Тафтиши муассисаҳои таълимии хонандагон ҳангоми дарс21-06-2021, 09:47
Хабарро хонданд: 385 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҷҳизонидани кабинетҳои фаннии муассисаҳои таълимии пойтахт хамасола идома меёбад. Аз ҷумла, ин тадбир дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ иҷро гардида истодааст. Ҳамчунин кабинетҳои фанҳои биология, химия, технологияи информатсионӣ бо тахтаҳои электронӣ, компютерҳои нав ва дигар лавозимоти зарурӣ таҷҳизонида шуданд. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки омӯзгорон бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ ба муҳассилин дарсҳои сифатнок дода, сатҳу сифати таълимро баланд бардоранд. Вазъи мактаб дар замони соҳибистиколӣ ба куллӣ тағйир ёфта, нақши он ҳамчун манбаи мустақили фарҳангу маданияти миллӣ васеъ гардидааст. Афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ дар солҳои охир назаррас буда, қисмати асосии маблағҳои маҳз ба зинаи таҳсилот сарф карда мешавад. Сохтмони мактабҳои замонавӣ бошад, бештар гардида, шумораи мактаб-интернатҳо ҳам зиёд шуданд. Ҳамчунин дар ин замина тамоми муассисаҳои таълимиро бо техника ва технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида истодаанд. Мушоҳида гардид, ки бештари муассисаҳои таълимӣ бо мизу курсии ҳозиразамон таъмин буда, ба талабот ҷавобгў мебошад. Дар ҷаҳони муосири бо суръат тараққиёбанда фаъолият ва рушди соҳаи маорифро бе истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ - коммуникатсионӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Тадқиқоти сершумор нишон медиҳанд, ки зиёд гардидани ҳаҷми иттилооте, дар соҳаи маориф истифода бурда мешавад, бояд ба манбаи ягонаи иттилоотӣ асос ёфта, ба таври замонавӣ коркард карда шаванд. Дар ин шароит соҳаи маориф бе истифодабарии воситаю усулҳои муосири коркард, интиқол ва пешниҳоди иттилооти электронӣ самаранок буда наметавонад. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ташкили маҳзани рақамии ягонаи маводи таълимии электронӣ, рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи мунтазам аз нав таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва ташкили торнамои (портали) ягонаи итгилоотии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ равона гардидааст. Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, дар доираи амалишавии он як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла доир ба таҳкими заминаҳои моддӣ-техникӣ, таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техникаи компютерӣ, ташкили шабакаҳои иттилоотӣ ва пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет амалӣ гардид. Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимї бо утоќҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ тасдиқ гардида, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марказию маҳаллии иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо утоќҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқоти»-ро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҳамасола пешбинишуда амалӣ намудааст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рафти татбиқи Барномаи мазкуро зери назорат гирифта, оид ба иҷрои саривақтии он тадбирҳои мушаххас андешидаанд. Маъмурияти муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Фирдавсию Сино тасмим гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик аз рӯйи ҳамаи фанҳо утоќҳои фаннӣ бо таҷҳизоти муосир ташкил намуда, барои таълиму тарбияи самарабахши насли наврас кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд. Саида Хоҷаева |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.