Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳама бо ҳам бошем

Ҳама бо ҳам бошем

29-06-2021, 14:41
Хабарро хонданд: 422 нафар
Назарҳо: 0
Ҳама бо ҳам бошем
Аксияи «Мо бо шумоем!»


Ҷумъаи гузашта, 25 июн дар пойтахти кишвар озмуни «Мо бошумоем» ба таври бошукӯҳ ҷамъбаст гардид.
Ин иқдоми башардӯстонаи муҳим бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Фармоиши муовини якуми Раиси ҲХДТ амалӣ шуд. Фармоиши роҳбарияти ҳизб қариб се моҳ пеш имзо ва ҳамон вақт нақшаи тадбирҳо ҷиҳати иҷроиши барномаи баргузор намудани озмуни «Мо бо шумоем» ба тавсиб расид. Аз ҷумла, бар асоси он Низомномаи озмун ва инчунин, комиссияи босалоҳият таъсис дода шуд.
Дар ин муддат дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳи зиёдероба анҷом расониданд, зеро ин зерсохторҳои ҳизбӣ вазифадор гардида буданд, ки бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои аввали озмуни ҷумҳуриявии «Мо бо шумоем»-ро дар саросари кишвари азизамон дар сатҳи баланд ва бо иштироки васеи наврасони бо имконоти маҳдуд ва маъюб баргузор намоянд.
Кӯшишҳо натиҷа дод
Чуноне мудири шуъбаи таблиғот ва матбуоти КИМ ҲХДТ Ҳамидиён Илҳомҷон ва яке аз масъулони фаъол дар доир кардани ин иқдом ба мо гуфт, мақсад аз баргузории озмуни мазкур, пеш аз ҳама татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии навҷавонони лаёқатманди маъюб, ки аз қишри осебпазири ҷомеа ҳастанд, фароҳам кардани замина барои инкишофи қобилияти эҷодиашон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасони маъюб, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, ташвиқу таблиғӣ ғояҳои созандаи ҳизб ва сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
ӯ афзуд: - Озмун дар се давр - ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурияӣ баргузор гашт. Дар рафти озмуни «Мо бо шумоем» дар саросари ҷумҳурӣ зиёда аз 1087 кӯдаку навҷавонони бо имконоти маҳдуди ҷисмонӣ ва маъюбон, ки як гурӯҳи барои ҷомеаи мо азиз ҳастанд, дар се номинатсия - маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, сурудхонӣ, навохтани асбобҳои мусиқӣ иштироки фаъолона доштанд. Аз байни 1087 кӯдакону наврасон 34 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Лозим ба зикр аст, ки ҳамаи иштирокчиёни фаъол аз доираи таваҷҷуҳ дур намонда, аз тарафи Кумитаи тадорукот бо диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣқадрдонӣшуданд.Ҳама бо ҳам бошем
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатам, дар асл сарпараст ва масъули озмун Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо буданд. Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ барои дарсатҳибаландташкилвабаргузоркарданидавраҳоиякуму дуюм масъулият нишон дода, ба ғолибони ин даврҳобарои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат доданд ва тавре мушоҳида кардем, бо ҳузуру ширкати онҳо давоми ним рӯз дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии маҳфил –озмуни номбурда баргузор гардид, ки дар он маҳз саҳми зерсохторҳо ва мусоидати масъулони ҳизбӣ боз ҳам назаррас буд.

Аз ҳамон оғоз тартиби баргузории озмун ҳам маълум ва мушаххас буд. Дар он кӯдаконунаврасониаз 6 то 18-сола, ки ба гурӯҳимаъюбон шомиланд, ҳуқуқи иштирок доштанд. Мақсад, ҳадаф ва тартиби гузаронидани озмун тариқи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо эълон ва риояи талаботҳои он назорат мешуд. Довталабони озмун бо роҳнамоии пайвандонашон барои ширкат дар сабқат худро дар кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо номнавис карда, аз сӯи масъулони ҳизбӣ роҳнамоӣ мешуданд. Ба ин тартиб дар ду- се давраи мусобиқа довталабони арзанда ба даври ниҳоӣ интихоб гардида, аз рӯйи се номинатсия:
- маҳорати суханварӣ ва хондани шеър;
- маҳорати сурудхонӣ;Ҳама бо ҳам бошем
- маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ дар даври охир ҳунарнамоӣ карданд.
Ҳардовталаб танҳодаряк номинатсия иштирок карда, дархонданишеър, суруд ва навохтани асбоби мусиқӣ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш озод буд. Ин нукта ҳам лозим ба таъкид аст, ки кӯдакону наврасоне, ки дар мактабҳои касбии санъат ва мусиқӣ таҳсил мекунанд, ҳуқуқи иштирок дар озмунро надоштанд.

Бахт ба рӯи Шукрона ва Хатича хандид


Пас аз машварати начандон тӯлонии аъзои ҳакамон барандаи Шоҳҷоизаи озмун, дипломи иштирокчӣва мукофоти махсуси ҶДММ «Сарманзил»ба Шукрона Зоҳирова аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хатича Муслимова аз шаҳри Душанбе насиб гардид. Шоҳҷоиза ва мукофоту дипломро ба ғолиби озмун муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ва директори ҶДММ «Сарманзил» Маҳмудҷон Муродов супориданд.
Дар номинатсияи «Суханварӣ ва қироати шеър» -и озмуни номбурда ҷои аввал ба Меҳрона Маҷидова аз ноҳияи Рашт, зинаи дуюм ба Заҳро Абдуалиева аз Душанбе ва ба зинаи сеюммаҳорати, Муҳаммадқобил Имомов аз шаҳри Панҷакент сазовор дониста шуданд.
Дар номинатсияи «Маҳорати сурудхонӣ» ҷои аввалба Хушдил Шанбиев аз ноҳияи Шуғнон, мақоми дуюм ба Хатича Муслимова аз шаҳри Душанбе ва зинаи сеюм ба Ҳусейни Ҷамшед насиб гардид.
Агар дар ин бахшҳо иштирокчиён зиёд буданд, дар номинатсияи «Навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ» шумораи кам ҳузур доштанд, вале ҳама бо маҳорат ҳунарнамоӣ карданд. Гурӯҳи ҳакамон дар ҷамъбаст маҳорати Ҳасанов Шерзод аз ноҳияи Зафаробод - ҷойи аввал, Самадов Билол аз шаҳри Ҳисор ҷои дуюм ва ҲасануҲусейн Раҷабовҳо аз ноҳияи Дӯстиро барои мукофоти сеюм муносиб донистанд. Ба ҳамаи ғолибони озмун, ки бахт ба рӯяшон хандид,диплом, ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода шуд.Ҷамъбасти озмуни мазкур дар ҳақиқат як рӯйдоди хотирмон ҳам барои иштирокчиёну баргузоркунандагон ва ҳам тамошобинон буд. Ин рӯҳия дар вақти суханрониҳои табрикотии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода баръало эҳсос мешуд. Онҳо ҳамаи иштирокчиёнро бо ин пирӯзӣ ва бо он ҷасорату маҳорате, ки дар ҳамаи марҳалаҳои озмун нишон доданд, табрик гуфта, изҳори боварӣ намуданд, ки дар зиндагӣ ҳам бо рӯҳи болида пеш хоҳанд рафт. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲилолбӣҚурбонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Тағойзода Сумангул, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовини Раиси ҲХДТ, раиси ҳакамон Хайринисо Юсуфӣ, инчунин, роҳбарони чанде аз муассисаҳои дигари таҳсилоти оливу ширкатҳои истеҳсолӣ аз дигар масъулоне буданд, ки дар маҳфили ниҳоӣ ҳузур доштанд ва ҳар яке аз иштирокчиён, дар маҷмӯъ ҳамаи ширкаткунандагон ва шахсони саҳмгузору масъул баргузории чунин як маҳфили неку хайрхоҳонаро табрик намуда, бозҳам ба ғолибон ҷоизаҳо тақдим карданд.
Дар суханрониҳо ба такрор ёдоварӣ мешуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади татбиқибосамару ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии кӯдакону навҷавонони соҳибистеъдод аз қишрҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеа ин озмунро баргузор намуда ва рамзист, ки даври ҷумҳуриявии он дар айёми гиромидошт аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст гардид.
Баҳои холисонаи ҳакамон

Барои даври ҷумҳуриявӣ гурӯҳи ҳакамон ё комиссияи озмун дар ҳайати панҷ нафар фаъолият кард.Комиссия дар ҳузури аҳли толор шеъру суруд ва мусиқиҳои аз саҳна пешниҳодгардидаро баррасӣнамуда, ба ҳар яки онҳо баҳои воқеӣ дод. Аз мушоҳидаҳо бармеомад, ки кори комиссия бо таври демократӣ, ошкор ва равшан сурат мегирад. Ҳар як узви комиссия дар варақаи алоҳида ба ҳар як барнома баҳои худро ба шакли аз 6 то 10 хол мегузошт. Маҳз бо ҷамъбандии баҳои аъзои комиссия ғолибони озмун муайян мешуд. Ба иштирокдороне, ки баҳои якхела мегиранд, ҳайати комиссия бо бартарии мазмуну муҳтаво ҷой муқаррар мекард. Ҳамин комиссияи озмун буд, ки риояи талаботи таъиншударо назорат намуда, ҳамзамон ҳуҷҷатҳои ғолибони давраҳои аввалу дуюми озмунро пас аз омӯзиш ба даври ниҳоӣ тавсия дод. Муроҷиат, арзу шикояти иштирокдоронро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ниҳоят ғолибонро тавассути протокол тасдиқва натиҷаи озмунро эълон кард.
Мукофотҳо зиёд буданд

Бино ба талаботи низомнома, барои ғолибон мукофотҳои пулӣ ба шакли зерин таъйин шуда буд: Барои ҷои аввал (се ҷой): ҳар яке панҷ ҳазор сомонӣ;- барои ҷои дуввум (се ҷой), ҳар яке се ҳазор сомонӣ;барои ҷои сеюм (се ҷой): ҳар яке ду ҳазор сомонӣ. Мукофоти ҳавасмандӣ низ барои ҳар як иштирокчии даври ҷумҳуриявӣ панҷсад сомонӣтақдим гардида, бар иловаи ин иштирокчиёни фаъол бо Сипоснома ва туҳфаҳои Ҳизби Халқии ДемократииТоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Озмун барои фаъолтарин иштирокчӣ шоҳҷоиза ва мукофоти махсус муқаррар карда буд, ки тавре гуфтем, барандаи он дар ҳамин маҳфили ҷамъбастӣ эълон ва ин ҷоизаро гирифт.
Меҳмонони озмун пазироӣ шуданд

Меҳмонони озмун дар доираи барномаи баргузории мусобиқа мулоқоту вохӯриҳои дигар ҳам доштанд. Аз ҷумла, барои онҳо дар ташкилоти ибтидоии “Омӯзгор” бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Юсуфӣ Хайринисо, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон-Саломиён Муҳаммаддовуд, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Хонов Абдураҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифҚурбонзода Хоналӣ меҳмонону иштирокчиёни даври ҷумҳуриявии озмуни “Мо бо шумоем” аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумрурӣ маҳфили фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Юсуфӣ Хайринисо зимни суханронӣ ин озмунро, ки бо пешниҳод ва ибтикори наҷиби Пешвои миллат бори аввал байни афроди имконоташон маҳдуд баргузор мегардад, нишонаи сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донист.
Дар поёни маҳфил ташкилоти ибтидоии “Омӯзгор” ба ҳар иштирокчии озмун туҳфаҳои алоҳида ва сарулибос бо рамзи озмуни “Мо бо шумоем” тақдим карда, дастархони идона орост.
Дар толор ва берун аз он

Дар толори озмун ҳама чиз ба шакли ҷолиб оро ёфта буд. Чанд волонтёр, ки ҳам нимтанаҳои хос пӯшида буданд, барои ба саҳнабаромадан ба иштирокчиён ёрӣ медоданд. Ин як таҷрибаи маъмулӣ дарбаргузории чунин тадбирҳост, ки хушбахтона, дастандаркорони озмун дар тамоми рафти сабқат аз он васеъистифода бурданд. Инак, рӯи саҳна кӯдакони наҳиф, вале боҳунар бо навбат пайдо мешаванд. Ба ҳама дуруд мефиристанд ва ба ин васила маҳорати суханвариашонро намоиш медиҳанд. Гоҳе ҳис мекунам, ки чанде аз онҳо вақти сухан кардан, хондани шеър ва нақли ҳикояте душворӣ мекашанд, дар ин ҳолатҳо аъзои жюри ба мадади онҳо меоянд ва бо меҳрубонӣ мешниҳод мекунанд, ки ба бахши дигари барнома гузарад. Лаҳзае буд, ки чанде аз иштирокчиён рӯйи саҳна ва дар ҳузури садҳо нафар аҳли толор лолу малул монданд ва ба чунин кӯдакон аз аҳли комиссия пешниҳод шуд, ки ҳар чӣ медонад, бихонад. Он иштирокчӣ ҳам боз бо садои кӯдакона шеъре, ҳикояте мехонду толор мафтунаш мешуд. Илҳомзода Умеда, хонандаи синфи 2, аз шаҳри Турсунзода аз эҷодиёти Убайд Раҷабхонд, баъд шеъри “Дӯсти беҳтарин”- и Маҳбуба Неъматзодаро қироат кард. Ҳасан Темурзода, хонандаи синфи 5, аз муассисаи таълимии № 37, шаҳри Турсунзода ҳам ба саҳна омада, аз ашъори М. Турсунзода ва Л.Шералӣ, ҳикояте аз осори классикӣ хонд. Назира ном иштирокчӣ аз навиштаҳои худаш хонд. Меҳрона Маҷидова, аз ноҳияи Рашт аз ғазалиёти К. Хуҷандӣ, аз китоби “Гулистон”- Саъдӣ, пас аз он аз ашъори Н. Ганҷавӣ, Бедил порчаҳои шеърӣ қироат кард. Ҳама бо ҳам бошем
Иброҳим Мирзоев, аз муассисаи таълимии кӯдакони биноияшон сусти шаҳри Хуҷанд дар саҳна бо ҳунари шеърхонӣ лоиқи аҳсан шуд. Мавлуда Чиллаева- хонандаи синфи 5, Эмом Темуров – ҳар ду аз шаҳри Душанбе рӯи саҳна пораҳо аз “Сайёҳи Ҳинд”, аз ашъори Эраҷ Мирзо хонда, офарин шуниданд. Вале дар хониши онҳо баъзе костагиҳо ба мушоҳида мерасид.
Нозия Мухторова - хонандаи синфи 7, аз муассисаи таълимии №2, ягона намоянда аз шаҳри Роғун буд. ӯро ба озмун намояндаи КИ шаҳрии ҳизб ва падараш Мухторов Тоҷиддин, ки худ омӯзгори Коллеҷи Муҳандисию техникӣ аст, роҳнамоӣ мекарданд. Нозия дар лаҳзаҳои оғози озмун баромад кард.
Тавре падараш берун аз толори озмун ба мо гуфт, ӯ барои иштирок 50 китобу маҷмӯаҳоро хонд. Аз “Шоҳнома”- и Фирдавсӣ 700 мисраъ азёд кард.
Агар фурсат медоштему дар бораи ҳар яке аз иштирокчии ин сабқати адабӣ маълумот ҷамъ меовардем, бешак мушаххас мешуд, ки ҳеч кадоме аз онҳо тасодуф ба озмун роҳ наёфтааст.
Аммо моҳияти ҳар қувваозмоӣ дар он аст, ки аз байни садҳо боз ҳам беҳтаринҳо баранда мешаванд.
Солеҳ Юсуфов










Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: