Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » "ПАДАРҶОН, ИСТ, МАН ҲАМ ОМАДАМ!"

"ПАДАРҶОН, ИСТ, МАН ҲАМ ОМАДАМ!"

11-05-2021, 10:28
Хабарро хонданд: 115 нафар
Назарҳо: 0
      "ПАДАРҶОН, ИСТ, МАН ҲАМ ОМАДАМ!"
Қиссаҳои ҷанг: як акси таърихӣ



Аксҳои шоҳкорӣ, ки суратгирон мехоҳанд аккосӣ кунанду ба ёдгор монад, барои эшон на ҳама вақт даст медиҳад. Суратгири канадагӣ Клод Деттлофф, дар ҳаёт, танҳо як бор бо чунин иттифоқ рӯ ба рӯ шуд, ки бо дастгоҳи одӣ чунин акси шоҳкориро бигирад. Аммо вай намедонист, ки ин акс ӯро на танҳо дар Канада, балки дар кулли ҷаҳон машҳур месозад. Расми як хонавода, ки ҷанг кӯдакро аз оғӯши падар, занро аз шавҳар ва шавҳарро аз азизонаш ҷудо месозад, чун овезаи таблиғотии зидди ҷанг дар кӯчаю ҷодаҳо пайдо шуд. Нигоҳи ҳеҷ кас ҳатто кӯдакон ҳам ба акс бетафовут набуд; калонсолон ашк мерехтанд, кӯдаконе, ки падарони онҳо ба ҷанг рафта буданд, худро дар ҷои ин писарбачаи мӯяш сап-сафед тасаввур мекарданд.

Чунонки маълум аст, Гитлер соли 1939 ба хотири тасарруфи ҷаҳон фаъолияти густурдаи забткориро оғоз кард. Кишвари Полша аввалин қурбонии фашизм гардид. Канадагиҳо ба ин рӯйдод вокуниши тунде нишон дода, ба Рейх ҷанг эълон намуданд. Ба полки бритонии Колумбия, ки дар марзи Канада мустақар буд, дастур дода шуд ба хиёбонҳои Ню-Вестминстер баромада, нигоҳубинро дар маҳалҳои стратежикӣ пурзӯр намоянд. Баъдан, ба сарбозон амр шуд, ки бо марши низомӣ ба "макони махфӣ" гом бардоранд. Аммо барои ин полк лозим омад ҷиҳати ширкат дар ҷанги зидди фашизм машқу тамрини зиёдеро дар ватан анҷом бидиҳад. Танҳо дар оғози ифтитоҳи ҷабҳаи дувум онҳо ба Фаронса ва Ҳолланд интиқол ёфтанд.
Ин акс дар рӯзҳое, ки полки бритонии канадагӣ ба Африқо интиқол меёфт, аккосӣ шудааст. Суратгир Клод Деттлофф тасодуфан ба маконе, ки канадагиҳо аскарони худро ба ҷанг гусел меарданд, омад. Аз касе илтимос накард, ки ин сюжетро барояш биофаранд, ҳамааш табиӣ буд. Чашмаш ба кӯдаки мӯяш сап-сафеде афтод, ки аз аз дасти модар раҳо шуда, мехост ба қатори аскарон бипайвандад. Кӯдак дав гирифт ва чунин садо кард: "Падар, падар, ист, ман ҳам омадам". Клод ин манзараро аккосӣ кард ва садои кӯдак ӯро чунон ба риққат овард, ки дигар таҳаммул надошт он ҷо бимонад. "Падарҷон, ист, ман ба гуселат омадам", дар гӯши Клод Деттлоф садо медод, аммо вай он рӯзҳо дарк карда наметавонист, ки фоҷеаи як хонаводаи канадагӣ, балки тамоми дунёро аккосӣ кардааст. Ин аксро нашриётҳо ва рӯзномаҳои Канада бо матне, ки Клод Деттлоф "Падарҷон, ист, ман ба гуселат омадам", як миллион нусха чоп карданд, аксро рӯзномаҳои Америка, Австралия бо ҳамин матн ба нашр расонданд. Акс ба суратгир Деттлофф шуҳрат овард, бинобар он қарор дод, ки ҳувияти шахсиятҳои дар сурат бударо муайян кунад.
Ин аксро кулли одамон бо худ доштанд. Деттлофф ки будани писарбачаро, ки дар сюжет "нақши асосӣ"-ро мебозад, мушаххас кард: исми вай Уоррен Бернанрд бо лақаби "Мӯйсафед". Мардум ба Уоррени кӯчак барои мӯйи сафеди сараш ин лақабро дода буданд. Нақши дувумро Ҷек Бернард-сарбозе, ки ба ҷанг мерафт, "бозид", Бернард Бернис-модари Уоррени сарсафед "тамошобин"-и ин лаҳзаҳои ҳузновар буд.      "ПАДАРҶОН, ИСТ, МАН ҲАМ ОМАДАМ!"
Клод Деттлофф азм кард тақдири қаҳрамонони ин сюжетро пайгирӣ намояд. Барои аз ҷанг сиҳату саломат баргаштани Ҷек Бернард ҳамроҳи Уоррен ва модараш ба калисо мерафт, даст ба дуо шуда, шамъ меафрӯхтанд. Аммо на ҳамаи афсарони полки Бритонии Канадагӣ аз ҷанг баргаштанд, шояд дуои Уоррени хурдсол мустаҷоб шуда буд, ки Ҷек Бернард соли 1945 сиҳату саломат ба Канада баргашт. Суратгир Клод Деттллоф манзараи хушбахтии падару писарро ба навор бардошта, онро "Пайвасти хонавода" номид. Аз рӯи ин акс дар шаҳри Оттава муҷассамаи ёдгорӣ ба хотири онҳое, ки ки зидди фашизм дар Аврупо ва Африқо ҷонҳои худро аз даст додаанд, гузошта шуд.
Ин расми таърихӣ умри 80-сола дорад. Қаҳрамони асосӣ–Уоррен Бернанрд, ки он замон бо лақаби "Мӯйсафед" на танҳо дар Канада, балки дар ҷаҳон машҳур шуда буд, ба синни солмандӣ расидааст. Уоррен бузург шуд, оила барпо кард, вориди сиёсат гардид ва ниҳоят ба нафақа баромад. Ҳамасола, дар арафаи ҷашни пирӯзи бар фашизм- 9 май, Уоррен Бернард бо ин расм ба кӯча мебарояд. Ҳама ӯро мешиносанд. Уоррен Бернард аз он афсӯс мехӯрад, ки он замон на ҳамаи падарон аз ҷанг баргаштанд, на ҳама мисли ӯ хурсанд буду мамнун.
Таҳияи Бурҳон Салмон




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: