Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 сентябр дар шаҳри Душанбе нахустин мулоқоти рўбарўйи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ пас аз хуруҷи беморииCovib-19 баргузор мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар иттилоияе афзуд, ки сарони кишварҳои СҲШ ва СААД дар нишаст асосан оид ба вазъи Афғонистон табодули ҳамаҷонибаи афкор мекунанд. Нишасти Душанбе ба сабаби буҳрони Афғонистон ва ҳамсарҳадии ин кишвар бо марзи муштараки СААД ҳоло дар сархати матолиби нашрияҳои чопӣ ва интернетии ҷаҳон буда, таъкид мешавад, ки раёсати даврагии СААД ва ҳам СҲШ дар соли равон бар уҳдаиТоҷикистон аст.
Дар саммити сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди(онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин (онлайн), Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин (онлайн) ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух(онлайн), Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва директории Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок мекунанд. Дар нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат хоҳанд варзид.
Таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба ин ҳарду нишаст нигаронида шуда бошад ҳам, вале изҳори назарҳо дар бораи муҳимияти нишасти СААД боз ҳам зиёдтар аст. Аз ҷумла саҳифаи интернетии Expert.ru дар матлабе дар ин маврид навишт: Бо тарки Афғонистон кардан америкоиҳо дар ин кишвар як холигоҳи азими ваҳшатноку таҳдидкунанда ба амнияти минтақа ва ҷаҳонро аз худ боқӣ гузоштанд ва сарони кишварҳои аъзои СААД дар ҷаласаи Душанбе бояд роҳҳои коҳиши ин таҳдидҳоро пайдо кунанд. Зеро манфиати шумораи зиёди бозигарони минтақавӣ метавонад дар чунин як ҳолати пур аз ҳараҷу мараҷ боҳамрў ба рў оянд. Бозигарони минтақавӣ бояд ба василаи муколама худро аз ин вазъ дур кунанд ва ҳатто бо Толибон сари кор гиранд, ки ин ҳама мушкилотро возеҳан шадидтар хоҳад кард, зеро ҳузури воқеии онҳост, ки вазъиятро ба ҳам задааст.
Ба навиштаи ин манбаъ, агарчӣ Русия ба тағйири вазъият ба ҳар навъе омода шудааст ва дар ҳоле ки бесуботиҳо дар Афғонистон барои амнияти ин кишвар дар шароити кунунӣ зиёд аҳамият надорад, аммо барояш муҳим аст, ки аз густариши бесарусомониҳои Афғонистон ва зери таъсири он қарор гирифтани марзҳои Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ кунад. Ва ин чиз ҳам муҳим аст, ки ба паҳншавии гурўҳҳои террористӣ дар умқи минтақа роҳ дода нашавад. Ана ин аст яке аз ҳадафҳои гуфтугўи сарон дар нишасти Душанбе.
Бино ба таъкиди ин пойгоҳи хабарӣ, тавассути СААД, Вазоратидифои ФР дар ҳамкорӣ бо шариконаш солҳост, ки дар Осиёи Марказӣ зерсохторҳо бунёд кард, ки имкон медиҳад, марзҳои муштаракашонро ҳифз кунанд.
Дар матлаб ба ин нукта ҳам ишора мешавад, ки ягона мушкил дар узви Созмони номбурда набуданиТуркманистон аст ва расман бетарафии ин кишвар монеае дар иҷрои тарҳҳои амниятӣ метавонад бошад. Аммо ба ин далел, ки сарвариТуркманистон ҳам дар ҷаласаи Душанбе ба унвони меҳмони фахрӣ иштирок мекунад, метавон умедвор шуд, ки дар иҷрои баъзе аз нақшаҳои амниятӣ саҳм мегирад. Чунки таҳдид аз нооромиҳои Афғонистон ба амниятиТуркманистон низ имрўз ночиз ба назар рассад ҳам, вале дар ояндаҳо кам нахоҳад буд. Ба ҳарсурат,Русия ба се кишвари минтақавии СААД Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон расман кафолати таъмини амниятро медиҳадва ин тавассути пойгоҳҳои низомии Русия, ки дар ин се кишвар ҷойгиранд, амалӣ мешаванд.
Манбаъ ин нуктаро ҳам ёдовар шудааст,Ўзбекистон, ки замоне узвияташро дар ин созмон қатъ карда буд, ҳоло бодарназардошти тағйири авзои минтақа майл ба барномаҳои дифоии СААД дорад, дар тамринҳои муштарак ширкатмекунад.
Нависандаи матлаб зикр кардааст, ки таҳти сарпарастии Тоҷикистон, кираёсати и СААД-ро бар уҳда дорад, чорабиниҳои ҳамаҷонибаи солона барои мубориза бо ҳама таҳдидҳои эҳтимолии фаромарзӣ ба таври хуб иҷро мешаванд. Яке аз ин корҳо мубориза бо паҳншавии ифротгароӣ аст ва тақвияти мубориза бо вуруди эҳтимолии гурўҳҳои террористӣ аз марз аст.
Ин манбаъ бои шора ба он ки Толибон пас аз хуруҷи саросемавори америкоиҳо техникаи артиши азимеро гирифтаанд, меафзояд, ки силоҳи ба толибон ҳадякардаи америкоиҳохоҳ-нохоҳ ба амнияти Осиёи Марказӣ таҳдид эҷод мекунад. Ва он чизе, ки комилан имконпазир аст, гузариши ғайрирасмии дастаҳои алоҳидаи чанднафарии ҷангиёниТолибон ба кишварҳои минтақа аст. Мушкил дар он аст, ки баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баробари ин таҳдид бетаваҷҷуҳанд. Аммо Русия, сарбозони СААД аз кишварҳои аъзои созмон дорои захираҳои кофӣ барои нигаҳдории амнияти марзӣ ҳастанд. Ва роҳу василаҳои пешгирӣ аз ин таҳдидҳои эҳтимолӣ ва муқобила бо ҳар гуна хатар дар ҷараёни машқҳои муштарак солҳост, ки тамрин мешавад.
Бояд зикр кард, ки чанде қабл низ СААД дар Тоҷикистон бо ҳузури чандин ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ яке аз чунин машқҳоро бо иштироки низомиёни Русия, Тоҷикистон ва Ўзбекистон дар тамрингоҳи Ҳарб-майдон, дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон баргузор кард ва ин тадбири дифоӣ моҳи август пас аз тезу тунд шудани вазъият дар Афғонистон доир гардида буд.
Дар остонаи нишасти Душанбе сардориСитоди муттаҳидаи ин созмон Анатолий Сидоров ҳам дар суҳбат ба расонаҳо гуфт, «ба ҷуз аз неруҳои дастҷамъии мустақим, мо неруҳои вокуниши сареъ дорем, ки он ҳам ҷузъи боз ҳам тавонотари созмони муштараки мост. Моҳи октябр дар Ҳарб-майдони Тоҷикистон- дар наздикии марз бо Афғонистон баргузории як тамрини муштараки дигарро ба нақша гирифтаем. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш дар машқи «Рубеж-2021», ки дар хоки Қирғизистон доир шуд, ҷузъутомҳои ҳарбӣ ва гурўҳҳои зудамали Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат варзида, барномаеро бо дарназардошти вазъи номусоид дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тамрин карданд. Ва мо омодаи ба таври муштарак ҳимоят кардани амнияти кишварҳои аъзои ин созмон ҳастем.
Ю. Солеҳ