруъ намуданам аз устоди бисёр ҳам азиз ва донишмандам Муқим Набиев, ки шахсияти хеле донишманд ва шинохтаи на танҳо водии Қаротегин, балки тамоми Тоҷикистони азиз буд, бисёр ҳам миннатдорам. Дар ҳама мушкилиҳо аз ў маслиҳат мепурсидам. Ҳамеша машварату маслиҳатҳояш мададгорам мешуд. Ҳамин машварат ва маслиҳатҳои судмандаш буданд, ки тавонистам дар як муддати кўтоҳ бо муваффақиятҳои калони истеҳсолӣ сазовор гардам. Шогирдони зиёди устод, ки шахсиятҳои хеле маъруф ва донишманду шинохтаи кишвар буданд, дар ҳама кор мададгори ман гардида, кумаки беминнаташонро аз ман дареғ намедоштанд. Ҳама вохўриву мулоқотҳои меҳмонони олиқадр аҳли илму дониш, шоиру нависандагон ва намояндагони сохторҳои роҳбарии кишвар, ки ба минтақаи Қаротегин ворид мегардиданд, ҷамъбасти ҳама санҷишҳоро дар ноҳияи Ғарм хотима мебахшиданд. Устод Муқим Набиев дар ҳамаи ин чорабиниҳо гули сари сабади маҳфилҳо буданд».
Ин гуфтаҳои собиқ котиби аввали Ҳизби коммунисти вақти собиқ ноҳияи Ғарм шахсияти шинохтаи фарҳангиву сиёсӣ Усмон Ҳасанов асоси воқеӣ дошта, устоди зиндаёд Муқим Набиев дар солҳои вазнини бесарусомониҳои 1996 то солҳои 2000-ум аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонии ҳамаҷониба намуда, дар роҳи истиқлоли сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми босазои хешро гузоштааст. Ў эътибори баланди омўзгорӣ ва роҳбарии хешро сарфи тарбияи пайравони сулҳу ваҳдати миллӣ намуда, мардумро бо муттаҳидиву ягонагӣ даъват намуда, сулҳу ороми дар кишварро омили наҷоти миллат медонист. Ин пири хирад соли 2002 дар аввалин вохўрии Пешвои муаззами миллат дар ноҳияи Рашт аз иқдомҳои сулҳхоҳонаи ў пуштибонӣ намуда, мақдами Пешворо ба Раштонзамин раҳмати парвадигор ном бурда буд. Ҳамин мақдами мубораки Пешвои муаззами миллат ба ин хиттаи файзрезу файзхез, ки иҳонати бархе аз курдилони тангназари нифоқангез дар вартаи ҳалокат уфтода буд, сулҳу, сафо ва шодиву сур овард. Дуои ин пирони хирад ва модарони покдомону поксиришт ки сулҳу салоҳ ба якпорчагиро аз Худованди бахшандаву меҳрубон хоста буданд, мустаҷоб гардид. Бо ҳамин ифтихори зиёди ватандорӣ устоди зиндаёд Муқим Набиев беш аз шаст соли умри ҳаштодсолаашро сарфи таълиму тарбияи фарзандони баору номуси кишвар намуда, номи покашро ба абадият дар қалби поки садҳо шогирдон гузоштааст.
Хонадони покмаҳзари устод садҳо ҳазор меҳру муҳаббат ва садоқати ватандориро аз ў ба мерос гирифта, имрўз дар хидмати халқу Ватан мебошанд. Чароғи афрўхтаи маърифати инсониии устод ба торикистони қалбҳои ҳазорон шогирд шуълаи умед бахшида, ин шуълаҳо гулхани абадзиндаи ваҳдату якпорчагии саросари кишварро пуршуо хоҳанд намуд.
Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: