Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон21-09-2021, 08:42
Хабарро хонданд: 71 нафар
Назарҳо: 0
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
20.09.2021 19:30 Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 сентябри соли 2021, №251 «Дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он» ба тасвиб расид. Фармони мазкур, ки дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат зимни мулоқот бо олимони кишвар соли 2020 баён карда шуданд, амалӣ гардид. Дар асоси фармони мазкур андозаи зиёдшавии музди маоши амалкунандаи кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он ба ҳисоби миёна 28 фоизро ташкил медиҳад. Ин иқдоми дурандешонаи Пешвои муаззами миллат саривақтӣ буда, идомаи мантиқии таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба кормандони соҳаҳои илму маориф ва олимони кишвар мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.