Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шаҳристон

29-07-2021, 08:14
Хабарро хонданд: 120 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шаҳристон
29.07.2021 06:10, ноҳияи Шаҳристон

Дар ноҳияи Шаҳристон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар маросими барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Яке аз рамзҳои асосии давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ - Парчами давлатӣ дар фазои орому осудаи ватан, зери садои суруди миллӣ дар маркази ноҳияи Шаҳристон барафрохта шуд.

Сарвари давлатро бошандагони ноҳия хуш истиқбол намуда, аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо истифода аз маблағҳои буҷети вилояти Суғд дар шафати Қасри фарҳанг майдони Парчами давлатӣ сохта шуда, барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Баландии манораи ливои озодиву соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Шаҳристон 50 метр буда, дарозии матои ин муқаддасоти миллӣ 14 метр ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.

Бунёди чунин иншоот то ба имрӯз дар якчанд шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ гардида, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Корҳои сохтмони майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон аз тарафи кормандону масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “КММ-44” иҷро гардидааст.

Барои бунёди ин иншоот бо тарҳи зебо аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардида, минъбад ин мавзеъ барои сокинони ноҳия макони гаштугузор ва истироҳату фароғат ба шумор меравад.

Ноҳияи Шаҳристон дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ободу зебо гардида, бо бунёди иншооти таъиноташ гуногун симои ноҳия сол аз сол зебову назаррабо мегардад.

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар ноҳияи Шаҳристон бунёд, таъмир ва навсозии бештар аз 135 иншоот ба нақша гирифита шудааст.

Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Шаҳристон шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумуи ҳамаратафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар мекунад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: