Ғубор ба Тоҷикистон аз дуриҳо меояд19-04-2021, 09:53
Хабарро хонданд: 193 нафар
Назарҳо: 0
Мавзӯи рӯз Масъалаҳои олудашавии экология, оқибатҳои ифлосшавии муҳити зист ва нақши инсон, тадбирҳое, ки барои пешгирӣ аз бад шудани вазъияти он дар меҳвари барномаҳои милливу байналмилалӣ, ҳамзамон, мавзӯи баҳс дар нишастҳои сатҳи ҷаҳониву маҳаллӣ аст. Абдуллаев Сабур Фузайлович - мудири лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон(АМИТ), д.и.-ф.м., профессор, аз ҷумлаи касонест, ки метавонад дар ин бора соатҳо суҳбат кунад, вале ман ҳамагӣ бо чанд савол бо ӯ ба гуфтугӯ пардохтам. - Вақтҳои охир дар бораи таъсир ва тағйири муҳити зист ва нақши инсон ба ин раванд, баҳсҳои зиёдеро мебинему мехонем. Шумо дар ин маврид чӣ назар доред? Дар ҳақиқат, вазъият ба ҳамон ҳадде нигаронкунанда аст, ки дар изҳори назарҳо ва навиштаҳои донишмандон баён мешавад? - Ҳар чизе гуфта мешавад, албатта ба ҳадде асос дорад, аммо на ба он дараҷае даҳшатнок аст, ки гоҳе пас аз хондану шунидани иттилоот дар ин мавзӯъ дар зеҳн пайдо мегардад. Зеро бахше аз ин назарҳо бо он мақсад гуфта мешаванд, ки аз фоҷеаҳои ба эҳтимол бузург дар ояндаҳо пешгирӣ шавад ё ҳади ақал барои коҳиши таҳдиди эҳтимолияти пеш омадани онҳо корҳое ба иҷро расанд. Ба ҳар сурат давлатҳо ва созмонҳое, ки ба равандҳои ҷомеаи инсонӣ таъсиргузор мебошанд, ба андеша ва пешниҳодҳои илмӣ ва изҳори назари донишмандон бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ бидиҳанд. Дар ҳоли ҳозир ва дақиқ дар ояндаи наздик низ мо ҳамон муҳити зистеро хоҳем дошт, ки имрӯз дорем ва кадом ҳодисаи фавқулодае пеш нахоҳад омад, ки боиси ваҳму ташвиши инсонҳо мешуда бошад. Инҷо лозим аст, ки дар бораи фаҳмиши тағйирёбии иқлим чанд сухан гӯем, ончи мутахассисон мегӯянд ва бонги изтироб ҳам мезананд. Бино ба пажӯҳишҳо чор чизи таъсиррасон ба тағйирёбии иқлим аст: Газҳои гулхонаӣ, тағйирёбии радиатсияи Офтоб, тағйирёбии қобилияти инъикоси сатҳи Замин, мавҷудияти аэрозол дар атмосфера. Омӯзиши ин омилҳо аз охирҳои солҳои 80-уми асри гузашта дар лабораторияи физикаи атмосфера оғоз ёфта, имрӯз ҳам яке аз бахшҳои пажӯҳиши кормандони мост. - Ҳамин мафҳуми барои мардуми одӣ начандон фаҳмои «газҳои гулхонаӣ»-ро донишмандону таҳлилгарони мавзӯъ солҳои ахир зиёд ба кор мебаранд. Оғози корбурди он аз куҷост ва шарҳи оммафаҳми он чӣ гуна аст? - Ҳанӯз соли 1827 аз тарафи олими фаронсавӣ Жозеф Фурье эффекти гулхонаӣ (парниковый эффект)- ро соҳиб будани атмосфера кашф гардида буд. Илм исбот кардааст, ки атмосфера дорои 78% нитроген, 21% оксиген, 0,9% аргон, ки қариб доимӣ ҳастанд ва 0,1% аз газҳои дигари тағйирёбанда иборат мебошад. Ва дар ин 0.1% газҳои тағйирёбанда гази карбонат, озон, бухори об, метан ва ғайраҳо шомил мебошанд, ки онҳо хусусияти гармхонаӣ доранд. Ҳангоми ба Замин афтодани нурҳои Офтоб сатҳи Замин гарм мешавад ва энергияи гармие, ки аз Замин мебарояд, дар атмосфера аз тарафи ҳамин 0,1% газҳои гулхонаӣ фурӯ бурда мешавад, дар навбати худ гармӣ ба ҳаво дода шуда, боиси гармшавии иқлим мегардад. Агар Замин атмосфера намедошт, ин гармӣ ба кайҳон мерафт ва сатҳи Замин то -18 дараҷа хунук мебуд ва дар Замин ҳаёт он ҳолате, ки ҳозир зебо ва гуворост, вуҷуд намедошт. Яъне атмосфера барои замин ҳамон нақшеро иҷро мекунад, ки пленка дар гулхона(парник) иҷро менамояд. Дар охири солҳои 80-ум ҳарорати миёнаи солонаи атмосфера аз давраи инқилоби индустриалӣ камтар зиёд гардид, ки он ба гармшавии иқлим овард. Тағйирёбии иқлим дар баьзе минтақаҳо гармӣ ва дигар минтақаҳо хунукиро пеш овард. Дар арсаи байналмилалӣ олимон ҳанӯз аз охири солҳои 80-уми асри гузашта ин даҳшати асрро кашф ва баҳогузорӣ карда буданд. Дар Киото (Япония) 11 декабри соли 1997 протоколи Конвенсияи қолабии СММ оиди тағйирёбии иқлим қабул гардид, ки 16 феврали соли 2005 ҳукми қонунро гирифта, онро 190 кишвари олам ба имзо расонида буданд. Дар ин протокол оиди квота ё саҳми ҳар кишвар низ сухан меравад. Тибқи муққарароти он ҳар давлат метавонад фақат то 20 млн. тонна партовҳои газҳои гулхонаиро дар як сол ба атмосфера сар диҳад. Давлате, ки аз ин миқдор зиёд ба атмосфера партовҳои газҳои гулхонаиро мепартояд, аз давлатҳое, ки аз ин миқдор кам мепартоянд, квотаҳоро бояд бихаранд. Ҳоло солона зиёда аз 40 млн. Гигатон партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфераи Замин меравад, бо мақсади пешгирӣ аз оқибатҳои нохуш саъю талоши олимон ба он равона шудааст, ки то соли 2050-ум ин нишондиҳанда то 8-20 млрд. Гигатон кам шавад. Бо оғоз аз солҳои 1900 ба ҳисоби миёна 80%- и ин партовҳо аз сӯхти ангишту нафт ба вуҷуд меояд. Саҳми давлатҳои мутараққӣ 85%-и ин партовҳоро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки дар ин кишварҳо ҳамагӣ 15% аҳолии кураи Замин зиндагӣ мекунад, вале ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки дар онҳо 85% аҳолии кураи Замин умр ба сар мебаранд, ҳамагӣ 15% партовҳои газҳои гулхонагӣ рост меояд. Ин як навъ беадолатии ошкор дар саросари олам аст, ки солиёни зиёд идома дорад. Дар конференсияи баррасии масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, ки соли 2015 дар Париж (Франция) баргузор шуд, кишварҳои олам уҳдадорӣ гирифтанд, ки партовҳои газҳои гулхонаиро аз 30 то 70% нисбат ба соли 1990 кам мекунанд. Дар ҳамин нишасти байналмилалӣ Тоҷикистон ҳам уҳдадорӣ гирифт, ки то 67% партовҳои газҳои гулхонаиашро нисбат ба соли 1990 кам мекунад. Барои кишвари мо, ки бо захираҳои гидроэнергетикии худ дар олам дар ҷои 8-ум буда, 98% таъмини ниёзҳояш аз ҳисоби «энергияи сабз» аст, иҷрои ин уҳдадорӣ чандон душвор нест. Бар иловаи ин, пас аз пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Роғун», имконоти энергетикии Тоҷикистон боз ҳам такмил ёфта, кишварамон яке аз 3 давлати аслии истифодабарандаи «энергияи сабз» дар ҷаҳон хоҳад шуд. - Аз гуфтаҳоятон ин хулоса бармеояд, ки мо аз ҷумлаи исрофкорону ифлоскунандагони атмосфера нестем, вале боз ҳам давлати Тоҷикистон бо риояи уҳдадориҳояш дар назди созмонҳои ҷаҳонӣ ва иҷрои барномаҳои миллӣ дар ҳифзи муҳити зисту пешгирӣ аз беш аз беш ғажд шудани атмосфера саҳм мегирад. Ман дуруст фаҳмидам? - Бале. Бубинед, фақат бо истифода аз захираҳои энергияи обӣ ва бунёди НБО-ҳои нав Тоҷикистон нафақат барои муътадил гаштани иқлими минтақа саҳм мегирад, балки бо бунёди боғҳои нав ва дар баробари ниҳолу буттаҳои сабзу ороишӣ парвариш кардани дарахтони ҳосилдиҳанда ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии давлат-таъмини истиқлолияти озуқавории кишвар замина фароҳам мекунад. Вақте барои суҳбат меомадам, назди бинои «Шарқи озод» ҳам мушоҳида кардам, ки дар баробари гулу бутта ва дарахтони ороишӣ ниҳоли дарахтони боровар ҳам шинонидаанд, ки ҳоло ғарқи гул аст ва ҳамзамон, бо хушҳол кардани ҳар бинанда, ба дилҳо умеди фаровониро ҷой мекунад. Парвариши дарахтони ҳосилдеҳ на танҳо дар хоҷагиҳои ноҳияҳову заминҳои деҳот, балки ба назари мо, дар шаҳрҳо ҳам бояд васъат пайдо кунад. Дар бари роҳу боғчаҳои хиёбонӣ ҷоиз набошад ҳам дар паҳлӯи муассисаву корхонаҳо, ки замин ва боғча доранд, ин таҷрибаро равнақ додан мумкин аст. Ин пешниҳодест, ки дар омади гап мегӯям. Ба ҳар сурат, дарахтон, азҷумла ниҳолҳои мевадиҳанда пеши вайроншавии хок (эрозия, шӯршавии хок… )-ро гирифта, ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳамзамон, ба беҳтаршавии сифати ҳаво мусоидат мекунанд. Бо дарназардошти ин паёмадҳо дар навиштаҳоямон пешниҳод кардем, ки дар Тоҷикистон барномаи 50-солаи барқароркунии ҷангалзорҳо ҳамчун ҳадафи стратегии давлати қабул карда шавад, зеро дар гардиши об дар табиат ҷангалзорҳо ҳиссаи назаррас доранд. Ба ин нукта таваҷҷуҳ кунед, хосияти боронзоии ҷангалзорҳо нисбат ба сатҳи бороноварии уқёнус, баҳру дарёҳо се баробар зиёд аст. Боронзо будан, яъне абре, ки дар муҳити ҷангалҳо ва оби дарёҳо пайдо шуда ва метавонад борон биёварад. - Вале фақат бо дарахтшинонӣ намешавад тамоми таҳдидҳои эҳтимолӣ ба муҳити зистро аз байн бурд… - Дуруст мегӯед, ин танҳо яке аз тадбирҳоест, ки дар ин самт бояд ба иҷро расанд. Дар ин робита, қадам ба қадам гузариш ба нақлиёти истифодакунандаи нерӯи барқ, ба таври доимӣ ва саривақт тоза кардан ё ивази филтрҳо дар гулӯлаҳои Марказҳои гармидиҳӣ ва корхонаҳои сементбарорӣ низ пешниҳодҳои дигари мо барои кам кардани партовҳо ба атмосфера аст. Мо бар асоси таҳлилу омӯзишҳо ба ин натиҷа расидаем, ки Тоҷикистон давра ба давра ва ботадриҷ ба истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, манзурам нури офтобу неруи бод (шамол) аст, бояд гузарад. Захира ва неруи ин ду манбаи имрӯз дар ҷаҳон эътирофшуда ва мавриди истифода бударо мо фаровон дар ихтиёр дорем. Илова бар ин, барои иҷрои уҳдадориҳо ва такмили масъулиятшиносиамон ҷиҳати таъмин ва эҳтироми ҳуқуқи экологӣ, барои нафас кашидан аз ҳавои тоза, мақомоти маҳаллӣ, масъулони корхона ва ҷамоатҳои саросари кишвар созмондиҳӣ ва рушди шабакаҳои мониторинги сифати ҳаворо ба роҳ монда, барои кам кардани миқдори манбаъҳои асосии ифлосшавии атмосфера саъйи бештар кунанд. Дар чанд соли охир ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар кишвар хеле афзуд ва табиист, ки дар баробари афзоиши содирот миқдори сӯхту истифодаи он дар дохили кишвар низ боло рафт. Барои баровардани эҳтиёҷи мардум, албатта ин як иқдоми ногузир аст, аммо саъй ба он бояд намоем, ки аз роҳҳои алтернативии рафъи эҳтиёҷи аҳолӣ истифода барем. Дар фикри гузариш ба сӯзишвориҳои фоиданок бошем. Имкониятҳои тавассути энергияи барқароршаванда, ки самаранокии энергияро таъмин мекунад (гармидиҳӣ ва рӯшноӣ, қадам ба қадам гузаштан ба воситаҳои нақлиёти партовҳои сифрӣ)-ро фароҳам оварем. Дарк мекунам, ки амалӣ кардани ин пешниҳодҳо танҳо ба таври яктарафа ва фақат аз сӯи Ҳукумат мушкил аст, бинобар ин барои ҷалб ва огоҳ кардани мардум бо қабули қонунҳо, қоидаҳо ва стандартҳои сифати ҳаво бояд мусоидат шавад. Нақши воситаҳои ахбори омма ҳам дар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳавои тоза бузург буда, яке аз ин иқдомҳо баргузории маъракаи солонаи ҳавои тоза (ҳавои тоза барои Тоҷикистон) ё ҳафтаи огоҳии сифати ҳаво (дар сатҳи миллӣ) метавонад бошад. Мавриди иҷро қарор додани лоиҳаҳо ҷиҳати гузаштан ба бунёду сохтмони биноҳои сабз (бо корбурди манбаъҳои энергияи самарабахш: истифода аз манбаъҳои барқароршаванда, обгармкунакҳои офтобӣ ва панелҳои офтобӣ дар болои биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ ҳам аз дигар тадбирҳои зарурӣ аст. Гоҳе мешунавем, ки баъзе аз иқдомҳои ташаббускорона барои истифода аз энрегияи барқароршаванда ба монеаҳо дучор меоянд, дар ҳоле ки чунин амалҳо дастгирӣ ва шахсону корхонаҳое, ки барои гузариш ба энергияи барқароршаванда ташаббус нишон медиҳанд, ҳавасманд ва ташвиқ бояд шаванд. Дар баробари ин, аз иштирок дар ташаббусҳои экологии ҷомеа низ бояд қадрдонӣ шавад. Ҳар кадоме аз мо дар хона ё корхонаю ҷойҳои ҷамъиятӣ барои истифодаи босамару сарфакоронаи энергия (барқ ва об), шинондану парвариши ниҳолу дарахтон, аз ҷумла растаниҳои ороишии хонагӣ бояд худро масъул донем. Бубинед, як амали одӣ - кушодани тирезаҳо дар як рӯз на камтар аз як бор ба муҳлати на камтар аз як соат дар ҷои кор ва маҳалли зистамон ҳам барои иваз кардану тозагии ҳаво мусоидат мекунад. Ҳамзамон бо амалӣ кардани ин тадбирҳо агар тарзи маъмулии рафтори худро каме тағйир ва чуноне мегӯянд, ба тарзи ҳаёти солим гузарем (масалан, ба ҷои рӯйи кат дароз кашидану хобидан сайругашт кунем, барои ба ҷое рафтан, бо мақсади коҳиш додани ифлосшавии ҳаво аз партовҳои мошинҳо аз дучарха ё нақлиёти ҷамъиятӣ истифода барем) ин амалҳои хурд ҳам бетаъсир намемонад. Ҳоло аксар мошин доранд, хуб мебуд, агар онҳое, ки ронандагӣ мекунанд чӣ дар нақлиёти шахсӣ ва чӣ ҷамъиятӣ ҳангоми интизори касе будан муҳаррики мошини худро хомӯш кунанд ё воситаҳои нақлиёти худро дуруст нигоҳубин, филтрҳояшро саривақт иваз намоянд. Як иқдоми мусбати шаҳрдорӣ дар солҳои ахир ин аст, ки сокинони биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муаассисаҳои таълимию боғчаҳои кӯдаконаро ба тозакунии ҳамаҷонибаи биноҳо ва атрофи онҳо сафарбар мекунад. Ин амал ба тозагии экологӣ низ мусоидат менамояд. Дар як соли охир ба сабаби эпидемияи коронавирус мо ҳама ба пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ ба хотири сироят нашудан одат кардем. Акнун лозим аст, ки сарфи назар аз вазъияти беҳдоштӣ ин кор идома ёбад. Махсусан, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ (даҳонбанд) аз охири май то охири ноябр ҳамасола дар минтақаи ҷанубу-маркази Тоҷикистон, ки зери таъсири чангбоду ғуборҳои омад қарор мегиранд, барои беҳдошти саломатии инсон хеле зарур аст. Дар баҳор ҳам бо ниқобҳои муҳофизатӣ дар пойтахт гаштан барои онҳое, ки бемориҳои роҳи нафас, дил, фишорбаланди ва аллергия доранд, фоида дораду зарар не. - Ана бинед, бо ин ҷавоб худатон моро ба қисмати дигари мусоҳибаамон ворид кардед. Зеро вақти омодагӣ ба суҳбат мақсад гузошта будам, ки ҳатман дар бораи манбаъ ва сабаби пайдоиши чангбоду ғуборҳо, ки дар Душанбе ва чанде аз минтақаҳои дигари кишвар рӯ мезананд, мепурсам. Ин ҳолат, ки дар даҳсолаҳои пеш ғайриодӣ ва чандон маъмул набуд, мутаассифона, дар ин охирҳо як ҷузъи обу ҳавои тобистону тирамоҳ шуда, мардумро азият медиҳад, ба кори кишоварзон таъсири бад мегузорад. Дар бораи таъсираш ба одамони бемор чизе намегӯям. - Бо таассуф бояд иқрор кард, ки ин ҳолат аз далелҳои равшани тағйири иқлим аст. Аэрозоли атмосфера яке аз омилҳои назаррас барои тағйирёбии иқлим ба шумор меравад. Дар атмосфера ифлосшавии аэрозол ба шакли чанг ва ғубор ё меғ (туман)-и ифлос рӯ мезанад. Аз рӯи пайдоиш аэрозолҳо ба табиӣ ва сунъӣ ҷудо мешаванд. Аввалӣ дар шароити табиӣ бе иштироки инсон ба вуҷуд меояд. Дигаре ба фаъолияти корхонаву коргоҳҳои саноативу истеҳсолӣ вобаста аст. Тоҷикистон дар яке аз ҳалқа ё камарбандҳои чангу ғубор, яьне дар самти ҳаракати чангу ғубор ҷойгир буда, ҳамасола аз май то ноябр чангу ғубори дар биёбонҳои бузурги олам (Дашти Кавир (биёбони Сахара), биёбонҳои Арабистон ва Эрон (Дашти Кавир ва Дашти Лут), Аралқум ва ғайра, ҳамчунин, биёбонҳои Такла Макан ва Гоби) ба вуҷудомада, аз қисмати ҷанубию ғарбии кишварамон ворид гардида, муддати чанд рӯз дар фазои Тоҷикистон боқӣ мемонад, ки ин боиси коҳиш ёфтани сифати ҳаво ва бадшавии экологияи муҳити зист мегардад. Агар эътибор дода бошед, ин ҳолат сол ба сол дарозтар мешавад. Аз сабаби он ки дар Тоҷикистон аз охири май то охири ноябр борон нест, чангу ғубори аз дуриҳои дур омада муддатҳои зиёд дар фазои Тоҷикистон мемонад ва ҳамзамон таҳшиншавии чангу ғубор дар болои пиряхҳо боиси обшавии босурати онҳо мегардад. Мо ҳолати олудашавӣ ва чангу ғубори муҳити зисти худро пайгирона мавриди омӯзиш қарор додаем ва кормандони лабораторияи физикаи атмосфера ба натиҷаҳое ҳам ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар натиҷаи озмоишҳо бо истифода аз методи спектроскопияи инфрасурх маълум гардид, ки дар таркиби он пайвастагиҳои органикии шомили гурӯҳҳои OH, CH2, CH3, NH4,Si-O, ва -C-O-C мавҷуданд. Ҳамзамон бо истифода аз методи флуресенсияи лазерӣ раванди ифлосшавии обҳо дар натиҷаи таҳшиншавии чангу ғубор омӯхта шудааст. Бо истифода аз методи фотоакустикаи спектроскопии мавҷҳои оптикӣ спектри фурӯбарии заррачаҳои чангу ғубор омӯхта шуда, дар наздикии дарозии мавҷи 0.22м км соҳаи фурӯбарии нурҳо аз тарафи заррачаҳои аэрозол кашф гардид, ки он ба чангу ғубори атмосфераи Марс шабоҳат дорад. Қисмати дигари натиҷаи омӯзишро мо ба шакли ҷадвал пешниҳод мекунем, ки бовар дорам, барои мутахассисон ва пажӯҳишгарон аз аҳамият холӣ нест. Муқоисаи таркиби чангу ғубори аз дуриҳои дур омада бо хокҳои минтақаи самти ҳаракати чангу ғубор дар кишвар нишон доданд, ки миқдори маводҳои омӯхташуда дар таркиби чангу ғубор аз миқдори онҳо дар хоки сарзамини Тоҷикистон зиёдтар аст, ин шаҳодат медиҳад, ки пайвастагиҳои мазкур ба кишвари аз ҷои дигар ворид мегардад. Гарчӣ пешгирии воридшавиаш ғайриимкон, вале барои кам кардани таъсири он ба вазъияти беҳдоштии аҳолӣ тадбир ҷустан мумкин аст. -Методи муоинаи изотопӣ мавҷудияти изотопҳои гурӯҳҳои урану торийро (208Tl, 212Pb,228Ac, 214Pb,214Bi, 234Th, 226Rn,219Pb,137Cs,7Be ва 40K) дар таркиби чангу ғубор муқаррар намуд; -Ташхиси флуоресентсияи рентгенӣ имконият дод, ки дар таркиби чангу ғубори атмосфера: а). элементҳои химиявии: Na, Mg, Al, Si, S, Cl, K, Ca, Ti, V, Cr, Mn, Fe, Co, Zn, Ga, Ge, As, Br, Rb, Sr, Ag, Cd, Sn, Sb, Cs, Ba, Cl, Pt, Au ва Hg; -б). металлҳои вазнин Sr, Pb, As, Zn, Co, Ni, Fe2O3, MnO, Cr, V ва TiO2 ; -Бо истифода аз методи хроматографӣ ионҳои Cl-, NO3-, SO42-, NO2-, F-, Na+, NH4+, K+, Mg2+, Ca2+ муайян шуданд. -Дар таркиби гарду зарраҳои тӯфони мавҷудияти чангу ғубор пайвастагиҳои гуногуни химиявӣ, ба монанди: SiO2(54.23%), CaO (11.25%), Al2O3(10.16%), Fe2O3(3.67%), MgO (2.21%), К2О (1.91%) ва Na2O(1.75%), мушаххас гардид. - Дар таркиби гардҳои зарраҳои тӯфони чангу ғубор бо истифода аз дифрактометри D2 PHASE, ба ҳисоби миёна минералҳои : квартс SiO2 (44.3%); калсит CaСO3(17%); слюдаи калий KAl2([AlSi3O10] (OH,F)2(12.8%); доломит-2 CaMg (CO3)2 (8.3%); доломит CaO MgO 2CO2 (6.1%); албит NaAlSi3O8 (6.0%); ва клинохлор (Mg,Al)6[Si3, 1–2, Al) 0,9 –1,2O10] (OH)8 (4.4%) – низ муайян карда шуданд. ******* - Оё метавонед дар бораи коргоҳи худ каме маълумот диҳед? - Лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров соли 1986 ташкил шудааст. Он дорои таҷхизоти замонавӣ ба мисли: фотометри офтобӣ (CIMEL, Фаронса); газоанализаторҳои озон, буғи об ва гази карбонат; альбедометр; пиранометр; ҳисобкунаки миқдори аэрозоль дар атмосфера; системаи расади офтобӣ; спектрометрии рентгении СПЕКТРОСКАН МАКС-G мебошад. Соли 2009 барномаи мо «Таҳқиқоти таъсири чангу ғубори муҳити зист ба таъғйирёбии иқлим», ки пас аз бориши ғубору чанг таҳия шуд, азсӯи Маркази байналмилалии илмӣ- техникии (МБИТ) дастгирӣ ёфт. Барномаи мазкур аз тарафи олимони Иолоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Олмон ва Португалия пуштибонӣ шуд. Маблағ барои амали гаштани ин барнома аз тарафи Созмони Аврупо тибқи қарори ҷаласаи 47-уми МБИТ пардохт шуд. 25 корманди институт ва Академияи илмҳо дар ин барнома фаъолона иштирок намуданд. Лабораторияи физикаи атмосфера бо марказҳои илмии кишвар ва муассисаҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад. Бар асоси нақша, охирҳои баҳори соли ҷорӣ дар чорчӯби ҳамкорӣ бо Коллеҷи илмҳои аэрозолии Донишгоҳи Ланчжоуи Чин ва бо истифода аз системаи Лидар, Фотометри Офтобӣ, Радари мавҷи миёна ва бунгоҳи омӯзиши сифати ҳаво дар шабакаи Осиёии таҳқиқоти илмӣ шомил мегардем. - Дар поёни суҳбат мехоҳам доир ба ин нукта ҳам назаратонро бигӯед: Обу ҳавои Душанбе аз сӯи масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳади меъёр арзёбӣ мешавад. Дар ҳоле ки солҳои ахир дар маҳдудаи шаҳр чанд корхонаи ифлоскунандаи атмосфера мавриди истифода қарор гирифт ва гоҳе мушоҳида мегардад, ки болои минтақаи марказии он ғуборе ҳам пайдо мешавад… - Оре, баъзеҳо аз корхонаҳое ба монанди корхонаи семент ё Марказҳои барқу гармидиҳӣ, ки бо ангишт кор мекунанд, дар ҳақиқат ба муҳит таъсир доранд. Аммо таъсири онҳо ба ҳадде нест, ки боиси нигаронӣ бошад. Ин корхонаҳо бо дастгоҳҳои тоза кардани партовҳои истеҳсолӣ муҷаҳазанд. Аз сӯи дигар, оби ду рӯдхонае, ки яке аз байн, дигаре аз канори ҷанубу шарқии пойтахт ҷорист, таъсири партовҳои воридшаванда ба атмосфераро коҳиш медиҳанд, яъне оби рӯдхонаҳо ҳам то ҷое барои тозагии ҳаво мусоидат мекунанд. Солеҳ Юсуфов Аз тавсифномаи мусоҳиби мо Абдуллаев Сабур Фузайлович 1 июни соли 1959 дар деҳаи Яккабоғи ноҳияи Уротеппа (ҳозира Истаравшани вилояти Суғд) таваллуд ёфтааст. Соли 1975 баъд аз хатми мактаби миёнаи № 20-и ноҳия ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохид шуда, онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 1980 чун муҳандис дар Институти физикаю-техникаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶШС Тоҷикистон фаъолияти мехнатии худро оғоз ва солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС дар Курсҳои Олии марбут ба Вазорати корҳои дохилии ИҶШС адои хизмат намуд. Аз соли 1984 дар лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ Ҷумҳурии Точикистон дар вазифаи мухандиси калон, ходими илмӣ ва ходими калони илмӣ ба кори худ давом дод. Соли 1989 дар ҳайати лабораторияи физикаи атмосфераи институт дар экспедицияи байналмилалии шӯравӣ-америкоӣ оид ба имӯзиши аэрозоли чангии минтақаи хушки Тоҷикистон (САПЕКС-89) фаъолона иштирок намуд. Солхои 1990-1991 дар маркази байналмилалии лазерии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов таҳсил намуда, сазовори дипломи ин марказ гардид. Соли 1994 дар Институти физикаи атмосфераи Академияи илмҳои Россия дар мавзӯи «Экспериментальное исследование оптических и микрофизических характеристик пылевого аэрозоля в условиях аридной зоны Таджикистана» рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Соли 1994 ба вазифаи мудири лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АИ Ҷумҳурии Точикистон интихоб шуда то имрӯз онро ба уҳда дорад. ӯ июни соли 2014 рисолаи доктории худро дар Шӯрои махсуси Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Россия (ш.Санкт-Петербург) бомувафақият ҳимоя кард. Сазовори ифтихорномаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон(2015,2017.2019), узви вобастаи Академияи табиатшиносии Русия(2017), Арбоби илм ва техникаи Академияи табиатшиносии Русия (2017), Барандаи ҷоизаи АМИТ ба номи академик С.У.Умаров (2019), дорандаи медали «Хизмати шоиста»(2020) аст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.