Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Турсунзода оид ба рушди сайёҳӣ бо иштироки намояндагони ВАО, ширкатҳои сайëҳӣ ва марказҳои касбомӯзӣ семинар доир мегардад

Дар Турсунзода оид ба рушди сайёҳӣ бо иштироки намояндагони ВАО, ширкатҳои сайëҳӣ ва марказҳои касбомӯзӣ семинар доир мегардад

2-03-2021, 11:50
Хабарро хонданд: 425 нафар
Назарҳо: 0
Дар Турсунзода оид ба рушди сайёҳӣ бо иштироки намояндагони ВАО, ширкатҳои сайëҳӣ ва марказҳои касбомӯзӣ семинар доир мегардадБо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода моҳи марти соли равон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма, ширкатҳои сайëҳӣ, марказҳои касбомӯзӣ ва бахшу сохторҳои дахлдор баргузории семинар-омӯзиш оид ба рушди сайëҳӣ дар назар дошта шудааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар додаанд, мақсад аз баргузории ин семинар-омӯзиш рушди инфрасохтор ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳр мебошад.

«Шаҳри Турсунзода табиати зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, боғҳои ангур ва дигар меваҳо, растаниву чашмаҳои шифобахш дорад, ки метавонад барои рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намояд. Бахусус, рушди соҳаи сайёҳии эко-аграрӣ, пиёдагардии куҳӣ, шикор, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои ин шаҳр хос мебошад. Зеро меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тозаи шаҳри Турсунзода, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулот заминаи рушди сайёҳии кишоварзӣ ё худ агротуризм ба шумор мераванд. Бо назардошти ташкили боғоти намунавии ангур ва парвариши навъҳои беҳтарин дар баробари меҳмонони сатҳи олӣ ва ҳайатҳои расмии хориҷӣ сайёҳони дохилию хориҷи аз боғҳои ангури ин минтақа дидан мекунанд ва он ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ мегарданд»,-афзуд манбаъ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: