Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин15-09-2021, 09:22
Хабарро хонданд: 150 нафар
Назарҳо: 0
14.09.2021 13:30, шаҳри Душанбе Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ сурат гирифт. Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, низомиву техникӣ ва дигар ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Сарони ду давлат инчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд. Дар ин замина масоили нишастҳои сатҳи олии дарпешистодаи СААД ва СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баррасӣ гардиданд. Президентҳо оид ба вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон муфассал мубодилаи афкор намуда, ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Ҷонибҳо ҷиҳати ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳо дар масоили вобаста ба Афғонистон ва идомаи робитаҳо дар сатҳҳои гуногун ба мувофиқа расиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.