НАВРӮЗИ БУЗУРГ ДАР ШУҒНОНЗАМИН17-03-2021, 09:57
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
Наврӯз нисбат ба дигар ҷашну маросимҳои қадими миллии мо, дар байни мардуми ориётабор мақому мартабаи шоиставу волотарро касб кардааст. Бостоншиносони Шарқу Ғарб собиқаи ҷашни Наврӯзро беш аз се ҳазор сол қабл аз зуҳури оини зардуштӣ рақам мезананд. Он аз қадимтарин ва муқаддастарин ҷашнҳои мардуми кишварҳои ориётабор буда, баъдҳо мардуми арабу яҳуд ва дигар миллатҳо низ онро ҷашни миллии худ қарор доданд. Имрӯз Наврӯз ҷашни ҷаҳонист. Собит шудааст, ки Наврӯз дар мардуми Шуғнонзамин бо нусхаи асли қадимаи худ боқӣ монда, унсурҳои он то ба ҳол бе тағйир дар шаклу хоси худ роиҷ аст. Ҳудуди ҷуғрофии Шуғнонзамин ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон ва шаҳри Хоруғро фарогир аст. Шуғнониҳо Наврӯзро бо лафзи худ Хидирайём (Иди бузург) мегӯянд. Ва шиори табрикотии он дар ин рӯз, «Шогун баҳор муборак!» аст, ки зимни вохӯрӣ бо ин мафҳум ҳамдигарро табрик мегӯянд. Дар ноҳияи Рӯшон Наврӯзро «Ғамунд» ва дар Ишкошим бо исми «Шогун» ном мебаранд. Дар деҳаи Ёгед дар рӯзи аввал маросими «Шаби Бурвеҷ» гузаронида мешавад. «Шаби Бурвеҷ» талқинкунандаи маърифату худогоҳӣ, бахшишу авф, қуввадиҳандаи неруи ботинӣ буда, танҳо бо маърифат пайвастагӣ дорад. Гузаштагони баркамоли мо баргузории ҷашни Наврӯзро ба панҷ рӯз нисбат медиҳанд. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол овардааст, ки Наврӯзро ду бахши суннатӣ фарогир аст. Панҷ рӯзи аввал иди ҳамагон ва махсусан ёдбуди равонҳо мебошад. Дар ин рӯзҳо мардум ба ободии манзилгоҳҳо, худоӣ кардан дар ҳаққи арвоҳҳо, пок намудани хона, боғу роғ аз ифлосӣ ва касифҳои соли гузашта, пӯшидани либоси нав ва шустани либосҳои чиркин ва ороста намудани хона ба пешвози соли нав ва падруд гуфтан ба норасоиҳои соли гузашта мебошад. Абурайҳони Берунӣ. «Нахустин рӯз аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат «Рӯзи нав» ном кардаанд, зеро ки пешонии Соли нав аст, он чи паси ӯст, аз ин панҷ рӯз ҳама ҷашнҳост». Ҳазрати Ҳофиз мефармояд: Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой, Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ. Дар шуғнонзамин низ Хидирайёмро панҷ рӯз ҷашн мегиранд. Рӯзи аввал, маросими «ҷорӯббандон» ва «хонатаконӣ». Хонаро пурра рӯбучин карда, он чиз, ки шикастаасту лоиқ ба истифода нест, аз хона ва дигар иморатҳо бароварда мешавад ва дар ҷои махсус аз чашм пинҳон мекунанд. Ҳамчунин, баъди тозаву музайян кардани хона, дилҳоро аз кибру ғурур тоза карда, ҳамдигарро ба оғӯш мекашанд. Бо одамони ранҷида даст дода, ба ҷашми ҳамдигар нигариста, бахшиш мепурсанд. Рӯзи баъдӣ, маросими «хонагаштак» бо ҳамсояҳо баргузор мешавад. Соҳибони хона, албатта ҳамсояҳои наздик хӯрданиҳои махсуси идона, мисли кулчаи равған, нони бо чарбу ҷаззакарда, чаппотӣ, даля (далда), ҷаззақамоч, арсуқу бурсоқ, ошу палав, бат (ҳалво), шӯрбо ва хӯроки асосӣ боҷкаллаю почаки гӯспанди барои иди Наврӯз омодашуда (калапочакро бо дони гандум мепазанд), тухм ва дигар намуди хӯрданиҳоро омада карда, рӯи дастархон мегузоранд. Рӯзи сонӣ, бозиҳои идона мисли лактуб, буҷулакбозӣ, лаш, сурббозӣ, (ланка), чавгонбозӣ, давидан дар масофаҳои гуногун, қастин (гӯштин), пишмилавак, кавгчанг, хурусҷанг, тухмҷанг ва дигарҳо баргузор мешаванд. Духтарон алвончакбозӣ мекунанд. Алвончакбозӣ ба чанд шакл ва чанд шарт баргузор мешавад. Як русуми дигари бегоҳии ин рӯз афрӯхтани гулхан дар чорраҳа аст. Мардумон аз ҳафт ранг ресмони пашмина карда, аз болои гулхан ҷаҳида, онро ба оташ мепартоянд ва мегӯянд: «Ту руштӣ дъэд му пипиц, му зирдэ дъэд ту пипиц» ба маънои («Сурхии ту аз ман ва зардии ман аз ту». Рӯзи чорум, маросими «Говбаророн» баргузор мешавад. Ин суннат аз ҳама муҳим буда, деҳқони куҳансол ҷуфти говонро аз хонаи дараш рӯ ба офтоб бо чандин дуою қонуну қоидаи ба худ хос ба мазраа бароварда, дар замини назди ин хона се раъҷ, се хатти доирашакл, ба гунаи нони гирда қулба мекунад. Дар замини шудгор, мардум таомҳо мисли коче, ширбиринҷ, ширрӯған мехӯранд. Зани куҳансол донбирён тайёр мекунад. Донбирёнро ба ҳама як муштӣ тақсим мекунанд. Тибқи ҳисоби тақвимии мардумӣ, ки аз нохун сар карда, то мағзи сар мерасад ва боз баръакс, ҳисоби рӯзҳои Наврӯз ба катаки Дил-20-уми март рост меояд, ки алаккай офтоб дар мард аст. Мардуми ин сарзамин ба Офтоб (Хир, Хур, Хуршед) эҳтироми зиёд мегузоранд. Дуруст, ки ин оини меҳрпарастии ориёӣ аст. Рӯзи панҷум, маросими «Салом-салом» баргузор мешавад. Аввал калоншавандаи деҳ-Кадхудо ба саломи халифа (намояндаи дин) ва пасон ба хонаи куҳансолтарин шахси деҳа меравад. Пасон, бо анвои хӯрданӣ ҷавонон ба хонаи нафароне, ки аз Наврӯз то Наврӯз азизони худро аз даст додаанд, мераванд. Ин ҷо як чизеро қайд бояд кард, ки он оилаҳое, ки мотамзада ҳастанд, нахуст бо дастгирии аҳли ҳамсоя хонаи онҳо тозаю таконда мешавад. Аҳли оилаи онҳоро ба ҷашнгоҳ мебиёранд ва сиёҳиро аз дилу ботин ва хонаю дари онҳо дур месозанд. Ҳатто мувофиқи қобилияташон онҳоро ба сурудхонӣ, рақс, навохтани сози мусиқӣ ва ё дигар намуди бозии шодиёна даъват мекунанд. Баъди ҷашни Наврӯз ин оилаҳоро ба корҳои саҳроӣ мебароранд. Муҳимтар аз ҳама, субҳи барвақти аввали рӯзи ҷашн зани куҳансол ба боми хона баромада, даф мезанад (менавозад). Бо ин садо занон бо дафҳои худ аз хона баромада, бо ин зани хосияти нек ҳамовоз мешаванд. Оҳиста-оҳиста доиразанон ба боми хонаи худ баромада, бо сози доираи аввал ҷур мешаванд. Ғулғулаи даф ба кӯҳ мезанад, овоз даҳчанду садчанд қувва мегирад. Даф рафъкунандаи тамоми балоҳо аст. Ибтидои Иди Наврӯз аз садои даф (пиро даф, (пешдаф), дуҳул, зибодаф (даф оқиб ё дафи охир) оғоз мешавад. Пешбудагони мо дар рӯзи «Хонагаштак» дар хонаи ҳамсояҳо ва махсусан дар хонаи мотамзадагон сурудҳои наврӯзӣ, мадҳия-сифоти Худо, пайғамбари Худо, имомон, авлиёву анбиёро танҳо бо рубоби бадахшонӣ ва даф мехонданд. Дар дигар чорабиниҳо ба садои рубобу даф най ва ғиҷҷакро низ ҷур мекарданд. Васфи наврӯз қариб, ки беҳудуд аст, мо чанде аз расму оини бойи наврӯзии як хиттаи ВМКБ-ро мисол кардем, ба қавли Мавлои Рум: Оби дарёро набояд дам кашид, Ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид. Найри Аъзам |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.