Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мақола:Остону осмони ман Ватан аст

Мақола:Остону осмони ман Ватан аст

7-10-2021, 07:58
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
Мақола:Остону осмони ман Ватан аст


Дар урфият мегўянд, ки Ватан аз гаҳвора оғоз меёбад. Ин гуфтаҳо пояивоқеӣ доранд. Дар ҳақиқат, барои ҳар як инсон он ҷое ки хуни нофаш рехтааст, азизу муқаддас аст. Кишвари биҳиштосои мо Тоҷикистони меҳрпарвар, воқеан ҳам, макони миллати соҳибназарон буду ҳаст. Зеро бо гузашти ҳазорсолаҳо ин миллати куҳанбунёд забон ва асолати хешро гум накард, миллат будани худро эътироф кард.

Ватан ин пораи дили ҳар яки мост. Маҳз мо дар оғўши Ватан ба камол мерасем. Имрўз дар ҷаҳон миллату халқиятҳое сукунат доранд, ки бо вуҷуди дорои забон ва урфу одат буданашон низ соҳибдавлат нестанд. Шукрона аз он мекунем, ки кишвари моро беш аз 195 давлатҳои ҷаҳон чун як Ватани дорои тамаддуни

қадимаи ҷаҳонӣ дошта эътироф намуданд. Албатта, дар тўли таърих кам набуданд ҳодисаву воқеаҳое, ки ин сарзамин мавриди забту тохтутозҳои душманон нагардида бошад. Вале дар хотираи таърих номи абармардони диёр чун Исмоили Сомонӣ, Спитамен,

Темурмалик, Муқаннаъ, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур,Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ниҳоят сардори давлат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша боқӣ хоҳанд монд.Барои онҳое, ки ба қадри тинҷиву оромии кишвар намерасанд, гуфтанием, ки ҳамагӣ 30 сол муқаддам бо айби иддае ба ном «равшанфикрон ва ошкоргўён»қариб буд ин миллат ва ин Ватан аз байн равад. Ҳазорҳо нафар тарки диёр намуда, иҷборан муҳоҷиратро пеш гирифтанд. Маҳз дар ҳамин рўзҳо барномаи «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар»-и радиои кишвар онҳоро бо мо мепайваст. Ба шарофати нерўи ақлонии

халқи банангу ори тоҷик бо роҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тинҷиву оромӣ танинандоз гардида, мардум ба зиндагии орому осоишта баргаштанд.Имрўз таҷрибаи сулҳофарини миллати моро дар институтҳои ҷомеашиносии ҷаҳон чун намунаи беҳтарини баҳамоӣ мавриди омўзиш қарор додаанд.

Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко пас аз бозгашт аз ҷаласаи Сарони давлатҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе дар Рўзи ваҳдати миллии кишвараш ба халқи азизаш таъки-

дан гуфт, ки ҳоли ҳозир аз кишвари ба мо дўсти Тоҷикистон бо таассуроти амиқ баргаштам. Кишвари зебо ва мардуми меҳнатдўсти тоҷикон бо вуҷуди саросар кўҳсор будани меҳанашон ҳар як ваҷаб

заминро самаранок истифода мебаранд ва сатҳи некўаҳволии худро беҳтар менамоянд. Кишваре, ки 1400 километр сарҳад бо Афғонистон дораду ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуда-

аст, новобаста ба ин ҳама мушкилот як мамлакати воҳид, пешрафта дар минтақа маҳсуб меёбад

Воқеан, вазъияти имрўзаи кишвари ба мо дўсти Афғонистон, ки 50 сол ин ҷониб шаҳди ҷангу нооромиро мекашад, барои ҳар як сокини кишвар, хосса ба роҳбари оқилу хирадманди мо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бефарқ нест.

Роҳбари давлати тоҷикон аз ин пеш низ дастгиру мутакко будани ҷониби Тоҷикистонро дар ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ эълон медоштанд ва ҳоло низ қотеъона аз Ҳаракати иртиҷоии Толибон* талаб доранд, ки дар умури давлатдорӣ ба адолати иҷтимоӣ, ба-

робарии ҳуқуқҳои халқияту миллатҳо таваҷҷуҳ зоҳир

намоянд. Зеро дар Ҷумҳурии исломии Афғонис-тон 45 дар сад тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва онҳо ҳуқуқи зиндагии шоистаро доранд. Ин иқдоми ҷасурона ва башардўстонаи Сарвари давлат бори дигар ҷаҳониёнро ба ҳайрат овард, дар ҳоле ки аксарияти абарқудратҳо фаъолияти Толибонро* эътироф кардаанд.

Дар мавриди дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудани иттилооти нодуруст оиди он ки ҳазорон ҳазор лашкарони Толиб* ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омадаанд, дурўғи маҳз аст. Мояи ифтихор ва саодат аст, ки барои ҳар як шаҳрванди бо нангу ори кишвар фардои Ватан, сулҳу ваҳдат, ободиву осоиштагии мар-

дум бефарқ нест, балки пайваста кўшиш мекунанд, Ватани хешро дўст медоранд ва дар оянда ҳам мехоҳанд,ки нафъи худро ба мардум расонанд.

Тарбияи худшиносии миллӣ – ин ташаккули тафаккури миллии шаҳрванд мебошад, ки он ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрў-

заи миллат, аз нав эҳё намудани урфу одат ва анъаноти арзишманди миллӣ, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарҳанги милллӣ ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

“Сухани халқ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: