Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба истифода додани ҶДММ “Карон пласт” дар ноҳияи Дарвоз

Ба истифода додани ҶДММ “Карон пласт” дар ноҳияи Дарвоз

27-09-2021, 14:44
Хабарро хонданд: 116 нафар
Назарҳо: 0
Ба истифода додани ҶДММ “Карон пласт” дар ноҳияи Дарвоз

27.09.2021 13:41, ноҳияи Дарвоз
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз ҳамчунин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Карон пластр”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хатҳои истеҳсолӣ, имконияти корхонаи нав ва маҳсулоти тайёри он шинос шуда, бо мутахассисони ватанӣ суҳбати самимӣ намуданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ бо мақсади таҷлили сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҳмон Шифоев бунёд гардидааст.

Дар корхона қубур ва дару тирезаҳои пластикӣ бо истифода аз технологияи муосир дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар корхонаи навтаъсиси истеҳсолӣ 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 2400 метр қубур бо андозаи қутрашон аз 15 то 120 миллиметр буда, маҳсулоти ниҳоии он барои кашонидани хати оби нӯшокӣ ва обёрии заминҳои кишт пешбинӣ гардидааст.

Қубурҳои истеҳсолии корхона ҳам барои оби хунук ва ҳам барои оби гарм истифода шуда, талабот ба ин навъи масолеҳ дар бозори дохилию хориҷӣ зиёд мебошад.

Маҳсулоти корхона барои солҳои зиёд кафолат дода мешавад.

Қубурҳо ва дару тирезаҳои пластикии истеҳсолкардаи корхона дар бозори дохилӣ рақобатпазир буда, аз ҷумлаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад.

Ифтитоҳи корхонаи нав имконият медиҳад, ки талаботи бозори ноҳия ва атрофи он бо ин навъи маҳсулот қонеъ карда шавад.

Аснои шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки дару тирезаҳои пластикӣ дар корхона асосан дар асоси фармоиши мизоҷон истеҳсол карда мешавад.

Масоҳати қитъаи замини корхона 2157 метри мураббаъро дар бар гирифта, худи бинои истеҳсолӣ дар майдони 402 метри мураббаъ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ сохта шудааст.

Хатҳои технологӣ ба корхона аз ҷумҳуриҳои Туркия ва Чин ворид карда шуда, бо иштироки мутахассисони ватанӣ васлу насб гаштааст. Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот аз дохил ва хориҷи кишвар дастрас карда мешавад.

Маҳсулоти корхона асосан барои бозори дохилӣ равона гардида, дар оянда бо баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти он ба кишварҳои минтақа ҳам ба роҳ монда хоҳад шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори ватаниро намунаи ибрат ва дастгирӣ арзёбӣ карда, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифату рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: