Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе 27 ва 28 апрел ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД баргузор мешаванд

Дар Душанбе 27 ва 28 апрел ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД баргузор мешаванд

23-04-2021, 08:50
Хабарро хонданд: 234 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе 27 ва 28 апрел ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД баргузор мешавандМасъалаҳои амнияти низомӣ, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳо, инчунин чораҳои безараргардонии онҳо дар ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки 27 ва 28 апрел дар Душанбе баргузор мешаванд, баррасӣ мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии СААД.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа 27 апрел таҳти раёсати Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД 29 апрел таҳти раёсати Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода баргузор мегарданд.

Дабири кулли СААД Станислав Зас дар ин ҷаласаҳо ширкат варзида, дар бораи вазъи минтақаи масъулияти Созмон ва масъалаҳои рӯзнома маълумот медиҳад.

Дар ҷараёни ҷаласаҳо нақшаҳои муҷаҳҳаз гардонидани неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, омӯзиши муштараки ташаккулёбии неруҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ ва Нақшаи машваратҳо оид ба сиёсати хориҷӣ, мудофиа ва амният барои нимаи дуюми соли 2021 — нимаи якуми соли 2022 баррасӣ карда мешаванд.

Инчунин дар рӯзномаи ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД баррасии Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Созишномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД шомил аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: