ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН18-03-2021, 09:23
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
Ба пешвози 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миёнаҳои солҳои 80-уми асри сипаригашта дар Вазорати адлияи РССТ вазифаи мудири шуъбаи ҳуқуқ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолиро бар дӯш доштам. Аввали ҳар сол нақшаи вохӯриҳои мансабдорони баландпояи мақомоти қудратиро баҳри тарғиби ҳуқуқ ва тарбияи ҳуқуқи аҳолӣ бо коргарону хизматчиёни заводу фабрикаҳо ва корхонаю ташкилотҳо тартиб медодем. Соли 1985 дар республикаи офтобрӯяи мо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» оғоз гардид ва бо супориши вазири адлия Маҳмудов Ш. Ҷ. чунин вохӯриро бо сохтмончиён дар моҳи апрел ба нақша гирифтем. Дар вақти таъйингардида ману Прокурори генералӣ Шербаков Ю. Н. озими ноҳияи Файзобод шудем. Он солҳо деҳкадаи Роғун ба ҳудуди ин ноҳия дохил мегардид. Мансабдорони олимартабаи Суди Олӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ бо сабаби дурии роҳ аз сафар ба назди сохтмончиён канораҷӯйӣ карданд. Моро роҳбари сохтмон Савченко Н. Г. пешвоз гирифт ва аз сабаби набудани шароит бештар аз 200 нафар коргаронро дар майдони кушоди сохтмон шинонд. Аҳамияти сохтмони неругоҳ ва бо ин сабаб гузаронидани мулоқотро бо ду ҷумла фаҳмонида, суханро ба Прокурори генералӣ Шербаков Ю.Н. додам. Бояд зикр намоям, ки Юрий Николаевич марди болобаланди зебочеҳраву хеле хоксор ва суҳбаторо буда, бо лаҳни нарму ширин ба ҳозирин бо чунин суханон муроҷиат намуд: - Медонам, ки қисми зиёди сохтмончиёнро собиқ коргарони Неругоҳи барқиобии«Норак» ташкил медиҳанд. Шумо аллакай таҷрибаи бой ва ғании барқарор кардани нерӯгоҳро доредва аз мактаби бузурги сохтмонӣ, кибо номи «Эстафетаи коргарӣ» машҳур буд, гузаштаед. Шумо, бародарони азиз, ана дар ҳамин ҷобо дастони заркору пуробилаи меҳнатӣ, бо арақи ҷабин, бо ғайрату тавоноии худ ояндаи дурахшони Тоҷикистонро бунёд менамоед. Кишвари Тоҷикистон бо анҷом ёфтани ин сохтмони таърихӣ на танҳо сарзамини худро фурӯзон менамояд, балки ба республикаҳои бародарӣ ва хориҷи кишварҳои дуру наздик қувваи барқ интиқол медиҳад. Шербаков дар баромади яксоатаи худ боз аҳамияти таърихии ин сохтмони азими аср, таъмини аҳолиро бо нури иличӣ (он солҳо ин ибора маъмулу машҳур буд), дар заминаи ин сохтмон барқарор гаштани заводу корхонаҳои нав ва обёрӣ намудани заминҳои бекорхобидаро қайд намуданд. Хулоса, мулоқот бо сохтмончиён хеле самимӣ ва хотирмон гузашт. Хуб дар хотир дорам, ки дар охири солҳои ҳаштодум ва аввали солҳои навадум дар атрофи ин сохтмони неругоҳ сару садоҳои зиёди баҳснок пайдо шуданд. Кӯрдилон, тангназарон, нотавонбинон ва муқобилони сохтмони НБО «Роғун» чи дар дохили ҷумҳурӣ ва чи берун аз он ба танқиди ошкоро ва маъни сохтмон овоз баланд карданд. Кор то ба ҷое расид, ки ҳатто вазири сохтмони Иттиҳоди Шӯравӣ Елтсин Б. Н. - ро ба шаҳраки Роғун даъват намуда, нолозим ва хатарнок будани сохтмони мазкурро бо ҳар тарзу бо ҳар усул мефаҳмонданд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳодисаҳои маълуми ҷумҳурӣ як муддат сохтмони неругоҳ қатъ гардид, ки аз ин кӯрнамакон ва душманон табли шодӣ мезаданд. Ва чи хеле дар урфият мегӯянд: Поёни шаби сияҳ сафед аст». 16 ноябри соли 1992 мурғи бахт ба сари фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон нишаст ва вакилони ҳақиқатпарасту дурандеш тоҷи давлатро ба сараш гузоштанд. Аз рӯзҳои нахустини Роҳбари давлат интихоб шуданаш масъалаи давом доданисохтмони нерӯгоҳ аз пеши назари Президенти кишвар дур намерафт. Бо тамоми вуҷуд дарк менамуд, ки танҳо бо ба анҷом расонидани ин Нерӯгоҳ Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидан ва ояндаи дурахшони кишварро таъмин кардан мумкин аст ва оқибат роҳи ҳалли ин мушкилотро ёфт. Бо ҷӯшу хурӯши мардона, бо зиракии сиёсӣ ба халқи азизи худ, бо қабули саҳмия муроҷиат намуд. Мардуми шарифи тоҷик даъвати Пешвои худро хуш пазируфта, барои анҷоми сохтмон маблағи заруриро гирд овард. Пешвои муаззами миллат на танҳо бо сухан, балки бо ҷасорати рустамона, бо бели оҳанини трактори тасмачарх пеши маҷрои обро баст, то ки дарёи хурӯшони Вахш ба халқу кишвараш бе минат хизмат намояд. Аз солҳои аввали оғози кор дар НБО«Роғун» якчанд даҳсолаҳо сипарӣ гашт ва бо часпу талоши Ҷаноби Олӣ ва меҳнати самарабахши сохтмончиён аллакай ду агрегати ин неругоҳ ба мардуми кишвар қувваи барқ медиҳад ва бар хилофи ақидаи носипосоне, ки зидди ин сохтмони таърихӣ баромада буданд, пас аз чанд соли дигар тамоми агрегатҳои ин неругоҳ пура ба кор медароянд ва таърих дурустии суханони Шербаков Ю. Н.- ро, ки гуфта буд: «Роғун ояндаи дурахшони Тоҷикистон мебошад», тасдиқ менамояд. Дар фарҷом, бо ин мақсади наҷиб ду пешниҳод дорам. Якум, трактори тасмачархи идоракардаи Пешвои миллат ҳамчун нигора дар Осорхонаи шаҳри Роғун гузошта шавад. Дуюм, ба Неругоҳи барқи обии«Роғун» номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шавад, то ки наслҳои ояндаи миллат донанд, ки маҳз бо заҳмату ҷонбозиҳои Ҷаноби Олӣ ин неругоҳи азим сохта, ба истифода дода шуд. Зариф Ғулом,
адиб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.