Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Лахш21-09-2021, 11:18
Хабарро хонданд: 134 нафар
Назарҳо: 0
21.09.2021 09:12, ноҳияи Лахш
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Преизденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Лахш мулоқоти самимӣ доир карданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни мулоқот ва сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Лахшро бо ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии доимии Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳияи Лахш ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ маблағ хароҷот гардидааст. Тайи 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳия 21 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 700 миллион сомонӣ амалӣ гардида, имрӯзҳо татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар идома дорад. Илова бар ин, тибқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2021 - 2025 амалисозии 224 лоиҳа ба маблағи умумии 221 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба таъмин намудани фаъолияти муназзами инфрасохтори ноҳия, бунёди иншооти иҷтимоӣ, истеҳсоливу хизматрасонӣ ва таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ мусоидат мекунад. Бояд гуфт, ки тайи сӣ соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи роҳу нақлиёти минтақаи Рашт 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 614 километр роҳ ва 25 пул сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла дар ҳудуди ноҳияи Лахш 4 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 960 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо 255 километр роҳ ва 15 пул бунёд гардидааст. Ҳоло дар минтақаи Рашт, аз ҷумла ноҳияи Лахш боз 3 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он 100 километр роҳҳои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 3 нақб ва 20 пул бунёд карда мешаванд ва бо анҷоми лоиҳаҳои зикршуда ноҳияи Лахш мисли дигар ноҳияҳои минтақа ба масири транзити байналмилалӣ табдил меёбад. Бо мақсади беҳтар гардонидани таъминоти аҳолии ноҳияи Лахш солҳои 1991 – 2020-ум 3 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 50 миллион сомонӣ татбиқ гардида, аз ҷумла барои бунёду ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии “Питовкул” бо иқтидори 1000 киловатт 23 миллион сомонӣ равона карда шуд. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 23 бинои нави таълимӣ барои 7000 ҷойи нишаст бунёд карда шуда, соли равон сохтмони 2 бинои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо 720 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода мешаванд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри истифодаи самараноки имконоти фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинон дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамчунин вазифадор шуданд, ки барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити хизматрасонии тиббӣ, инчунин, дар самти фаъолияти муназзами муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла китобхона, боғи фарҳангу фароғат, осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд. Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи ноҳияи Лахш ба шукронаи давлати соҳибистиқлол ва Ватани соҳибихтиёр дар оянда низ барои ҳимояи дастовардҳои таърихии халқамон саъю талош карда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани диёри худ ва Тоҷикистони азизамон содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд. Пас аз суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шукргузори ноҳияи Лахш баромад карда, оид ба рушду пешрафти ноҳия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва талошҳову ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати шукуфоии ин ноҳияи дурдаст андешаронӣ намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.