Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ28-07-2021, 13:55
Хабарро хонданд: 147 нафар
Назарҳо: 0
28.07.2021 12:40, ноҳияи Айнӣ
Баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияи Айнӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи навбунёди марказии ноҳия бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони ноҳияро ба ифтихори сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи варзишгоҳи замонавӣ, ки туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони ватандӯсти ноҳияи Айнӣ ва махсусан, наврасону ҷавонон мебошад, самимона табрик гуфтанд Таъкид гардид, ки дар асоси нақшаи тасдиқшудаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 - солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия то имрӯз дар 469 иншооту биноҳо корҳои сохтмону таҷдид ба итмом расидааст. Мавриди зикр аст, ки қисми асосии иншооти ҷашнӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёд гардидааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, аз ҷумла барои ноҳияи Айнӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 4,1 миллиард сомонӣ маблағ равона намудааст. Дар ин давра дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба маблағи 2,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар роҳи бунёди роҳҳову нақбҳо ва роҳҳои оҳан андешаронӣ карда, бунёди нақбҳои “Истиқлол” ва “Шаҳристон”-ро намунани олии иқдомҳои шоиста дар ин самт арзёбӣ карданд. Имрӯз ноҳияи Айнӣ ва водии Зарафшон тавассути нақби “Истиқлол” бо пойтахт, қисми марказӣ ва ҷанубии кишвар ва аз тариқи нақби “Шаҳристон” бо дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва кишварҳои ҳамсоя тамоми фаслҳои сол робитаи шабонарӯзӣ дорад. Соҳаи саноат дар ноҳия яке аз бахшҳои афзалиятнок буда, тавассути рушди он муҳайё намудани ҷойи корӣ барои ҳазорҳо нафар сокинон ва дар ин замина хеле беҳтар гардонидани некӯаҳволии мардум имкониятҳои фаровон мавҷуданд. Ҳоло дар ноҳия 11 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 5 моҳи соли 2021 ба 717 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз зиёд мебошад. Бо истифода аз мавҷудияти конҳои гуногуни металлҳои ранга ва қиматбаҳо, инчунин, ангишт дар ҳудуди ноҳия солҳои охир барои истихроҷ ва коркарди онҳо як қатор корхонаҳои нави саноатӣ бунёд карда шудааст. Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла тавассути бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ ҳоло ноҳияи Айнӣ ба яке аз марказҳои муҳимми саноатии кишвар табдил ёфта, аз қатори ноҳияҳои субвенсионӣ хориҷ шудааст ва ба буҷети давлат ҳисса мегузорад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи таъминот бо озуқа дар ҷаҳон ва мушкилиҳо дар ин самт, аз ҷумла болоравии нархҳо даъват ба амал оварданд, ки роҳбарону масъулин, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ қитъаи замин доранд, ба масъалаи истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва захира намудани озуқаворӣ дар ҳар як оила, муносибати ҷиддӣ намоянд. Тайи солҳои 1991 – 2020 дар ноҳия ба маблағи 87 миллион сомонӣ 27 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 12 ҳазор хонанда бунёд гардида, тибқи нақша соли ҷорӣ сохтмони боз 3 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 1100 нафар хонанда ба маблағи 23 миллион сомонӣ оғоз шудааст. Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣ анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои рушду тараққиёти Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳми босазои хешро дареғ намедоранд. Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, варзишгарон, омӯзгорон ва собиқадорон баромад карданд. Баромадкунандагон ба Пешвои муаззами миллат барои ҳамаи талошҳову ташаббусҳои созанда ва таъмини зиндагии шоистаи мардум изҳори сипос намуданд. facebooktwitter |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.