Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Аловуддини деҳоти Фархор

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Аловуддини деҳоти Фархор

3-10-2021, 09:00
Хабарро хонданд: 136 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дар деҳаи Аловуддини деҳоти Фархор

02.10.2021 10:10, ноҳияи Фархор

2 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Аловуддини деҳоти Фархор бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди муассисаи мазкур дар натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мактабу маориф аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” бо маблағгузории Фонди саудии рушд амалӣ карда шудааст.

Бино аз 2 қисм иборат буда, масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимӣ 1,4 га-ро ташкил медиҳад. Муассисаи мазкур барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шудааст.

Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои ‎2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карданд. Бо мақсади татбиқи муваффақонаи ин ҳадаф дар муассисаи навбунёди таълимӣ тамоми шароитҳо фароҳам мебошанд. Аз ҷумла, барои инкишоф додани зеҳни хонандагон синфхонаи шоҳмот ташкил гардида, он бо тахтаи электронӣ ва компютерӣ, 16 ҷойи нишаст ва 4 ҷуфт тахта барои бозии шоҳмот таъмин карда карда шудааст.

Синфхонаи компютерии мактаби навбунёд дорои таҷҳизоти муосир, аз ҷумла компютеру тахтаи электронӣ ва дастгоҳҳои чопӣ мебошад.

Синфхонаҳои фаннии таълими меҳнат барои духтарон ва писарон бо асбобҳои дуредгарӣ, тахтабурӣ ва коркарди оҳан, дастгоҳҳои адрасбофӣ, қолинбофӣ ва мошинаҳои дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Синфхонаҳои фаннӣ, ба монанди физика, химия ва биология бо тахтаи электронӣ, компютер ва таҷҳизоти лабораторӣ барои гузаронидани озмоишҳо таъмин мебошанд.

Китобхонаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 дорои 13 ҳазор адабиёти гуногун, аз ҷумла 2 ҳазору 500 адабиёти бадеӣ мебошад.

Бо мақсади баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ дар бинои нави мактаб толори маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст сохта шудааст.

Бо дарназардошти ҳифзи саломатии хонандагону омӯзгорон, дар муассисаи таълимӣ ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ низ ҷой дода шудааст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии кумаки аввалияи тиббӣ муҷаҳҳаз аст.

Дар ошёнаи якуми бино ошхонаи барҳаво ҷойгир аст, ки дорои 48 ҷойи нишаст мебошад.

Барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар муассисаи таълимӣ толори варзишӣ барои 100 ҷойи нишаст сохта шудааст, ки таҷҳизоти варзишии ҳозиразамон, аз ҷумла тенниси рӯйи миз, бозии волейбол ва баскетбол, лавозимоти варзишӣ барои обу тоби бадан дорад. Дар ҳудуди муассиса ҳамчунин барои гузаронидани бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва омодагии дифои ҳарбӣ 2 майдончаи варзишӣ бунёд шудааст.

Бо мақсади гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ дар саҳни муассиса бо тарҳи замонавӣ парчам барафрохта шудааст, ки баландии он ба 13,5 метр баробар мебошад. Гирду атрофи муассисаи таълимии навбунёд бо санъати меъморӣ тасвир ёфта, сафолакпӯш ва гулу гулкорӣ карда шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: