Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ХУШХАБАР! Давоми як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

ХУШХАБАР! Давоми як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

14-09-2021, 08:10
Хабарро хонданд: 594 нафар
Назарҳо: 3
ХУШХАБАР! Давоми як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

ДУШАНБЕ, Дар давоми шабонарӯзи гузашта, дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавирус – COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Инчунин, давоми як шабонарӯзи охир 5 нафар аз бемории мазкур шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то дирӯз 13 сентябр дар мамлакат 17084 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то дирӯз 16953 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Инчунин аз бемории мазкур 124 нафар шаҳрвандони мамлакат фавтидаанд.

Дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ- ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.

Ҳамин тавр, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) ва кумакҳои башардӯстонаи кишварҳои мададрасон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллиону 861 ҳазору 540 воя ваксинаи зидди коронавирус ворид карда шуд, ки барои фарогирии гурӯҳи мақсадноки аҳолии аз 18 сола болои мамлакат, ки 5 миллиону 826 ҳазору 301 нафарро ташкил медиҳад, пешбинӣ гардидааст. Шуруъ аз 23-юми марти соли 2021 бо истифодаи ваксинаҳои воридшуда то имрӯз 2 миллиону 168 ҳазору 537 нафар вояи якумро қабул намуд, ки 37,2 фоизи гурӯҳи мақсаднокро ташкил медиҳад.

Инчунин аз шумораи иммунизатсияшудагон 1 миллиону 278 ҳазору 240 нафар вояи дуюмро низ қабул карданд, ки 59 фоизро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саривақт гузаронидани ваксина ба аҳолии мамлакат, имрӯз сатҳи сироятёбии шаҳрвандон ба бемории коронавирус коҳиш ёфта, тайи ҳафтаи охир ҳолатҳои бистаришавии шаҳрвандон дар ҷумҳурӣ бо сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар шаҳри Душанбе бошад, шуруъ аз 29 – уми августи соли 2021 ягон ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва тамоми муассисаҳои тиббие, ки беморони коронавирусро табобат мекарданд, ба фаъолияти муқаррарӣ оғоз намудаанд.

Дар пойтахти мамлакат дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус ва иқдомҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои пешгирӣ кардани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва мубориза бар зидди он тадбирҳои зиёди самарабахш амалӣ карда шудааст.

Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе ва рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бошад, зери таваҷҷуҳи доимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Дар рӯзҳои охир ба марказҳои ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе ва мутахассиони соҳаи тиб, ки шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, аз ҷониби сокинон даъватҳои алоқаманд оид ба бемории сироятии COVID-19 анҷом дода нашудааст.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки аз миқдори умумии ваксинаҳои воридшуда 1 миллиону 267 ҳазору 40 воя барои фарогирии аҳолии мақсадноки пойтахт ҷудо гардида, ба ҳолати 12 сентябри соли ҷорӣ 606 ҳазору 885 нафар аз сокинони шаҳри Душанбе (97,0%) бо вояи якум ва 390 ҳазору 416 нафар (62,4%) бо вояи дуюми ваксина фаро гирифта шудаанд ва ваксинагузаронии сокинони пойтахт бо маром идома дорад.

Новобаста ба ин, назорати эпидемиологии бемории COVID-19 дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ба таври мунтазам идома ёфта, рафту омади шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва ба қаламрави мамлакат таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (3)
Patrick 14 октября 2021 05:11
Hi friends, pleasant paragraph and fastidious arguments commented at this place, I am truly enjoying by these.


my web page - Аренда
авто аэропорт анри коанда
Цитировать          1
Odell 15 октября 2021 22:43
[url=][/url]
Цитировать          2
Serznnm 9 января 2022 20:03
Друзья, я последние несколько лет вообще не смотрю ТВ!!! И считаю его Злом, так как вся информация подается так как нужно руководству страны. А мы это хаваем.
В последнее время все больше смотрю Ютуб и выискиваю там информацию по крупицам. А так же ищу независимые новостные сайты, которые подают информацию более независимо, такие как Радио свобода или myukraina.com.ua.
Выбирайте и читайте информацию, отсеивайте ненужные, перебирайте источники и только тогда Вы сможете найти полезную новость.
Кстати недавно прочитал очень интересную статью, которая касается каждого из нас:
https://chatviper.com/viewtopic.php?f=2&t=9037&p=12176#p12176
https://carbis.ru/forum/member.php/141580-Serzczk
http://zrozkosza.pl/forum/index.php?action=profile;u=73
http://www.syrialov.xyz/vb/member.php?u=92696
http://mariodiscuss.com/viewtopic.php?f=3&t=663696
Цитировать          3
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: