НУМУНАЕ БАРОИ ИБРАТ30-06-2021, 15:30
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
Рауф Сангинов умри худро сарфаи олами мусиқӣ намуда, як лаҳза аз пайроҳаи интихобнамудааш эҳсоси пушаймонӣ накардааст “Ман дар олами мусиқӣ ҷаҳони дигар дарёфтам. Агар мусиқӣ азалӣ намебуд, китоби муқаддаси Қуръон бо қироат ҳифз намешуд. Умуман мусиқӣ олами худро дорад, мегуяд Рауф Сангинов, ғижагнавози машҳури тоҷик. Вақте шунидам, ки Рауф Сангинов ба 84- солагӣ қадам ниҳодаву то ба ҳол ба ҳайси омӯзгор фаъолият менамояд, бароям ҷолиб буд, то бо ин марди хирад суҳбате дошта бошам ва аз фаъолияти пурмаҳсулаш баҳри хонанда маълумот пешниҳод намоям. Бо ҳамин мақсад, роҳ пеш гирифтам ба Мактаб-интернати миёнаи мусиқии махусуси ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ, маконе, ки Рауф Сангинов аз паи тарбияи наврасон қарор дорад. Замоне ба утоқи кории мавсуф ворид гардидам, Рауф Сангинови 84- сола, тарбиякардаи зиёда аз 120 шогирд, ки эшон айни ҳол устоди ҷодаи худ ҳастанд ва дар гӯшаву канори олам шуҳратёр мебошад, аз паи омода кардани асбоби мусиқии танбӯр дарёфтам. Устод дар саргармии кор қарор доштанд ва аз паи ҷӯр намудани асбоби ба тозагӣ омодашуда. Дар зимн мусиқии бениҳоят дилрабоеро навохтанд, ки ба руҳу илҳоми кас навои дигаре мебахшид. Сангинов Рауф Рафиқович, соли 1937 дар оилаи санъаткор ба дунё омадааст. ӯ мегӯяд дар кӯдакӣ аз падар маҳрум гаштаву дар тарбияи модараш, ки аввалан санъаткор ва баъдан ҳамшираи тиб, бо ҳадафи кӯмак ба захмиён Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ кор ва фаъолият менамуд, қарор гирифт. Баъз аз ба поён расидани ҷанг модар Рауфро аз Маскав ба назди наздикону пайвандон ба ноҳияи Орҷоникидзеобод ҳозира (Ваҳдат) меоварад. Баъд аз ба итмом расонидани таҳсилоти миёна соли 1960 дар Консерваторияи давлатии ба номи П.И.Чайковскии шаҳри Москва таҳсилро оғоз менамояд ва баъд аз 7 сол муассисаи мазкурро бо ихтисоси скрипканавоз хатм намудааст. Рауф С. баъд аз ба итмом расонидани донишгоҳ мехост дар шаҳрҳои бузург маҳорати худро сайқал диҳад, аммо вақте мебинад ҷомеаи тоҷик ва ё санъати миллӣ ба ғижакнавоз ниёз дорад ба Ватан бармегардад. ӯ мегӯяд, “Ғурури миллӣ нагузошт баҳри пешрафти фарҳанги тоҷик бетаваҷҷуҳ бошам, ба ин хотир ба Ватан баргаштам ва шояд тавонистам дар рушди мусиқии миллӣ саҳми кӯчаке гузорам. Ҳамин буд, ки зиёда аз 120 шогирд ба воя расонидам ва хушбахтона онҳо имрӯз соҳиби шуҳрат ва дар ҷодаи худ ихтисосманд мебошад”. Рауф С, соҳиби се фарзанд, 8 набера ва 6 абера мебошад, ки қисме аз пайвандон пайравӣ У буда, дар ҷодаи фарҳанг кору фаъолият менамоянд. Номбурда дар баробари таълим додани наврасону ҷавонон ҳамзамон ба сохтани асбобҳои мусиқӣ, аз қабили ғижак, танбӯр, скрипка, рубоб ва ғ майли зиёд дорад. Мавсуф аз он гиламанд аст, ки имрӯз дар ҷомеаи тоҷик мутахассис оид ба омода намудани асбобҳои мусиқии аврупоӣ аз қабили скрипка кам ҳастанд ва шароити мусоид низ баҳри соҳибкасбон ба тариқи зарурӣ муҳайё нашудааст. Дар фарҷони суҳбат ба ва фаъолияти пурмаҳсули эҷодиву бунёдкорӣ ба устоди санъат Рауф Сангинов, муваффақиятҳо таманно намудем. Суғдмеҳри Маъруфзод |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.