Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чаро ҷомеаи ҷаҳони нисбати қазияи Афғонистон бетарафанд?

Чаро ҷомеаи ҷаҳони нисбати қазияи Афғонистон бетарафанд?

15-09-2021, 13:34
Хабарро хонданд: 133 нафар
Назарҳо: 0
Чаро ҷомеаи ҷаҳони нисбати қазияи Афғонистон бетарафанд?

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.


ДӮСТӢ:- Агар чунин бошад чаро диламон ба занон ба модарон,хоҳарону кудакон ва ба мардуми бегуноҳе ,ки қурбонии ҷанги хонумонсузи давлати ба мо дусту ҳамсоя Афғонистон насӯзад?

Воқеаҳое , ки вақтҳои охир дар Афғонистон рӯх дода истодааст фикр мекунам мардуми тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ба воситаи ахбори омма ба хусус аз тариқи шабакаҳои интернети мебинем ,ки чи қадар мардуми бегуноҳ дар зери шиканҷаву азобан ,ҳуқуқҳои онҳоро толибони ба ном мусалмон, вале аз Худо бехар поймол карда истидааст. Онҳое , ки пулу мол ва сарват доранд барвақт худро аз сели ҷанг гурезонидаанд, вале вой бар ҳоли мардуми камбуғалу қашоқ ва азияткашида.
Тақдири занону духтарони афғони чи мешуда бошад? Суоле ,ки шояд ҷавоби он номуаян бошад, ҳамеша азобамон медиҳад , вале бозҳам ба ояндаи хубу дурахшони онҳо умедворем.
Мавқеи занонро дар ҷомеае ,ки толибон месозанд чи гуна баҳо медиҳед? Чунин буд суоле ,ки рузноманигор ба яке аз роҳбарони толибон дод. Ӯ чунин ҷавоб гуфт : " Зан бояд хонашин бошад"
Яъне зан ғулом , зан каниз ва фаранҷипуш.
Ман сиёсатмадор нестам , вале фикр мекунам зани тоҷик ҳамеша озод аст. Дар зери хушунату зуровари қарор надорад дар ҷомеаи демократи мавқеи хосса дошта, фикри худро озодона баён карда метавонад ва хушу хурсандона дар иҳотаи оила зиндаги мекунад.
Бигзор занону духтарони Афғон ба мисли мо занону бонувони тоҷик бошанд. Мо ҳамеша хоҳони хушбахти тинҷиву осудагии инсонҳоем.
Бигзор сулҳ дар тамоми ҷаҳон танинандоз бошад.


Мудири шуъбаи
занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ.
Давлатова М
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: