Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Кобул ҷаласаи сафирони кишварҳои узви «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» баргузор гардид

Дар Кобул ҷаласаи сафирони кишварҳои узви «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» баргузор гардид

26-02-2021, 16:00
Хабарро хонданд: 348 нафар
Назарҳо: 0
Дар Кобул ҷаласаи сафирони кишварҳои узви «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» баргузор гардид25 феврал дар Кобул бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Исломии Афғонистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон ҷаласаи сафирони кишварҳои узви «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» баргузор гардид.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ омодагии Тоҷикистонро барои баргузор намудани нишасти коршиносони аршад ва Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» дар таърихи 29-30 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе эълон намуд ва хостори иштироки фаъоли кишварҳо гардид.

Дар навбати худ муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Мирвайс Ноб зимни қадрдонӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳамраисии раванди мазкур ва кумаку дастгирии ҳамешагии Афғонистон хоҳони он шуд, ки ҳамкории минтақавӣ доир ба Афғонистон густариш ёбанд, то заминаи сулҳ дар ин кишвар фароҳам шавад.

Сипас ширкаткунандагон лоиҳаи санадҳои марбут ба Конфронси нуҳуми вазирон — Эъломияи Душанбе, тавсеаи имконият барои занон, мудирият ва пешгирии офатҳои табиӣ дар доираи чораҳои эътимодсозии «Қалби Осиё-Раванди Истанбул»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: