Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САОДАТУ НУСРАТИ ИСТИҚЛОЛ БА БОНУВОНИ ТОҶИК

САОДАТУ НУСРАТИ ИСТИҚЛОЛ БА БОНУВОНИ ТОҶИК

16-09-2021, 13:06
Хабарро хонданд: 368 нафар
Назарҳо: 1
САОДАТУ НУСРАТИ ИСТИҚЛОЛ БА БОНУВОНИ ТОҶИК


Зиндагии осоишта неъмати бебаҳосту шарт ва тақозои асосии ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад. Истиқлоли давлатӣ барои мо осудагӣ дод. Осуда ки бошӣ, зиндагӣ ширин мешаваду умедҳо месабзанд. Шукр, ки дигар шеърҳои шоирони мо бӯи ҷангу хун намекунад, вуҷудҳои мо ғарқи тарс не, балки ғарқи гулҳои умед аст.

Воқеан, неъмати истиқлол беш аз ҳама барои занону бонувони кишвар хушбахтӣ ва файзу баракат овард. Он барои бонувон воқеан, баъд аз қарнҳои тӯлонӣ истиқлоли аслиро таъмин намуд.

Имрӯз ҳамчун як зани саодатманди кишвар аз фарорасии ҷашни мубораку муқаддаси кишвар – 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ меболаму мефахрам. Дар фарози нишоту тараби ин ҷашни бузурги миллӣ, ки саросари кишвар ва паҳнои тоҷикони ҷаҳонро фаро гирифтааст, шукронаи соҳибдавлативу мустақилият менамоям. Хушнуд аз онам, ки аз бонувони хушбахти даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳастам. Зодаю парвардаи даврони соҳибистиқлолам ва ҳар дастоварду комёбии худро аз Истиқлоли Меҳани азиз медонам.

Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳот бароям муяссар гашт риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо дипломи аъло хатм намуда, дар Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ ва баъдан дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом фаъолият намоям.

Соли сипаригашта маҳз туфайли имконоти фароҳамомада нисбат ба занони кишвар дар шуъбаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсиламро идома дода, малака ва донишҳои касбиамро дар соҳаи хизмати давлатӣ такмил додам.

Имрӯз бошад, басо сарфарозу ифтихормандам, ки дар ин боргоҳи бонуфуз, ки муассисаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд – дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорам.

Дар давраи таҳсил дар мактаби миёна ва донишгоҳи олӣ борҳо аз имконияту имтиёзҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҷавонон пешниҳод мешаванд, истифода намуда, солҳои 2005-2006 барандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон будам.

Зиндагии осуда, таҳсили ройгон, истиқомат дар хобгоҳҳои замонавии донишгоҳҳо, имтиёзҳои мухталиф дар ҳар самт, иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳо, фаъолият дар дилхоҳ муассиса ё мақомот тариқи озмуни шаффоф, оғози кори илмӣ аз рӯи ихтисос – ин ҳама бо шарофати истиқлоли давлатист, ки бароям ҳамчун як зани тоҷик даст дод.

Сипосгузорам аз Давлату Ҳукумати кишвар, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои бонувон дар ҳар соҳа имконияту шароитҳои мусоид фароҳам омадааст. Вазифаи муқаддаси худ мешуморам, ки дар посухи ин ҳама ғамхорию дастгириҳо садоқатмандона ба халқу ватан хизмат намуда, фаъолияти пурсамар намоям.

Садҳо бонувони тоҷик амсоли ман дар партави хуршеди Истиқлол кору зиндагӣ намудаву боли парвоз кушодаанд. 30 соли Истиқлол барои бонуи тоҷик 30 соли озодӣ, 30 соли тавоноӣ, 30 соли орзуҳо, 30 соли шукуфтанҳо гардид.

Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад. Дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан, саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодии занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил ёфта, равиши тоза гирифта истодааст. Зеро табиист, ки ҷое занону бонувон ҳастанд, назму низом ва самимияту меҳрубонӣ пойдор аст.

Имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосса аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушду нумӯи онҳо дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ, як қатор барнома ва стратегияҳои давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд, ки ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти занонро фаро гирифта, татбиқи амалӣ ва ҳаёту фаъолияти бонувони тоҷикро боз ҳам рангину раванди тоза мебахшанд. Интишори Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» намунаи беҳтарини эътимоду боварӣ ба занон ва қадрдшиносии онҳо мебошад. Пас, вобаста ба тақвияти омилҳои зикргардида, таъкид ба чанд нуктаи ҷиддӣ зарур аст. То аввали соли 2021 аз ҳудуди 9,5 миллион аҳолии кишвар наздики 49,5% – ро занон ташкил медиҳанд, ки таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар нисбати дастгириву ғамхорӣ ба онҳо сол аз сол меафзояд. Боиси хушнудист, ки занон ташаббусро ба даст гирифта, дар соҳаҳои гуногуни кишвар аз худ масъулият ва фаъолияти бештар нишон медиҳанд.

Имрӯз, ки пас аз садсолаҳои маҳрумият мо дубора соҳиби давлати худ гардидем, дар канори он будану зери парчамаш сарбаландона саф кашидан вазифа ва масъулияти ҳар як бонуи тоҷиқ низ ҳаст. Воқеан ҳам, Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти зани тоҷик таъсири амиқе гузошт. Занону бонувон ҳамчун фарзандони ин сарзамини марзу буми аҷдодӣ ба раванди таҳким бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ фаъолона ворид гаштанд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ онҳо тавонистанд собит намоянд, ки дар баробари рисолати модариву ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд.

Чӣ хеле ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.01.2021 таъкид карданд, занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.

Дар маҷмӯъ, дар даврони соҳибистлолии ватани азизамон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакатамон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи занону бонувон тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шудааст, ки ҳамаи ин иқдомот масъулияту нақши занону бонувонро дар рушду таҳкими Истиқлоли давлатӣ боз ҳам ҷиддитару муваззаф мегардонад.

Ба қадри соҳибистиқлоливу озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Пешвои маҳбубу муаззами миллатро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва дар ҳифзи истиқлоли давлатии Тоҷикистони биҳиштосо саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон, қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо, бонувони тоҷик, ба ҳисоб меравад.

Суханони худро бо мисраъҳои шеърии шоири ватансаро устод Низом Қосим анҷом мебахшам:

Соҳибистиқлол кишвар, мо ҳама доди туем,

Зодаи озодии ту, рӯҳи озоди туем.

Ҳамдамони лаҳзаҳои шоду ношоди туем,

Дар раҳи парвози фардо боли иршоди туем.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,

корманди АИДНПҶТ, узви Иттифоқи

журналистони Тоҷикистон, аъзои ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Serzued 9 января 2022 19:36
Друзья, я последние несколько лет вообще не смотрю ТВ!!! И считаю его Злом, так как вся информация подается так как нужно руководству страны. А мы это хаваем.
В последнее время все больше смотрю Ютуб и выискиваю там информацию по крупицам. А так же ищу независимые новостные сайты, которые подают информацию более независимо, такие как Радио свобода или myukraina.com.ua.
Выбирайте и читайте информацию, отбрасывайте лишние, перебирайте источники и только тогда Вы сможете найти полезную новость.
Кстати недавно прочитал очень интересную статью, которая касается каждого из нас:
http://forum.sozvezdietutor.ru/memberlist.php?mode=viewprofile&u=272
http://forum.iemcommunity.ru/viewtopic.php?f=6&t=54326
http://www.theanglersforum.co.uk/forums/member.php?953884-Serzywf
http://cascards.fluffyquack.com/forum/index.php?q=/forum/view/2346/1
http://the-cinema.online/user/Serzmmx/
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: