Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд

Дар Тоҷикистон 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд

23-08-2020, 13:08
Хабарро хонданд: 422 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудШабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва як фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то санаи 22 август 8277 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 7072 (85,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 66 нафар фавтидаанд.

«Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 82 нафар гумонбарон қарор дошта, 32 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд», — илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: